Санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сарвари давлат оид ба вазъи соҳаи саноат, ки рушди он яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба шумор меравад, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, ки аксари онҳо ба саноати коркард рост меоянд. Дарвоқеъ, аз рӯйи маълумоти оморӣ ҳиссаи саноати коркард дар сохтори соҳаҳои саноати мамлакат давоми соли 2021– 57,5 дарсад, соли 2022 – 61,6 дарсад ва соли 2023 – 60,9 дарсадро ташкил намудааст, ки дар ин давра ҳиссаи саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ ва об мутаносибан ба 20 дарсад баробар гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лулаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст, ки аз ду коргоҳи истеҳсолии ноқили барқӣ, рӯдаи резинӣ ва гофра иборат буда, иқтидори истеҳсолии корхона ба 300 ҳазор метри тӯлонӣ дар як моҳ баробар мебошад. Дар ин коргоҳ то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавоноии аз 450 волт то 1 киловолт истеҳсол карда мешавад ва дар корхона наздики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷой кор таъмин карда шуданд.
Ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки асосан молу маҳсулоташон ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида шудааст, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами намоён ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳаммияти бузурги ҳадафи мазкур имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки давоми се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД нисбати кишварҳои ҳамсоя афзалият дошта, танҳо дар давоми соли 2023 корхонаҳои саноатӣ бештар аз 21143 млн. сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда ба 16,2 дарсади ММД баробар гардида буд ва соҳибкорони мамлакат дар ин давра 715 корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷой корӣ бунёд намуданд.
Дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми ММД-и кишвар ба 61712,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки сатҳи рушди он 8,2 дарсадро ташкил намуд ва ҳиссаи соҳаи саноат ба 11 103,2 млн. сомонӣ ё ин ки ба 18 дарсади ММД баробар гардид ва суръати рушди соҳа нисбати нимсолаи якуми соли 2023 11,5 дарсадро ташкил намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон “Корхонаи металлургии тоҷик”- ро ифтитоҳ намуда, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд. Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон наздики 130 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирин агрегати он соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 мегаватт ба кор дароварда шудааст. Дар тули 68 соли фаъолият гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ фарсуда шуда, иқтидори истеҳсолии он 12 мегаватт коҳиш ёфта буд. Шуруъ аз соли 2019 бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 мегаватт баланд бардошта шуд. Кишвари мо дар самти истифодаи самараноки захираҳои об на танҳо барои аҳолии Тоҷикистон, балки бо дарназардошти таҳкими ҳамкориҳои судманд барои кишварҳои ҳамсоя низ шароити созгор муҳайё намудааст.
Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.
Дар рӯзи таҷлил аз 33 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанд ду корхонаи нави саноатӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир мебошанд, мавриди истифода қарор доданд. Корхонаҳои дӯзандагӣ дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бунёд гардида, дар он 900 нафар дар ду баст ба кор таъмин гардиданд. Дар корхонаи мазкур барои дӯхти сару либоси махсус ва ягонаи корӣ 360 мошинаи дӯзандагӣ ворид ва насб карда шуда, дар он 350 нафар занону духтарони хонашин дар як баст пас аз омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар соҳиби кор шуданд.
Дар ин рӯзи таърихӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии «Само» оғоз бахшиданд. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, зиёда аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд, ки маоши онҳо аз 2 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар корхона наздик ба 60 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи диодӣ, прожекторҳои диодӣ, сутунпояҳо, таҷҳизоти таъминкунандаи қувваи муайяни барқ, камераҳои назоратӣ, радио бо дизайни миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, раванди фаъолият бо риоя аз талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуда, барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.
Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” бо харҷи 1 млн. доллари амрикоӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал зиёда аз 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костюм, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.
Марҳилаи дуюми корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея бо харҷи 5 млн. доллари амрикоӣ бунёд карда мешавад. Дар корҳои сохтмонӣ 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Пас аз анҷоми марҳилаи дуюми корхона барои боз 350 сокини маҳаллӣ ҷой корӣ муҳайё мегардад. Ба истифода додани чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи устувор мегузорад.
Мутаассифона, солҳои охир мавҷи нооромиҳои хатарзо, низоъҳои мусаллаҳона ва шиддатнокии геосиёсӣ ба сатҳи баланди худ расидааст. Аз тарафи дигар, баробари афзоиши газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки ин раванд боиси вайрон шудани тавозуни гармии замин гардидааст, ба ҳаёти башарият ва иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон хисороти ҷиддӣ ворид карда истодааст ва метавонад оқибатҳои зиёди манфии дарозмуддатро ба бор оварад.
Дар робита ба ин, соҳаи саноат аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад, ки ин соҳа ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ, тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири омилҳои бошиддати геополитикӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим нақши назаррасро дар танзиму нигоҳдории нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии кишвар иҷро менамояд.
Мувофиқи пешниҳоди коршиносони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баробари тағйирёбии авзои сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии сатҳи нархҳои ашёи хоми хусусияти стратегидошта дар бозорҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур аст, ки бештар ба сектори хусусӣ, соҳибкории хурду миёна ва корхонаҳои истеҳсолӣ маблағгузорӣ намоянд.
Ин чунин маъно дорад, ки бо андешидани тадбирҳои судманд, таҷҳизонидани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо технологияи муосир, самаранок истифода намудани захираҳои молиявӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ Тоҷикистонро бояд аз кишвари тавлидкунандаи ашиёи хом ба содиркунандаи маҳсулоти ниҳоӣ табдил диҳем. Ин ҷо, ҳиссаи содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли (диаг. 1) нишон дода мешавад.
Диаграммаи 1.
Ҳиссаи содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2024
(бо фоиз)
Сарчашма: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-июни 2024 саҳ. 111.
Дар ин давра содироти мол 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 344,0 млн. доллар бештар мебошад. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,4 дарсад ва содирот 22,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Мушкилоти замони муосир вобаста ба таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар он аст, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат танҳо давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 дар ҳаҷми 167,0 млн. доллар маъданҳо ва консентратҳо, 95,6 млн. доллар нахи пахта, 90,5 млн. доллар алюминийи коркарднашуда, 23,6 млн. доллар меваю сабзавот, 21,9 млн. доллар ресмони пахтагӣ содирот гардидааст.
Давоми моҳҳои январ-июни соли 2023 содироти мол ба Чин 40,1 млн. доллар, Туркия 26,5 млн. доллар, Узбекистон 8,9 млн. доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Қазоқистон 33,6 млн. доллар, Русия 25,6 млн. доллар, Беларус 1,8 млн. доллар ва Хорватия 1,0 млн. доллар коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин зарурати такмил додани хизматрасониҳои низоми бонкӣ, дар самти пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва такмил додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки шаффофияти амалиётҳои молиявиро дар иқтисодиёт таъмин менамоянд, ба миён омадааст. Дар робита ба ин, ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои молиявию қарзии байналмилалӣ бояд ба пешрафти фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва энергетика, таҷҳизонидани соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ бо технологияҳои муосир мусоидат намояд.
Ҳамин тавр, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сенарияи индустриалӣ – инноватсионӣ афзоиши миёнасолонаи маҷмуи маҳсулоти дохилиро тақрибан 8-9 дарсад пешбинӣ менамояд ва ҳаҷми он дар тамоми давраи пешбинигардида 3,5 маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ 2,7 маротиба зиёд мегардад, инчунин, тибқи ин сенария суръати афзоиши ММД аз рӯйи панҷсолаҳо дар солҳои 2021-2025 ба андозаи 8-9 дарсад ва 2026-2030 то 9-10 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманди роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди таҳияи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, қабули барномаҳои миёнамуҳлати рушд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳафт соли охир аз 62 ҳаз. ба 350 ҳаз. баробар гардиданд. Дар ин давра аз ҷониби Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маратория аз рӯйи фаъолияти субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ эълон карда шуд, имтиёзҳои зиёди андозӣ пешбинӣ гардиданд ва меъёрҳои якчанд андозҳои мустақим ва ғайримустақими низоми андоз нисбатан паст гардиданд, инчунин, қарзҳои имтиёзнок барои таъмини рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод карда шуданд. Соҳибкорон дар ин давра беш аз 2 ҳаз. коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода доданд ва 21 ҳаз. ҷой корӣ барои аҳолӣ муҳайё намуданд, 1380 ишооти соҳаи маориф, 1213 муассисаҳои тандурустӣ, 11,5 ҳаз. км роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ намуданд, ки инъикоси равшани ин равандҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири таъмини рушди иқтисоди миллӣ ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон баҳо дод.
Ҷурахон Бобоев,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон