ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров истиқбол гирифт.

khovar.tj

Чоп кунед