Инсоният дар тӯли таърихи ҳаёти худ барои беҳтару хубтар кардани зиндагонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи авалиндараҷаина, кушишу заҳмати зиёд кардааст. Барои фаъолияту зиндагонии ояндаашон воситаҳои истеҳсолотро кашф кард, ки ин дар мадди аввал воситаҳои одӣ, ки иборат аз санг ва чӯб мавҷуд буданд. Акнун барои истифода кардани афзори меҳнат ба предмети кор, неру лозим буд, ки саравал неруи ҷисмонии инсон истифода карда мешуданд. Дар натиҷаи мутеъ кардани ҳайвонот неруи онҳоро низ ҳамчун воситаи истеҳсолот истифода мебурданд. Бо баробари тараққӣ кардани шуури инсонию кашф кардани оташ ва истифодаи неруи он тараққиёти ҳаёти инсон дигаргун гардид. Яъне аз истифодаи неруи ҷисмонии инсонӣ ва неруи ҳайвонот ба истифодаи боз ҳам неруи нерумандтар гузаштанд.

Дар умум, агар назар намоем, то асрҳои нуздаҳ ва бистуми милодӣ инсоният бештар аз неруи оташ истифода мебурданд ва ҳоло ҳам дар шакли зиёдтар истифода мебаранд. Вале барои гирифтани як неру чизи дигаре лозим меояд, ки ин неруи нав ҳосил гардад (метавон неруи сунъӣ номид). Масалан, барои оташ афрӯхтан маводҳои сӯзишворӣ ҳезум, ангишт, торф, бензин, газ, нафт ва ғайра маводи дигар лозим меоянд. Дар натиҷаи сӯзонидан ва истеҳсоли як неруе, ки дар истеҳсолот истифода мегардад, самаранокияш якчанд карат зиёд мешавад. Бояд қайд кард, ки оқибатҳояш низ мушкиловар шуда метавонаду аз он моддаҳои дигари ба инсон ва табиат зарар овар пайдо мегарданд.

Тасавур мекунем, ки як автомобил барои сӯзонидани 1 литр бензин то 200-250 кг оксигенро месӯзонад. Дар вақти сухтани 1 кг ангишт на камтар аз 2 кг оксиген сарф мегардад, ки як дарахт дар як рӯз 2,5 кг оксиген хориҷ мекунад. Худи як инсон дар як рӯз на камтар аз 20-25 кг дуоксиди карбон хориҷ карда, 30 кг оксигенро истифода менамояд. Дар ҷаҳон миллионҳо тонна ангишт, нафт, газ, бензин ва дигар моддаҳо месӯзанд, ки барои тавлиди неруи нав истифода мегардаду ба истеҳсолот равона месозанд.

Дар натиҷаи тараққӣ намудани шуури инсонӣ кашфиёт ва ҷустуҷӯ барои неруҳои боз ҳам зиёдтар шуруъ намуданд. Дар ин маврид истифодаи неруи об низ зиёд гардида, маълум карда шуд, ки неруи обро истифода бурдан нисбати дигар неруҳои кашфнамуда камзар мебошад. Инчунин, истифодаи буғи обро ҳамчун неруи дигар мавриди амал қарор доданд, ки аз истифодаи неруи оташ самараноктар буданд. Акнун инсонияти рӯйи замин чӣ тавр шоҳиди он гардида истодаанд, ки тавасути пайи ҳам такрористеҳсол намудан, ба ифлос кардани атмосфера дучор гардида истодаанд. Аз ин лиҳоз, на танҳо фоидаоварии як неру барои истеҳсолот, балки истифодаи як неру барои таъсир нарасонидан ба оянда, яъне рушди босуботро истифода намуда истодааст.

Дар шароити имрӯз барои истеҳсолот ва фаъолияти худ аз неруҳои гуногун истифода мекунанд. Коршиносони ҷаҳонӣ исбот намудаанд, ки то соли 2021 манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон 36,7 %-ро  аз ҳисоби сӯзонидани ангишт, торф ва 23% аз ҳисоби газҳои табиӣ истеҳсол мегарданд. Инчунин, 16%-и истеҳсоли неруи барқ аз об, 10,3 % аз ҳисоби ядро, 5,3% аз ҳисоби шамол, 2,8 аз ҳисоби нафт, 2,6% аз ҳисоби офтоб, 2,4 % аз ҳисоби сӯзишвории биологӣ ва боқимондаи маҳсулот, 0,5 аз ҳисоби неруи гармии ҳарорати замин ва дигар воситаҳо истеҳсол мегарданд.

Акнун замоне расидааст, ки дар истеҳсолот на танҳо дараҷаи даромаднокӣ, балки рушди босуботи онро ба назар гирифтан лозим меояд. Яке аз самтҳои асосии пешгирии чунин мушкилот дар ҷаҳон истифодаи “неруи сабз” мебошад, ки ҳам самаранокии баланди иқтисодӣ дорад ва имкон медиҳад, ки дараҷаи тараққиёти босуботи иқтисодӣ таъмин гардад.

Истилоҳи “неруи сабз” ин неруест, ки бо истифода ва гирифтан аз манбаи барқароршавандаи неру, ки худи табиат таъмин менамояд, фаҳмида мешавад. Хусусияти беҳтарини ин неру дар он аст, ки бо рушди тамоюли экологӣ ва нагузоштани хатар барои рушди минбаъда ва самаранокии баланди иқтисодиро доро мебошад. Манбаи барқароршавандаи неру бошад, ин маҷмуи захираҳои табиӣ мебошад, ки аз онҳо неруи гуногун (гармӣ, неруи барқ, неруи ҳаракат) истеҳсол карда мешаванд. Дар фаъолияти дарозмуддати истеҳсолӣ ва ё камшавии захираҳои дигар таъсири ҷиддӣ намерасонад, ки навсозияшон дар муддати кӯтоҳ ба амал меояду ба манбаъҳои барқароршавандаи онҳо дохил мешаванд;

  • неруи шамол;
  • неруи об;
  • неруи мадду ҷазр;
  • неруи сӯзишвории биологӣ;
  • неруи офтоб;
  • неруи ҳарорати гармии замин;
  • неруи мавҷи баҳр ва эҳтимоли дигар неруҳо буданро дорад.

Саволе ба вуҷуд меояд, ки кадоме аз инҳо самараноктар мебошанд то дар истеҳсолот ба таври васеъ истифода гарданд? Вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ ва иқлими он минтақа метавон ҳамонаш манфиатовар бошад, ки аз чунин манбаъҳои барқароршаванда ғанӣ бошанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама манфиатов ин истифодаи неруи об, яъне ба роҳ мондани неругоҳҳои барқии обӣ (НБО) манфиатовар мебошад, ки омилҳои зерин мисол гардида метавонанд:

  • Шароити ҷуғрофӣ ва захираи ғании обӣ имкон медиҳад, ки дар ин

кишвар ба роҳ мондани неругоҳҳои барқи самарабахш бошанд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалаккашида, ки ҳамчун воситаи нигоҳдорандаи об шуда метавонанд:

  • Арзиши аслии неруи барқи аз неругоҳи барқи истеҳсолшуда нисбати

дигар неруҳо камтар мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки ба кишвари истеҳсолкунанда дараҷаи баланди даромаднокии иқтисодӣ диҳанд:

  • Имкони зуд хомӯш кардан ё ба кор даровардани генераторҳои он

мавҷуд мебошад. Дар муқоиса бо баъзан неругоҳҳои шамолӣ ё дигар навъҳои неругоҳҳо фаъолият ва идораи он осонтар мебошад:

  • Сохтмони НБО нибати дигар неругоҳҳо имконияти сармояғунҷишӣ

доранд, бо вуҷуди оне, ки манбаи неруи барқароршаванда мебошанд:

  • Асосан сохтмони НБО дуртар аз истеҳсолот ва аҳолӣ ҷойгир

мебошанд, ки нисбати дигар неругоҳҳо фарқкунанда аст:

  • Барои нигоҳдории оби он ҳатман обанборҳо мавҷуд ҳастанд, ки дар

навбати дигар фоидаи калони иқтисодӣ доранд, ба монанди;

  • мавҷудият ва нигоҳдории об;
  • захира ва зиёд гардидани моҳӣ ҳамчун ҷанбаи таъмини маҳсулоти

озуқаворӣ;

  • ба вуҷуд омадни мавзеъҳои саёҳатӣ;
  • баланд гардидани сатҳи об ва имконияти обӣ гардидани заминҳои

кишоварзӣ;

  • имконияти дуру дароз истифода гардидани воситаҳои асосии он

имконпазир мебошанд;

  • дигаргун гардидани атмосфераи минтақа ва намнок гардидани атрофи

он, ва ғайри дигар имкониятҳо бавуҷуд меояд.

Истифодаи чунин навъи неру барои Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахш мебошад, ки Ҳукумати кишвар низ пайваста талош варзида истодааст. Инчунин, барои таъмини пурраи “неруи сабз” бахусус неруи истеҳсолшуда аз об, яъне НБО истифода менамоянд. Дар ин замима имкон пайдо мегардад, ки дар раванди қабули стратегияи “иқтисоди сабз” пурра ба иқтисодиёти сабз гузарем.

То имрӯз тамоми фаъолияти инсон ба муҳити зист зарари калони экологӣ расонидааст ва талоши онҳо баҳри фоидаи зиёдтар соҳиб гардиданро ба худ хос медиданд. Хушбахтона, имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба иқтисодиёти сабз гузаранд. Иқтисоди сабз ин навъи (модели) рушди иқтисодие мабошад, ки истифода ва муносибати масъулиятноки инсонҳоро ба манбаъҳои табиию сунъии Замин дар назар дорад. Он ба пайдо кардани созишҳои оқилона ва самаранокон барои беҳтар нигоҳ доштани сарватҳои табиат, беҳтар гардидани шароити зист ва дар ин замина хубтар шудани саломатии инсонияти рӯи замин имкон фароҳам меоварад.

Барои гузаштан ба “иқтисодиёти сабз” мебояд чунин корҳо ба амал бароварда шаванд:

  • Зиёд кардани автомобилҳое, ки бо неруи барқ ҳаракат мекунанд ва

ҳавасмандгардонии онҳо. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳавасманд гардонидани истифодабарандагони “неруи сабз” барои ворид гардидан ба кишвар пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳои чунин техникаҳо озод карда шудаанд. Ҳатто барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани истифодабарандагон метавон таваққуфгоҳҳоро низ иҷозати бепул гузоштанро диҳанд;

  • Кам кардани арзиши хизматрасониҳои техникӣ нисбат ба он нақлётҳое,

ки аз сӯзишворӣ истифода мегарданд. Истифодаи неруи барқ дар техникаҳо нисбат ба техникаҳое, ки бо сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд, харҷашон камтар мебошанд. Албатта, арзиши хариди он дар шароити имрӯз баландтар аст, аммо дар натиҷаи кам кардани ҳаққи хизматрасони истифодабарандагони он низ зиёд мегардад. Ақаллан, имконияти 25-30% арзиши хизматрасонии нақлиёт бо истифодабарандагони “неруи сабз” камтар гарданд;

  • Зиёд кардани нуқтаҳои таъминнамои неру дар гӯшаю канори шаҳрҳо

кишвар зиёд карда шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар ҳолати лозима ба таври фаврӣ истифода намоянд:

  • Сармоягузорӣ бештар ба корхонаҳое, ки пурра аз истеҳсоли “неруи

сабз” истифода менамоянд;

  • Фаҳмондадиҳӣ ба тамоми мардуми кишвар, ки бештаре аз онҳо дар

бораи ин мафҳумҳо ҳатто фаҳмишу тасаввурот надоранд;

  • Зиёд намудани истифодаи воситаҳои рӯзгор, ки тавассути неруи барқ

кор мебаранд, аз ҷумла дар бештари гӯшаю канори кишвар, ки аз марказҳо дуртар ҳастанд. Дар ин замина кам кардани воситаҳои рӯзгоре, ки тавассути сузишворӣ истифода мегарданд:

  • Ташкил ва ба роҳ мондани техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки бо неруи

барқ ҳаракаткунанда ҳастанд. Аммо дар ин замина кӯшиш кардан лозим меояд, ки арзиши хизматрасонии “неруи сабз” нисбат ба фаъолияти анъанавӣ баланд нагардад ва баръакси он нисбати хизматрасонии истифодабарандагони техникаҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда камтар бошанд. Чунонки, дар мавриди баланд гардидани хизматрасонӣ бо ин навъи техникаҳо талабот ба онҳо камтар мегардад. Инчунин, имкони баланд гардидани дараҷаи нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз сабаби баланд шудани арзиши аслиашон гардида метавонанд.

Дар натиҷаи пурра гузаштан ба иқтисодиюти сабз имконияти беҳ гардидани дараҷаи иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии кишвар мегардад. Дараҷаи даромаднокии бештари он корхонаҳое, ки бо “неруи сабз” фаъолият мекунанд, меафзояд. Инчунин, барои мустаҳакам гардидани пояҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ замина фароҳам меоваранд. Махсусан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки воридоти бештари молу маҳсулоти сӯзишворӣ камтар гардида, дараҷаи иқтисодиёти миллӣ рушд намояд.

Рустамҷони С.Қ.,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед