Мафҳуми БРИКС аз ихтисори ҳарфҳои аввали кишварҳои узв ба вуҷуд омадааст, ки ба ақидаи бештаре аз коршиносон ва иқтисоддонон, кишварҳои ин созмон дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҷаҳон зудтар инкишоф меёбанд. Кишварҳои БРИКС суръати баланди рушди иқтисодӣ дошта саҳми онҳо дар бозори ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳамзамон, кишварҳои БРИКС тиҷорат ва сармоягузории мутақобиларо фаъолона инкишоф дода, ба ҳамгироии иқтисодии онҳо ва коҳиши вобастагӣ аз кишварҳои пешрафта, мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, кишварҳои аъзои ин созмон кӯшиш менамоянд, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамоҳанг сохта саҳми худро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ афзоиш диҳанд.
БРИКС яке аз Созмони байналмилалиест, ки кишварҳои узви он дорои иқтисодиёти рӯй ба рушд мебошанд. Созмони иттиҳоди давлатҳо ҳанӯз моҳи июни соли 2006 ҳамчун БРИК дар чаҳорчӯби Форуми иқтисодии Санкт-Петербург бо ширкати вазирони иқтисоди Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин таъсис ёфтааст. То соли 2009 ба аъзогии ин созмон Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин, дертар соли 2010 бо ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, бо номи пуррааш БРИКС, таъсис ёфт. Мақсади асосии ин Созмон таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши нуфузи кишварҳои узв дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии рушди устувор баҳисоб меравад. Вобаста ба ин, барои баррасии масоили рӯзмара, аз қабили рушди иқтисодӣ, амният, тағйирёбии иқлим ва рушди иҷтимоӣ созмони мазкур нишастҳо баргузор менамояд. То ин замон, кишварҳои БРИКС сайъ менамоянд, ки муносибатҳоро дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ рушд дода, вобастагӣ аз кишварҳои пешрафтаро коҳиш диҳанд.
Навобаста аз самти муносибатҳои иқтисодӣ, ассотсиатсияи байни кишварҳои БРИКС мавҷуд аст, ки ба аъзоён кӯмак мерасонад, то аъзои узв дар арсаи байналмилалӣ тавассути пешниҳоди як ҷабҳаи ягона доир ба масъалаҳои асосӣ таъсири бештар дошта бошанд. Дар самти иҷтимоӣ низ кишварҳои узв барномаҳои муштаракеро баррасӣ намудаанд, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои худ нигаронида шудаанд. Ҳамзамон, дар самти суботи молиявӣ низ таъсиси Бонки Нави Рушд ба кишварҳо имкон дод, ки лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва рушди устуворро самараноктар маблағгузорӣ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки икшварҳои Русия, Чин, Ҳиндустон ва Бразилия аз рӯйи шумораи аҳолӣ, масоҳат ва ММД ба даҳгонаи бузургтарин кишварҳои ҷаҳон шомиланд. Масоҳати умумии кишварҳои БРИКС 43,5км² ва шумораи умумии аҳолӣ беш аз 3,53 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тақрибан 26,7 дарсади масоҳати замин ва зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Чин ҳамчун аъзои БРИКС бо вуҷуди коҳиш ёфтани суръати рушди он дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ, имрӯз омили такондиҳандаи рушди иқтисодӣ боқӣ мемонад. Масалан: ММД-и Чин то ҳол тақрибан 5-6 дарсад солона афзоиш меёбад.
Ҳамзамон, иқтисодиёти Ҳиндустон низ дар байни кишварҳои БРИКС дар ҳоли афзоишёбист, ки солҳои охир ММД-и он 6 то 8 дарсадро дар бар мегирад. Бо дарназардошти он, ки афзоиши талаботи истеъмолӣ (Ҳиндустон дар дунё аз ҷиҳати аҳолӣ якум аст) Ҳиндустон ҳар соле зиёд мегардад, ин кишвар талаботи истеъмолии худро пурра таъмин намуда, инчунин, молҳои ба содирот нигаронидашудаи худро дар бозори ҷаҳонӣ зиёд менамояд.
Кишвари Бразилия, новобаста аз он, ки рушди иқтисодии кишвараш нисбат ба Ҳиндустон ва Чин камтар аст, дар ҳолати рушдёбӣ қарор дорад. Аҳолиаш беш аз 21 млн нафар буда, иқтисодиёташ дар ҳолати рушд қарор дорад.
Федератсияи Русия, новобаста аз таҳримҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии нархи нафту газ ва мавҷудияти баъзе аз мушкилоти иқтисодӣ, рушди иқтисодияш зиёда 2-4 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо зиёда аз 62 млн нафар аҳолӣ, дорои захираҳои ғании маъданӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтатарин дар байни дигар кишварҳои Африқо ҳисоб меравад. Он ягона кишвари африқоиест, ки узви G20 буда, сиёсати иқтисодии давлат ба муътадил гардонидани иқтисодиёт нигаронида шуда, аз ҷиҳати озодии иқтисодӣ ҷойи 57-умро дар ҷаҳон касб кардааст
Ҳамин тавр, аъзоёни БРИКС борҳо ба унвони кишварҳои босуръат рушдкунанда тавсиф шудаанд.
Тибқи мушоҳидаҳо, омилҳои рушди иқтисодии мамлакатҳои узви БРИКС гуногун буда, соли 2023 31,5 дарсади ММД ҷаҳонро ташкил намудааст. Мувофиқи маълумоти Фонди Байналмилалии Асъор, саҳми кишварҳои созмони мазкур дар ММД ҷаҳонӣ ба 33,6 дарсад (ё баландтар аз ин) мерасад. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёт ҳиссаи онҳо дар ММД–и ҷаҳонӣ, шумораи аъзоёнаш сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Масалан, панҷ кишвари дигар (Миср, Эрон, Арабистони Саудӣ ба таври расмӣ ба ин иттиҳод шомил нашудаанд ва ваъда шудааст, ки мақоми онҳо дар нишасти Қазон муайян хоҳад шуд).
Дар ин замина, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эфиопия дар нишасти моҳи августи соли 2023 дар Африқои Ҷанубӣ ба узвияти нави БРИКС даъват шудаанд. Даъвати расмии ин кишварҳо ба ин созмон 1 январи соли 2024 қабул гардида, фаъоляити худро ин созмон, шуруъ намуданд. Аъзоҳои ин созмон имкон дод, ки БРИКС таҳкими нуфузи худ ва кишварҳои шомилшударо афзоиш диҳад.
Феълан, санаи 22-26-уми октябри соли ҷорӣ нишасти 16-уми кишварҳои узви БРИКС дар шаҳри Қазон баргузор мешавад, ки бо ҳамин Русия раисии Раёсатро дар ин Созмон ҷамъбаст менамояд. Дар ин робита раҳбарони беш аз даҳ кишвар иштироки худро дар ин чорабинӣ тасдиқ карданд. Роҳбарони созмонҳои минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи сохторҳои дахлдор дар кутоҳтарин фурсат вориди Қазон мешаванд ва дар ҳошияи он суханронии Президенти Бонки Нави Рушд, Дилма Руссеф низ дар назар аст.
Чорабинӣ аз ду қисм иборат хоҳад буд, ки қисми аввалин нишасти мустақими кишварҳои узви ин созмон бахшида ба мавзуи “Тақвияти бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ”, ки шиори раёсати Русия дар БРИКС аст. Масъалаҳои асосӣ санаи 22-юми ва 23-юми октябр доир мегарданд. Қисми дуюм (аз нимаи дуюми 23 октябр ва 24 октябр), ки дар мавзуи «БРИКС ва Ҷануби Глобалӣ – якҷоя сохтани ҷаҳони беҳтар» мебошад.
Вазорати молияи Федератсияи Русия ва Бонки Русия тарҳи низоми нави ҳисоббаробаркуниро миёни кишварҳои узви БРИКС муаррифӣ менамояд, ки анҷоми пардохтҳо бо пули миллӣ байни бонкҳои маҳаллӣ ва барқарории робитаҳои мустақим байни бонкҳои марказии кишварҳои муштаракулманофеъро дар назар дорад. Ба гуфтаи коршиносони соҳаи иқтисодӣ, дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ, кишварҳои узви БРИКС метавонанд то 30 миллиард доллар сарфа кунанд.
Сухан дар бораи системаи “Clear BRICS” меравад, ки моҳияти он ба ҳисоббаробаркуниҳои байнидепозитории байни кишварҳо, уҳдадориҳои мутақобилан доир ба анҷом додани муомилот аз рӯйи фармоишҳое, ки бо истифода аз платформа қабул шудаанд аз лиҳозӣ иҷрои автоматии фармоишҳо, кушода будани қоидаҳо ва коди барномаи “BRICS Clear”, имкони тағйир додани қоидаҳо ва рамзи система танҳо бо ризояти ҳамаи иштирокчиёни он мебошанд.
Дар рафти ҳамоиш натиҷагирӣ фаъолияти кишварҳое, ки қариб як сол муқаддам ба узвияти Созмон қабул шуда буданд, баррасӣ хоҳад шуд. Ҳоло он, ки чорабиниҳои БРИКС ҳамеша доир ба мушаххасот ва натиҷаҳои воқеӣ буда бовар дорем, ки форуми мазкур натиҷаҳои назаррасро дар самти иқтисодиёти ҷаҳон пешбарӣ мегардад.
Рустамҷони С.Қ.,
номзади илмҳои иқтисодӣ сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқотии
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон