Солҳои охир дар илм истифодаи мафҳуми рушди устувор хеле маъмул гардида, ҳоло аксар кишварҳо ба туфали истифодабарии ин истилоҳ кӯшиш намуда истодаанд, ки бо роҳи тарғибу ташвиқи арзишҳои илмӣ дар истеҳсолот рушди иқтисодиётро таъмин намоянд.

Хушбахтона, олимону муҳақиқони тоҷик низ кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷанбаъҳои гуногуни ин равандро бо назардошти мавқеи географии кишварамон таҳлил намуда, вобаста ба замон ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо амалӣ гардонанд. Аз муҳтавои нигоштаҳои онҳо бармеояд, ки баробари афзун шудани шумораи аҳолӣ дар кураи арз барои ҳар як кишвар таъмин намудани сокинонаш ба маводи хӯрока ба яке аз масъалаҳои рӯзмарра табдил ёфтааст. Тоҷикистон низ манзур аст. Азбаски таъмини рушди устувор ин ҷузъи таъмини амнияти миллии ҳар як кишвар маҳсуб меёбад, бинобар мо инҷо тасмим гирифтем, ки дар сатҳи микро-мезо ва макро рушди иқтисодии кишвари худро омӯхта, самтҳои амалигардонии онро мавриди арзёбӣ қарор диҳем, зеро дар ҳалли ин масъала арзишҳои илмӣ мавқеи марказиро ишғол менамоянд. Дар ин самт олимону коршиносон асару мақолаҳое зиёде таълиф намудаанд, ки муҳтавои онҳо ба мо имкон медиҳад доир ба самтҳои гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор ба таври ҷузъӣ назари худро баён намоем. Хушбахтона, аз рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки дар доираи ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар самти иқтисодиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Тайи ин солҳо, аз тарафи Ҳукумат дар ин самт як зумра санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардид. Ба ин манзур шуда метавонад  Стратегияи миллии инкишоф барои солҳои 2016-2030 ва Консепсияи гузариши Тоҷикистон ба “иқтисодиёти сабз”. Аз муҳтавои санаду меъёрҳои зикргардида бармеояд, ки торафт шиддат гирифтани муаммоҳои глобалӣ моро водор месозад, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола имконоту захираҳои мавҷудаи табиии кишварамонро оқилонаву самаранок истифода бурда, ба ин восита рушди иқтисодиётро таъмин намоем. Ба ибораи дигар гӯем, акнун вақти он расидааст, ки мо низ дар алоқа ба мавқеи географии кишварамон нисбати самтҳои гузариш ба рушди устувор пажуҳишҳои тоза ба тоза анҷом дода, паҳлуҳои баҳсноки онро мавриди баррасию арзёбӣ қарор диҳем.

Пеш аз он, ки ба таҳлилу таҳқиқи амиқи ин мавзӯъ бипардозем, нахуст бояд ёдовар шуд, ки ин мафҳум гарчанде дар илм ҷадид бошад ҳам, аммо моҳиятан таърихи кадима дорад. Далел бар ин андеша он аст, ки вазифаи асосии муҳаққиқон дар ҳама давру замон баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум мебошад. Онҳо дар ин самт пажуҳишҳои назаррасе анҷом додаанд, ки муҳтавояшон баҳри гузаштан ба рушди устувор заминаи мусоиде фароҳам меорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳоло дар илм бештар аз 200 таърифи ин мафҳум ва зиёда аз 1000 индукаторҳои он муайян карда шудааст. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон рушди устувор ва равандҳои амалигардонии он мавриди омӯзиш ва таҳқиқи илмҳои гуногун қарор дорад, биноан таърифҳои он бо мазмуну муҳтавои ҳархела шарҳу эзоҳ меёбанд. Ин андеша маънои онро дорад, ки ин мафҳум, вобаста ба самти таҳқиқот маъниҳои гуногунро таҷассум менамояд. Алҳол аз ташреҳи густурдаи ин масъала худорӣ намуда, танҳо дар асоси таҳлили адабиёти илмӣ иброз менамоем, ки рушди устувор ин рушдест, ки иқтисодиёт бе зарфиятҳои экологӣ густариш меёбад. Он дар се ченаки асосӣ ифода меёбад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ. Оид ба ин раванд гарчанде мулоҳизарониҳо гуногун бошад ҳам, аммо воқеият ин аст, ки то ҳол вобаста ба самтҳои гузариши Тоҷикистон ба рушди устувор ягон тадқиқоти мушаххасе анҷом дода нашудааст, ки дар иртибот ба он тавонем доир ба самтҳои амалигардонии он фикру мулоҳизаҳои худро баён намоем. Танҳо нисбат ба он андешаҳои умумӣ ба назар мерасад. Агар адабиёти илмиро доир ба ин мавзӯъ таҳлилу таҳқиқ намоем, маълум мегардад, ки дар баррасии масъалаҳои мубрами рушди иқтисодии Тоҷикистон олимону коршиносони зиёде нақши муассир гузоштаанд. Азбаски пажӯҳиши мо аз лиҳози экологӣ ҷараён мегирад, биноан, мо он нуқтаю назарҳоеро мавриди таваҷҷуҳ қарор додем, ки вобаста ба имкон тавонем, самтҳои гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор арзёбӣ намоем.

Ибтидои солҳои 90-ми асри ХХ бархе аз олимону сиёсатмадорон дар асоси натиҷагирӣ аз тадқиқоти гуногуни илмӣ ба чунин хулоса омаданд, ки Тоҷикистон ҳамон вақт ба ҳадафҳои назарраси рушди иқтисодӣ ноил мегардад, ки агар модели тоҷикии рушди иқтисодии худро таълиф ва таҳия намояд. Замоне ин мафҳум дар васоити ахбори омма баҳсу муколамаҳои доманадорро ба бор овард, аммо то кунун он аз лиҳози илмӣ вобаста ба мавқеи географии кишварамон шарҳу эзоҳи худро наёфтааст. Нисбати он танҳо умумигӯиҳо ба назар мерасад. Таносуби рушди иқтисодии кишварамонро дар гузашта соҳаи пахтакорӣ таъмин менамуд. Ин зироати техникӣ дар панҷ зина коркард шуда, ҳар як зинаи он ба буҷаи ҷумҳурӣ даҳҳо миллион рубл фоидаи соф меовард. Далел бар ин андеша он аст, ки пахтакорӣ дар гузашта маҳсулоти асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Боиси таассуф аст, ки алҳол тамоюли чунин раванди масъалагузорӣ дар кишварамон ба назар намерасад. Шояд омилҳо гуногун бошад, аммо далели мусаллам ин аст, ки соли 1980 дар кишварамон зиёда аз як миллион тонна пахта истеҳсол карда шуд. Алҳол ин нишондиҳанда ба сесад-чорсад ҳазор тонна мерасад. Феълан аҷобат ин аст, ки дар даврони Шӯравӣ миқдори корхонаҳои коркарди пахта 22 ададро ташкил медод, ҳоло шумораи онҳо ба 226 расидааст. То соли 1991 ҳосилнокии ҳар як гектар пахта 30,6 сентнерро ташкил медод, ин нишондиҳанда алҳол ба 20,6 сентнер расидааст. Суоли мубрам ин аст, чаро дар кишварамон масоҳати замини кишти пахта ва ҳосилнокии он коҳиш ёфтаасту аммо миқдори корхонаҳои коркарди пахта ҳамасола зиёд шуда истодаанд? Аз ҳамин нуқтаи назар пурпечутобии ин мушкилот маншаъ мегирад. То ҳол таносуби корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳое, ки ба коркарди ашёи хоми ин рустании техникӣ машғул ҳастанд, ба таври дақиқ муайян карда нашудаанд. Дар ҳоле ки чунин навъи корхонаҳо аз шаш намуди андоз озод карда шудаанд. Паҳлуи дигари ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки чаро новобаста аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон солиёни охир рушди ин соҳа ба талаботи замон ҷавоб намедиҳад? Мавриди зикр аст, ки дар заминаи бозсозии горбачёвӣ гуруҳҳое ба миён омаданд, ки аз кишти пахта даст кашиданро тарғибу ташвиқ менамуданд. Онҳо чунин андешаеро роиҷ намуда буданд, ки маҳз якказироатӣ сабаби ангезиши муаммоҳои экологии кишварамон гардидааст. Чунин андешарониҳо боиси он гардид, ки мо чандин сол аз кишти он даст кашидем. Аммо то ҳол аз нигоҳи илмӣ ба таври дақиқ муайян накардем, ки дар ташаккулёбии муаммоҳои экологии кишварамон рушди соҳаи пахтакорӣ дар кадом сатҳ нақш бозидааст?

Воқеияти рӯзгор собит менамояд, ки коҳиш ёфтани кишти он дар миқёси ҷумҳурӣ ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расонид. Ин омил дар навбати худ як дараҷа боиси таназзулёбии табиат гардида, бурриши дарахту буттаҳо дар ин муддат чандин маротиба афзуд. Ин нигоштаҳо як паҳлуи масъала буда, дигар паҳлу он аст, ки гарчанде қариб сӣ сол мешавад, ки мо парвариши ин зироати техникиро коҳиш дода бошем ҳам, аммо дар ин муддат ягон зироате муайян накардем, ки мақоми онро дар рушди иқтисодии кишварамон иваз намояд. Чаро ин паҳлуи ин масъала боре ҳам диққати мутасаддиёни соҳаро аз нигоҳи иқтисодӣ ба худ ҷалб намекунад? Яке аз масъалаҳои мубрам дар назди ҳар як давлат сари вақт амалӣ гардонидани арзишҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ба ин васила ташаккул додани маърифати аҳолӣ мебошад.

Соли 1973 дар назди Академияи илмҳо шуъбаи генетикаи пахта таъсис ёфт. Ҳамон замон натиҷаҳои илмии олими тоҷик К.Асроров (шогирди узви вобастаи Академии илмҳои ИҶШС Н. Ничипорович) аз он башорат медод, ки дарёфти усулҳои баланд бардоштани коэффисенти истифодабарии неруи офтоб дар рустаниҳо боиси чанд маротиба баланд гаштани ҳосилнокии онҳо мегардад. Перомуни ин масоил дар пажуҳишгоҳи физиологияи набототи Академияи илмҳо конфронси илмӣ баргузор гардида буд. Олимону мутаххасисони соҳа ба чунин хулоса омаданд, ки ин раванди пажуҳишӣ аз лиҳози иқтисодӣ самарабахш ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Боиси таассуф аст, ки баъд аз марги бармаҳали К.Асроров ин мактаби эҷодӣ низ дар кишвар аз байн рафт, аммо натиҷаҳои ин мактаби эҷодӣ то ҳол дар илм арзиши назариявӣ ва амалии худро дар самти гузариш ба рушди устувор гум накардааст. Далел бар ин андеша он аст, ки алҳол самтҳои амалигардонии рушди устувор дар доираи таҳқиқоти дастоҷамъонаи «об-энергия-озуқаворӣ-экология» амалӣ гашта истодаанд. Зикраш ба маврид аст, ки дар шуъбаи генетикаи пахтаи Академияи илмҳо қаблан бузургтарин генофонди ин зироати техникӣ бо сарварии академик Пӯлод Ҷӯраев ва номзади илмҳои биологӣ Мирзонабӣ Неъматов ҷамъоварӣ шуда буд. Ҳатто аксар навъҳои ба дастовардаи ин зироати техникӣ аз лиҳози ситогенетикӣ мавриди арзёбии муҳақиқони ин шуъба қарор мегирифт. Гарчанде дар самти селексияи пахта солҳои соҳибистиқлолӣ таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба амал омада бошад ҳам, новобаста аз ин, дар ин самт мушкилот ба назар мерасад. Бо дарназардошти ин андеша, мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки рушди соҳаи пахтакориро дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо усули таҳлилӣ, муқоисавӣ аз нигоҳи дастовардҳои олимон мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин васила муаммо, мушкилот ва дурнамои ин соҳаро барои ояндагон баён намоем. Дар китоби «Дастовардҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлоли мамлакат» омадааст, ки дар ин муддат олимон 32 навъи пахтаи миёнанахро офариданд. Дарвоқеъ, пахтакорӣ дар ташаккул додани рушду пешрафти саноати сабук нақши калидӣ дорад. Ҳарчанд дастгирии давлатии соҳибкорон боиси ба вуҷуд омадани як қатор корхонаҳои саноати сабук гардида бошад ҳам, аммо то ҳол аз тарафи мутахассисони касбӣ ҳисоб нашудааст, ки барои ба таври мунтазам фаъолият намудани онҳо чӣ миқдор ашёи хом лозим аст, кадом омилҳо садди коркарди ин ашёи хом дар кишварамон мегарданд? Доир ба ин масъала андешаҳо гуногунанд, аммо то ҳол аз лиҳози иқтисодӣ бо диди илмӣ таҳлили амиқ ба назар намерасад.

Ба назари мо, сабаби асосӣ дар он аст, ки ҳар як навъи офаридаи олимон дар давраи Шӯравӣ бо хусусиятҳои хоси саноатиаш мавриди баҳси муҳандисони ин соҳа қарор мегирифт. Феълан тамоюли чунин масъалагузорӣ аз тарафи муҳандисони ин соҳа ба назар намерасад. Дар баробари ин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ гарчанде олимону мутахассисони ин соҳа навъҳои зиёде офарида бошанд ҳам, аммо то ҳол нақши навъҳои офаридаи онҳо дар рушди саноат ба таври ҷузъӣ мавриди баррасӣ ва арзёбии муҳандисон қарор нагирифтааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ Абдуҷалил Сангинов бар он назар аст, ки ҳоло дар кишварамон “навъҳои беном” паҳн шуда истодаанд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа дар оянда таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин, таҷрибаи рӯзгор собит менамояд, ки ҳеҷ гоҳ хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ рушду густариши ин соҳаро таъмин карда наметавонанд, аз ин лиҳоз вақти он расидааст, ки мо киштзорҳои ин зироати техникиро васеъ намоем, зеро ҳамасола аз тариқи ВАО огоҳ мешавем, ки олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ навъҳои нави офаридаи худро барои минтақабоб гардонидан тавсия менамоянд ҳам, аммо татбиқи дастовардҳои онҳо аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ дастгирӣ намеёбад. Деҳқонон ин мушкилотро чунин тавзеҳу ташреҳ медиҳанд: фучерҳо ҳангоми харидани пахта ба баҳонаи паст будани нахи навъҳои маҳаллӣ онҳоро бо нархи арзон мехаранд ва мо хароҷоти худро пӯшонида наметавонем. Аз ин ҷиҳат, хоҷагиҳои деҳқонӣ зимни кишти пахта ба парвариши навъҳои хориҷӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шояд таъсири ҳамин омил бошад, ки ҳамасола масоҳати кишти навъҳои хориҷӣ дар кишварамон зиёд гашта истодааст. Чаро ин паҳлуи масъала боре ҳам мавриди арзёбии корхонаҳои саноатие, ки ба коркарди ашёи хоми ин зироат машғул ҳастанд қарор намегирад? Дар ҳоле, ки имрӯз нархи як кило равғани пахта беш аз бист сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳошияи ин андеша, мутахасиссони касбӣ бар он назаранд, ки тухми навъҳои хориҷӣ 3 дарсад равған доранд, ин нишондод дар навъҳои маҳалӣ беш аз 14%-ро ташкил медиҳад. Дар ин замина онҳо иброз менамоянд, ки азбаски истеҳсоли равған дар навъҳои хориҷӣ самараи иқтисодӣ намедиҳад, биноан корхонаҳои коркарди равған барои истеҳсоли ин маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд. Ба ибораи дигар гӯем, кишти онҳо садди пешрафти ин самти саноат гашта истодааст. Вобаста ба ин баҳс агар дар ин соҳа муаммоҳои баҳснокро воқеъбинона натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи биотехнология таъсис дода шуда буд. Мантиқан агар таҳлил намоем, вазифаи асосии ин пажуҳишгоҳ бо истифодаи технологияи муосир истеҳсол кардани маводи биологӣ буд. Боиси таассуф он аст, ки то ҳол ин пажуҳишгоҳ ягон маводи биологиро истеҳсол накардааст. Онҳо ба ҷойи иҷрои вазифаи аслии худ ба пажуҳиши корташкаи беҷурм машғул шуданд. Ҳол он ки чунин раванди пажуҳиш дар Институти физиологияи набототи Академияи илмҳо, Пажуҳишгоҳи боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзӣ ва чандин лабароторияи дигар идома дошт ва дорад. Суоли мубрам ин аст, ки онҳо дар ин самт ба кадом дастоварди илмӣ ноил гаштанд ва тафовути натиҷаҳои ба дастовардаи ин пажуҳишгоҳ аз пажуҳишгоҳҳои зикргардида дар чӣ зоҳир мегардад? Ҳақиқат алҳол ин аст, ки дар давоми сӣ соли истиқлолият аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон навъҳои зиёди ваксина ва микрорганизмҳо дар соҳаи кишоварзӣ ихтироъ шудааст. Доир ба ин мавзӯъ дар китоби дастовардҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолии мамлакат омадааст, ки “аз тарафи олимони институти тибби ветеринарӣ 31 намуди ваксина ва доруҳои кимиётерапевтӣ ихтироъ гардидааст”. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ олимон ба дастовардҳои илмӣ ноил гаштаанд, аммо онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ нагардидаанд. Дар иртибот ба ин андеша, агар ба ҷаҳони муосир назар андозем, маълум мегардад, ки маҳз ба туфайли амалигардонии арзишҳои илмӣ дар истеҳсолот як зумра кишварҳо ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардидаанд.

Бо таассуф, ин масъала диққати роҳбарияти донишгоҳро ба худ ҷалб накардааст. Дар ҳоле, ки тобиш гирифтани арзишҳои илмҳои табиатшиносӣ дар рушди иқтисодиёт таваҷҷуҳи доираҳои гуногунро ба худ ҷалб намудааст. Суоли мубрам ин аст, ки чаро раёсати Донишгоҳи аграрӣ тӯли ин солҳо тасмим нагирифт, ки баҳри таҳким бахшидани иқтисодиёти кишварамон ва амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар  – саноатикунонии кишвар дар ин пажуҳишгоҳ технологияи муосирро муҷаҳҳаз намояд? Оид ба ин масъала агар нигоришҳоро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар аксар кишварҳои дунё чунин пажӯҳишгоҳҳо фаъолият намуда, ҳамасола даҳҳо миллион доллар даромад оварда, ҳамчун пайвандгари илм бо истеҳсолот хизмат менамоянд. Ба хотири рушди саноатикунонии кишвар бояд самти фаъолияти ин пажуҳишгоҳ бо асли хеш баргардонида шавад.

Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрам раванди хушзоткунии чорво мебошад. Қобили зикр аст, ки дар замони шӯравӣ баҳри таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшт ва маҳсулоти ширӣ дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг тақрибан дар майдони 250 ҳазор га Комплекси агросаноатии Ховалинг таъсис дода шуда буд, аммо ин комплекс дар як муддати кутоҳ аз фаъолият бозмонд. Оид ба ин масъала дар илм нуқтаю назарҳо гуногунанд, чанд коршинос сабабро таъсири бади комплекс ба табиати ин диёр донистаанд. Аммо боре ҳам шӯъбаи биологияи Академияи илмҳо тасмим нагирифт, ки дар ҳошия ба ҷунин масъалагузориҳо нисбати ин комплекс тадқиқоти мушаххасеро ба сомон расонида, ба ин восита ба аҳли ҷомеа воқеиятро баён намояд. Агар нигоришҳои илмӣ ва матбуоти давриро дар ҳошияи чунин мулоҳизарониҳо мавриди арзёбӣ қарор диҳем, маълум мегардад, ки мақсад аз таъсиси ин комлекс дар баробари таъмини амнияти озуқаворӣ инчунин, хушзоткунии чорвои маҳаллӣ низ будааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ Нурмаҳмад Камолов дар суҳбатбо мо иброз намуд, ки ҳадафи дигари ин комплекс коркарди усулҳои сабзу хуррам гардонидани таллу тепаҳои минтақаи Кӯлоб ва ба ин васила баланд бардоштани маҳсулнокии чарогоҳҳои он буд. Ба гунаи далел, озмоишҳои олимони институти боғпарварӣ дар ин мавзеъ барои мувофиқ намудани намунаҳои дарахту буттаҳое, ки барои сабзу хуррам гардонидан зикр шуд ва таъкид гардид, ки натиҷаҳои илмии олимони тоҷик аз тарафи олимони Академияи кишоварзии Россия дастгирӣ ёфта, тасмим шуда буд, ки дар заминаи ин комплекс як озмоишгоҳи замонавии илмӣ баҳри ҳаллу фасл намудани муаммоҳои ҷойдошта таъсис ёбад.

Мақсад аз ин далелҳо он аст, ки то ҳол аз нигоҳи илмӣ дақиқ муайян нашудааст, ки ин комплекс дар ташаккули муаммоҳои экологии кишварамон то чӣ андоза нақш бозидааст, ва барҳам хӯрдани он дар иқтисодиёти миллӣ чӣ таъсире гузоштааст? Ба таври дигар, ин комплекс ҳам дар замони худ чун НБО-и Роғун дар заминаи ҳангома ва умумигӯиҳои беасоси илмӣ аз байн рафтааст, ки талафоте ба иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Агар дар замони худ садди бунёди ин комплекс намегардидем, шояд раванди хушзоткунии чорво имрӯз дар кишварамон тобиши дигар мегирифт ва ин комплекс барои муасиссаҳои илмии соҳаи чорводорӣ ҳамчун озмоишгоҳ хизмат менамуд.

Имрӯз ҳар кишвар кӯшиш менамояд, ки дар доираи ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба рушди устувор ноил гардад. Дарвоқеъ, таъмини рушди устувор низоми идоракунии хоси худро дошта, марҳалаҳои он бештар ба давраҳои равандҳои инноватсионӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин самт, таҳлили адабиёт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вобаста ба мавқеи географии Тоҷикистон гузаштан ба рушди устувор аввалан арзёбии далелҳои амиқи илмиро аз дидгоҳҳои гуногун тақозо менамояд, баъдан амалигардонии он ба ташаккулёбии маърифати илмӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ин нуқтаи назарҳо ба чунин хулоса омадем, ки маҳз дуруст ба роҳ мондани арзишҳои илмии хусусияти инноватсионӣ дошта дар истеҳсолот ба ташкил намудани низоми гузариш ба рушди устувор мусоидат намуда, он ба тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ замина мегузарад. Бояд чунин коргузориҳо дар сатҳи тамоми соҳаҳои иқтисодӣ зернизомҳои худро дошта бошад ва ба таври мушаххас самтҳои гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор нишон диҳад. Айни ҳол Ҳукумати Тоҷикистон рушди устувори минбаъдаи худро дар шакли саноатикунонии босуръати кишвар ва иноватсионӣ пешбинӣ намудааст.

Хушбахтона, дар асоси талошҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 дар кишварамон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон гардид. Ин иқдом аз як тараф барои тарғиби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ нигаронида шуда бошад, аз дигар тараф ба арҷгузории арзишҳои илмӣ дар таҳкими иқтисодиёти миллӣ нақши муассир мебозад. Умедворем, робитаи илм бо истеҳсолот пайвастагии ногусастанӣ пайдо намуда, дар ин замина иқтисоди кишвар беҳтар мегардад.

Ба назари мо, вақти он расидааст, ки дар доираи консепсияи гузариши Тоҷикистон ба “иқтисодиёти сабз” самтҳои ноил шудан ба рушди устувор ҷустуҷӯ шавад. Дар ин росто бартарӣ додан ба кашфиёти олимони худӣ, ки вазъи географӣ ва экологии кишварамонро хуб медонанд, тарғиби арзишҳои холиси академӣ, ки хусусияти инноватсионӣ доранд, талош барои ҳамбастагии илм ва истеҳсолот чун таҷрибаи замони шӯравӣ аз иқдомҳои ҷолиб хоҳад буд.

 

Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон

Чоп кунед