Дар замони муосир гузариш ба роҳи инноватсионии рушд ин омили асосии тараққиёти устувори иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии давлат дар шароити ҷаҳонишавию рушди илмӣ – техникӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ асоси рушди ҷомеаи муосирро ташкил дода, самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии миллиро дар рушди технологияҳо муайян мекунад ва ба тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ таъсир мерасонад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” аз 16 апрели соли 2012, № 822 фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст, муайян гардидааст.
Тибқи қонуни мазкур ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд, соҳибмулкони объектҳои моликияти зеҳние, ки дар татбиқи фаъолияти инноватсионӣ иштирок менамоянд, сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониро сармоягузорӣ менамоянд, ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ ва мақомоти давлатӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти инноватсионӣ иштирок мекунанд, дохил мешаванд. Яъне фаъолияти инноватсионӣ на танҳо аз ҷониби давлат, инчунин, аз ҷониби соҳибкории инноватсионӣ низ амалӣ мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ёфтани фаолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, як қатор қонуну қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, барномаҳои соҳавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқӣ муҳайё шудааст.
Ҳамчунин, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав (соли 2011), Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ (соли 2017) ва Маркази инноватсионии соҳаи биология ва тиб таъсис дода шудаанд. Дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” фаъолият менамояд, ки вазифаи он мусоидат намудан ба татбиқи афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи обектҳои моликияти саноатӣ, ҳамгироии нерӯи миллии зеҳнӣ, рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории иқтисоди кишвар мебошад.
Ҳамзамон, Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, № 624 дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” таъсис дода шуда, бо дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзиши соҳибкорон машғул мебошанд.
Соҳибкорони ҷумҳурӣ ихтирооти худро дар соҳаҳои нассоҷӣ, тиб, байторӣ, кишоварзӣ, химия, металлургия ва сохтмон татбиқ намудаанд.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти бозоргонӣ инноватсия воситаи асосии рақобат буда, сабаби ба вуҷуд омадани талаботи нав, кам шудани хароҷоти истеҳсолӣ, ворид гардидани сармоягузорӣ, афзоиши имиҷ ё рейтинги истеҳсолкунандаи маҳсулоти нав, азхуд намудани бозорҳои нави дохилӣ ва берунӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ривоҷу равнақ ёфтани фаъолияти инноватсионӣ ва рушд ёфтани соҳибкории инноватсионӣ бояд дар самтҳои зерин кор барем:
- омода намудани кадрҳои баландихтисос бо роҳи кушодани марказҳои инноватсионӣ ва технологӣ дар донишгоҳҳову донишкадаҳо, бизнес-инкубаторҳо.
- таъсиси маркази интиқоли технологияҳо (марказҳои инноватсионӣ), паркҳои технологӣ;
- таъсис додани фонди сармоягузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва роҳандозии маблағгузории венчурӣ;
- такмил додани баҳодиҳии сифати маҳсулот (механизмҳои баҳодиҳии идоракунии сифат, сертификатсияи маҳсулот аз рӯйи системаи ISO, системаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат);
- ҷалб намудани соҳибкорони хурду миёна ба фаъолияти инноватсионии корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ;
- ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои соҳибкории инноватсионӣ;
- ҷорӣ намудани баҳисобгирии омории теъдод ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонии ба таврӣ инноватсионӣ истеҳсолгардида;
- созмон додани марказҳои соҳавии машваратӣ доир ба инноватсия;
- ташкил намудани намоишгоҳҳо ва презентатсияҳои маҳсулот дар минтақаҳо;
- такмил додани муносибати иқтисодиии берунмарзӣ бо роҳи кооператсияи саноат (кооператсияи илмӣ-техникӣ, илмӣ-истеҳсолӣ), хизматрасонии толлингӣ ва ғ.
Фароҳам овардани шароити мусоид бо роҳи сармоягузорӣ, дастрасӣ ба технологияи навтарин, наздик кардани истеҳсолот ба бозорҳои фурӯш ва пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба ҳавасмандгардии соҳибкорони инноватсионӣ мусоидат намуда, ба рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ асос мегузорад.
Содиқова А.Ф.,
корманди Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи
бахши хусусии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон