ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ал-Мактум меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсонӣ расмии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

khovar.tj

Чоп кунед