Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҳануз 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда буданд.
Бо ҳамин мақсад барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 дар ҳошияи паёми Пешвои миллат таҳия гардид.
Мақсади барнома ин таъмин намудани рушди устувор ва рушди босуръати саноат тавассути диверсификатсияи он ва баланд бардоштани рақобат мебошад.
Рушди саноат ва муваффақ шудан ба қонеъгардонии талаботи бозори ҷаҳонӣ симои мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос намуда, ҳар давлат бо моли истеҳсолкардааш муаррифӣ карда мешавад. Соҳаи саноат нафақат ҳамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин, имкониятро барои таҳкими ҷанбаҳои дигари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд намудани ҳисси ифтихори миллӣ, устувории иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам меорад.
Дар ҳама Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёми худ бо пешниҳод ва ироаи андешаҳои мушаххас баромад намуда, нишондиҳандаҳои мавҷуда ва дурнамои соҳаи саноатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд ва зарурати рушди саноатро барои ояндаи кишвар шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Доир ба масъалаи мазкур дар Паёми қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ 23.12.2022 қайд намуданд, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.
Саноати Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи эҳё ва рушд қарор дошта, бунёди корхонаҳои саноатӣ дар тӯли солҳо афзоиш ёфта истодааст. Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд: «Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд». Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист заминаҳои зарурии саноатикунонии босуръати кишварро муҳайё созад.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд: «Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд». Дар ин замина ҷиҳати рушди саноат маҳз ҳадафҳои гузошташуда шароит фароҳам овард то коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва ҷойҳои кории нав бунёд гарданд. Дар ояндаи наздик рушди саноат имкон фароҳам хоҳад овард то иқтисодиёти мамлакат рушд намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос гузорад. Маврид ба зикр аст, ки рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2000–2022 асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 7 маротиба зиёд гардидааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи саноат ҳамасола даҳҳо коргоҳу корхонаҳои нав мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Чи тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд: «Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд».
Пешниҳоди Президенти кишвар дар бобати дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани филизоти гаронбаҳо зарурӣ ва саривақтист.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, зарфиятҳои истеҳсолӣ, захираҳои корӣ, «неруи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон супориш доданд, ки ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшанд.
Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як Паёми ватандустона, даъват ба ташаббускорию созандагӣ, доштани ҳисси миллӣ, ифтихори миллӣ, дарду ҳуввияти миллӣ буд. Чуноне, ки самимона қайд карданд доштани ҳисси баланди миллӣ болотар аз доштани силоҳи ҳастаӣ аст. Мафҳумҳои ватандустӣ ва рушдро шиор–идеали зиндагӣ интихоб кардан даркор аст. Мо чӣ гуна давлат месозем ва оянда ба фарзандони худ чӣ мерос мегузорем, ба фаъолият ва роҳбарии мо сахт вобастааст. Сидқан бо забон нею бо виҷдону қалб мо бояд Ватанро дӯст дорем ва ҳамарӯза дар назди худ вазифа гузорем, ки имруз барояш чи манфиате бахшидаву саҳмгузорӣ намудаем. Чуноне Лоҳутии бузург фармудааст:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.
Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон