Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодиро бо мақсади таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум тавассути таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ, навсозӣ ва босамар намудани фаъолияти соҳаи саноат пеш гирифт. Дар ҳамин замина зарур шуморида мешуд, ки ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нави замонавӣ, ҳамчун омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти кишвар, метавонанд ба самаранокии фаъолияти соҳаҳои воқеӣ заминаи устувор гузоранд. Имрўзҳо пешрафти ҷомеаи ҷаҳониро бе истифодаи техника, технологияи муосир, дастгоҳу таҷҳизот ва истифодаи самараноки комёбиҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоту хизматрасонӣ ва низоми молияи мамлакат тасаввур намудан душвор гардидааст.

Дар аксар давлатҳои пешрафтаи Аврупо имтиёзҳои андозӣ ва маблағгузорҳои давлатӣ нисбати он корхонаҳое амалӣ карда мешаванд, ки ба истеҳсол ё хизматрасонӣ нигаронида шудаанд ва дар таъмин намудани аҳолӣ ба ҷойҳои нави корӣ фаъол мебошанд. Ин гуна иқдомҳо дар шароити иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давра ба давра бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии миллӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Барои мисол, дар нимсолаи якуми соли 2024 вобаста ба нақшаи пешбинигардида ва иҷрои воқеии даромадҳои буҷети давлатӣ, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз 20,0 млрд. сомонӣ равона гардидааст, аз ҷумла, ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,6 млрд. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,2 млрд. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,1 млрд. сомонӣ, кишоварзӣ 387,5 млн. сомонӣ, сохтмон ва саноат 97,2 млн. сомонӣ равона карда шудааст. Бояд гуфт, ки бо дарназардошти омилҳои дар боло нишон додашуда, коршиносони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ тавсия медиҳанд, ки барои кишварҳои рў ба тараққӣ зарур аст, ки тавассути сармоягузории судманд ба сектори хусусӣ, рушди минбаъдаи иқтисодию молиявии худро таъмин намоянд.

Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахшҳои молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад. Дар баробари ин, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 созишнома барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расонида шудааст, ки маблағи умумии онҳо 459,9 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ мунтазам ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва дар маҷмуъ, рушди иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Ин раванд, яъне идоракунии дурусти молияи давлатӣ, назорати гардиши пул ва самаранокии сиёсати монетарию фискалӣ ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт. Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ – 9880,7 млн. сомонӣ ё ин ки 16 дарсад, соҳаи саноат – 11103,2 млн. сомонӣ ё ин ки 18 дарсад, тиҷорат – 11601,2 млн. сомонӣ ё ин ки 18,8 дарсад, соҳаи сохтмон – 5267,6 млн. сомонӣ ё ин ки 8,5 дарсад, соҳаи нақлиёт – 4815,2 млн. сомонӣ ё ин ки 7,8 дарсадро ташкил намудааст, ки бевосита аз татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сиёсати молияи давлатӣ вобаста мебошад.

Фаъолияти илмию инноватсионӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ, метавонад дар доираи моликияти давлатию хусусӣ, секторҳои давлатӣ ва ѓайридавлатӣ амалӣ карда шаванд. Сиёсати инноватсионӣ низоми чорабиниҳое мебошад, ки мақсади асосии он такмили дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаи саноат, истеҳсолот, кору хизматрасонӣ бо мақсади васеъ гардонидани доираи фаъолияти муайяншуда ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки раванди истеҳсолот дар худ тақсимоти иқтисодию иҷтимоиро ифода менамояд ва барои истеҳсоли шаклҳои гуногуни молҳо ин нишондиҳандаҳоро мавриди омўзишу баҳодиҳӣ қарор медиҳанд. Раванди такрористеҳсолоти ҷамъиятӣ бошад, ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар худ таҷассум менамояд ва вобаста ба давраҳои таърихӣ шаклҳои гуногунро ба худ мегиранд. Аммо дар ҳама давру замон пайваста гузаронидани таҳлили иқтисодӣ ва баҳодиҳӣ ба ин зиддиятҳо, инчунин, гурўҳбандӣ намудани омилҳои таъсиррасон ба истеҳсолот ва самаранок истифода гардидани дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.

Дар ин самт роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодаанд. Айни замон зарур аст, ки бо истифодаи комёбиҳои илмию инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ, зарфияти истеҳсолии соҳаи саноати мамлакат ва бо истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ, инчунин, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои минбаъда низ бо дарназардошти консепсияҳои сиёсати экологӣ ва истифодаи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад.

Соҳаи саноат аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ, тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири омилҳои бошиддати геополитикӣ ва таѓйирёбии босуръати иқлим мавқеи назаррасро дар танзиму нигоҳдории нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии кишвар ишѓол менамояд. Бинобар ин, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” пешбинигардида равона карда, дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти иқтисоди миллӣ, андешидани тадбирҳои судманд дар соҳаҳои саноату энергетика, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Аз рўйи маълумоти расмии оморӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61712,5 млн. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,2 дарсад баробар гардидааст, ки дар ин давра рушди иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5 дарсад, мусофиркашонӣ 18,1 дарсад, кишоварзӣ 9,6 дарсад, сохтмон 15,7 дарсад, гардиши савдо 11,9 дарсад ва хизматрасонии пулакӣ дар маҷмуъ 16,6 дарсадро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4,4 млрд. доллари ИМА баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблаѓи 1 млрд. доллар ё 29,3 дарсад зиёд мебошад.

Диаграммаи 1

Содирот аз рӯйи гурўҳи молҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2024

(бо фоиз)

Сарчашма: дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-июни 2024 саҳ. 111 омода карда шудааст.

Дар ин давра содироти мол 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 344,0 млн. доллар бештар мебошад. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,4 дарсад ва содирот 22,6 дарсадро ташкил медиҳад. Имсол аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 167,0 млн. доллар маъданҳо ва консентратҳо, 95,6 млн. доллар нахи пахта, 90,5 млн. доллар алюминийи коркарднашуда, 23,6 млн. доллар меваю сабзавот, 21,9 млн. доллар ресмони пахтагӣ, 12,1 млн. доллар семент ва 2,4 млн. доллар пўст содирот гардидааст.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2023 содироти мол ба Чин 40,1 млн. доллар, Туркия 26,5 млн. доллар, Ӯзбекистон 8,9 млн. доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Қазоқистон 33,6 млн. доллар, Русия 25,6 млн. доллар, Беларус 1,8 млн. доллар ва Хорватия 1,0 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Диаграммаи 2

Воридот аз рӯйи гурўҳи молҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2024

(бо фоиз)

Сарчашма: дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-июни 2024 саҳ. 111 омода карда шудааст.

Воридоти мол ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓи 3421,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 ба маблаѓи 709,0 млн. доллар зиёд мебошад. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,4 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин давра воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 22 029 адад, равѓани растанӣ 3 069 тонна ва гази моеъ ба миқдори 12 282 тонна коҳиш ёфта, маҳсулоти нафтӣ беш аз 73 ҳазор тонна, гандум зиёда аз 42 ҳазор тонна, орд 17305 тонна, нуриҳои минералӣ 53 975 тонна ва шакар 33042 тонна зиёд гардидааст. Аз рўйи маълумоти мазкур, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард ва барои истеъмол, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти технологӣ, металлҳои сиёҳ, гази моеъ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот ворид карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо, ҳаҷми маблаѓгузорӣ ба сармояи асосӣ дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 9576,8 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15,7 дарсад бештар мебошад.

Воридоти таҷҳизоти технологӣ яке аз воситаҳои муҳимми ташкили истеҳсолот, хизматрасонӣ ва омили ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолии қобили корӣ ба ҳисоб меравад. Воридоти таҷҳизоти технологӣ, бо дарназардошти ҳамин хусусиятҳояш, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод карда шуданд. Дар навбати худ, имтиёзҳои андозӣ яке аз воситаҳои муҳимми васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани таѓйироту иловаҳо бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии молҳои ниёзи мардум, инчунин, молҳои воридотивазкунанда мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати хирадмандона, барои таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодӣ ва самаранок истифодабарии имкониятҳои молиявӣ, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намудаанд.

Коршиносони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, давоми солҳои охир ѓайр аз болоравии арзиши молу маҳсулоти хусусияти стратегидошта дар бозорҳои беруна, таъсири хавфҳои зиёдеро ба монанди таѓйирёбии бесобиқаи иқлим, офатҳои табиӣ, вазъи номуътадили геополитикӣ ва меъёрҳои баланди фоизие, ки дар муносибатҳои молиявии давлатҳо, давраҳои дуру дароз бетаѓйир боқӣ мондаанд, сабаби дигари ноустувории иқтисодӣ медонанд. Онҳо вобаста ба шароити номуътадилии ҷаҳони муосир, тавсия медиҳанд, ки ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисодиёт ва дарёфти роҳҳои паст намудани фоизи қарзҳои ташкилотҳои молиявӣ тақвият диҳанд.

Вобаста ба ин масъала, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пайваста густариш меёбанд. Масалан, дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои таъмини рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ маблаѓҳои грантию қарзӣ ҷалб шуда истодаанд, ки дар ин самт барои соҳаи саноат, ки яке аз соҳаҳои калидӣ баҳисоб меравад, маблаѓгузорҳои зиёд пешбинӣ гардидаанд.

Бинобар сабабе, ки соҳаи саноати мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ фаъол мебошад, маблаѓгузории қарзӣ ба ин соҳа, муҳим арзёбӣ мегардад. Дар баробари тақвият додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, ба корхонаҳои саноатӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд. Масалан, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда, давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 ба соҳаҳои истеъмолот – 46,3 дарсад, кишоварзӣ ва савдои хориҷӣ мутаносибан–14,3 дарсад, саноат–11,9 дарсад, хизматрасонӣ–7,1 дарсад, сохтмон–3,5 дарсад ва дигар соҳаҳо–2,6 дарсад рост меояд. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра пешниҳод гардида 32,0 дарсад ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблаѓи 3,4 млрд. сомониро ташкил додааст. Инчунин, имсол ба муштариён ба маблаѓи 7,9 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2023 24,0 дарсад зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2024 бо пули миллӣ 23,1 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 11,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки 30 майи соли 2017, таҳти №1415 қабул гардидааст, мақсади сиёсати давлатиро дар соҳаи саноат нишон додааст, ки аз инҳо иборат мебошад:

  • рушди босубот ва инноватсионии саноат;
  • афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, таъмини амнияти миллӣ;
  • гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ;
  • мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ.

Дар робита ба ин, рушди минбаъдаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагию ҳамкории судманд бо ташкилотҳои молиявию қарзии байналмилалӣ бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию саноат ва энергетика, таҷҳизонидани соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ бо технологияҳои муосир, беҳтар намудани самти фаъолияту хизматрасонӣ дар бахшҳои молиявӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ ва такмили ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, нигаронида шаванд.

Бобоев Ҷурахон Исломович,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед