(ба муносибати 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди худ марҳила ба марҳила дар бунёди давлати миллӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон яке аз масъалаҳои меҳвариест, ки доимо зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин росто тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд.

Самара ва баракати истиқлол аст, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди байналмилалӣ аз комёбиву дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фарҳанги миллати соҳибтамаддуни тоҷик суханронӣ намуда, дар сохторҳои қудратӣ ба таври самаранок ва бо ифтихори баланди ватанпарастӣ фаъолият мекунад.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки зани тоҷик дар баробари дили бузург доштан, басо мушкилнописанд ва шукргузор аст. Дар тамоми давраҳои таърихӣ занони ҷасуру матиниродаи тоҷик дар баъзе ҳолатҳо мустақиман дар ҷангҳо ва баъзан дар ақибгоҳ иштирок намуда, сарзамини аҷдодии худро ҳимоя намудаанд. Аз ҷумла, яке аз номдортарин зани низомӣ дар замони Ҳахоманишиён бону Ортамис буд, ки дар лашкаркашиҳои Хушёршоҳ ба Юнон бевосита ширкат доштааст. Падари таърих Ҳеродоти юнонӣ аз далерию шуҷоати занони форс ёдовар шуда, аз забони Хушёршоҳ нақл мекунад, ки: «Эй кош, мардони иронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд».

Дар даврони Сосониён низ зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳои болотаре бархӯрдор буд. Ҷуръату ҷасорати занон онҳоро дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳ ва мақоми баланд карда буд. Дар таърихи миллӣ занонро дар симои шоҳони мамлакат ҳам вохӯрдан мумкин аст. Масалан, Бӯрондухт дар замони Сосониён зане буд, ки ба нақле, дар беш аз даҳ кишвари Осиёии имрӯз подшоҳӣ кардааст.

Дар садаи ҳафтуми милодӣ ду зан ба номҳои Озармидухт ва Бӯрондухт тавонистанд ба салтанати Сосонӣ бирасанд ва дар набард бо Румиён теъдоди зиёди сарбозони зан дар артиши форсҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ҳузуру нуфӯзи занону бонувони миллиро дар ҳавзаҳои сиёсию ҳарбӣ-интизомӣ тасдиқ мекунад. Ба ин тартиб, Бурондухт ва Озармидухт – ҳамчун духтарони Хусрави Парвиз ба тахти подшоҳӣ расидаанд. Илова бар ин, Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки дар ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта, гоҳе зимоми подшоҳиро бар даст гирифта буданд. Зане бо номи Понтео дар замони Ҳахоманишиён фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда дошт. Дар ин баробар Истотиро духтари Дориюши севуми Ҳахоманишӣ низ фармондеҳи неруҳои ҷангӣ буд. Ҳамсари Дориюши дувуми Ҳахоманишӣ Пари Сотис ҳам аз артишбудони он замон ба шумор мерафтааст. Шарқшиноси машҳури ғарбӣ Артур Кристенсен ҳузури Озармидухт ва Бӯрондухт — ин ду бонуро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи рӯҳониёну муъбадони дини маздоӣ марбут медонад.

Зани тоҷик дар замони шӯравӣ (солҳои 1924-1991) дар миёни занони Иттиҳоди Шӯравӣ бо кору заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳнатталабӣ соҳибэҳтиром буд. Махсусан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонувони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ин теъдод 350 нафар нишонзан, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар хаткашон, 3750 нафар алоқачӣ, 4195 нафар тирандоз ва теъдоди зиёдашон ҳамширагони шафқат буданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон тамоми ҷанговаронро бо маводи ғизоӣ ва яроқу аслиҳа таъмин мекарданд. Ҳазорон занон баробари мардҳо ба майдони ҷанг рафта, бо душмани инсоният – фашизм ҷанг кардаанд. Занони шуҷои миллат ҳам дар ақибгоҳ ва ҳам дар майдони ҷанг фаъолона мубориза бурда, ҳатто бо номаю муроҷиатномаҳои худ ҳамаро ба мардонагию қаҳрамонӣ даъват мекарданд.

