ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар Шайх Ҳамад ибн Аҳмад Оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

khovar.tj

Чоп кунед