Албата чунин занони фидокору қаҳрамон дар лаҳзаҳои барқарор кардани сохтори конститутсионӣ ва ҷодаи рушди босуботи фарҳангии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ кам нестанд. Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлол обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофаридҳо устувор истоданд ва дар таҳкими рукнҳои давлат, сулҳу суботу ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Занони тоҷик, ки дар ҳамон давраҳои вазнин вазифаҳои асосӣ ва намояндагии халқро бар ӯҳда доштанд. Аз ҷумлаи Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни солҳои вазнин ба шумор мерафтанд.

Модари тоҷик ҳамчун Рудоба – модари ҷаҳонпаҳлавон Рустам, ҳазорон нафар фарзанди фарзона ва бонангу номусу ҷасуру ватандӯстро ба дунё оварда, дар домони худ парварда, ба камол расонида, барои хидмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Бузурге фармудааст: “Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред”.

Бо такя ба таҷрибаҳои таърихӣ, ҳоло занони муфаттиш, мубориз алайҳи ҷиноятҳои вазнин, зан-корманди БДА, кормандони шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, тарбиятгарони ҳомиёни низом ва ғайраро дида, тааҷҷуб нахоҳем кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузашти парадҳои ҳарбӣ дар қатори мардон хизматчиёни ҳарбӣ–занону бонувони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Ротаи фахрии занони Вазорати корҳои дохилӣ, Ротаи занони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ротаи занони Гвардияи миллӣ ва занону бонувон – донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии (ҳарбӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ғурур ва ифтихори ватандории худро бори дигар собит намуданд.

Маҳз дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат аст, ки сол то сол теъдоди занону бонувон дар сохторҳои қудратӣ зиёд гардида, соли 2023 дар Суди Олӣ 249 нафар, Суди конститутсионӣ 9 нафар ба ҳайси судя ва ёрдамчии судяҳо, дар Прокуратураи генералӣ 72 нафар, Вазорати корҳои дохилӣ 1443 нафар, Вазорати мудофиа 519 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 842 нафар фаъолияти пурсамар дошта, дар умум 3 327 нафар занону бонувони матиниродаи тоҷик сарбаландона ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд.

Ҳамзамон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои занон, ки соли 1996 таъсис ёфтааст, фаъолият менамояд. Тибқи нақшаи корӣ Шӯро бо бонувони вазорат ва ҳамсарони афсарон кор мебарад. Аъзои Шӯрои занони вазорат, дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва гузаронидани парадҳо фаъолона иштирок намуда, дар самти баланд бардоштани нақши бонувон, таълиму тарбия ва ҷалби занону духтарон ба мақомоти корҳои дохилӣ нақши муассир доранд, инчунин барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои таъсирбахш меандешад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ шуд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” Барно Саидвализода ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Ҳамзамон дар арафаи ҷашни 31 солагии Истиқлоли давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-нафар бонувони таҷрибаандӯхта Саодатбибӣ Сироҷзода ва Раҳмонзода Мамлакат бо рутбаи баланди низомӣ, генерал-майори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Қаблан бо чунин рутбаи волои низомӣ занони диловар Саодат Амиршоева ва Раъно Каримова шарафёбӣ доштанд.

Гулнора Раҳимова афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар суҳбати худ бо рӯзноманигори АМИТ “Ховар” аз интихоби касби худ бо ифтихор сухан менамояд ва аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа мегӯяд. Модари низомиро ҳамчун намунаи олии таҳаммулпазирӣ унвон дода, нақши онҳоро дар оила ва тарбияи комили фарзанд муҳим арзёбӣ менамояд: “Фаъолияти мо занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои кулли хизматчиёни ҳарбӣ ва фарзандону ақрабо намунаи олии таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Ин аз фазилати бузургии модар сарчашма мегирад ва ба таълиму тарбияи фарзандон таъсири хуб мерасонад”.

Хулоса, дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Аз таҳлилҳои дар боло оварда шуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки саҳм ва дастовардҳои занони шуҷои тоҷик дар соҳаи хизмати ҳарбӣ низ бузургу шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат аст. Аслан, барои зан хизмат кардан дар сафи Артиш душворию махсусияти хешро дорад, вале новобаста аз ин, занону бонувони тоҷик давомдиҳандагони роҳи пуршарафу пурифтихори ниёгони гузаштаи миллат мебошанд, ки анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқи тоҷикро сарбаландона дар оянда низ идома медиҳанд ва барои баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат бо қувваю неруи дучанд хизмат менамоянд.

Нусратова Шаҳноза,
корманди Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед