Бешубҳа, даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки бо мактаби давлатдорӣ, хирадгароӣ ва одамияти Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, баҳри бартараф намудани масъалаҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои умумибашарӣ ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд, ки обрӯ ва эътибори шахсияти ҷаҳонии Пешвои миллатро боло бурдааст.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор ва сарбаланди иброз намоем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ қарор дорад, ки ин сарнавишт воқеияти устувори таърихию сиёсӣ миллати тоҷикро ифода менамояд. Дар давоми се даҳсолаи Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдорӣ корҳое ба анҷом расидаанд, ки давоми садсолаҳо анҷоми онҳо имконнопазир буд. Барои ҳамин ҳам ягон неру ё қуввае наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ ва ягонагии давлати тоҷиконро имрӯз барҳам зада тавонад.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари коршиносон ҳамчун гиромидошти шахсияти Сарвари давлат набуда, балки ҳамчун як рӯзи сабти таърихӣ ва хотирмон ба хотири наслҳои оянда ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ мустақил, озод, демократӣ, дунявӣ ва устувор ба як воқеияти имконнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст. Айни замон, дар кишвари мо бо шарофати хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 33 солагии истиқлоли давлатӣ, 30 солагии Конститутсияи давлатӣ, баъдан рӯзи Парчами миллӣ яъне дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнгирии муқаддасоти миллӣ, Нишон, Суруди миллӣ, таҷлил карда мешавад.
Тавассути оқилона ба роҳ мондани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои миллат тавонистанд, ки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии амният, бавижа, обу экология ва тағйирёбии иқлим саҳми беназир гузорад, ки ин боз ба тақвият ёфтани муколамаи фарҳангҳо заминаи босубот ва устуворро хоҳад гузошт. Махсусан, нақшаи сулҳ ва фарҳанги сулҳофарии тоҷикон, ки бевосита ба Пешвои миллат иртибот дорад, дар ҷомеаи муосири инсонӣ ба як мактаби омӯзишӣ табдил ёфтааст. Дар робита бо ин, пешниҳоди Пешвои миллат ба СММ доир ба мавзуи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аз ташаббуси ҳафтумини хусусияти глобалидошта маҳсуб меёбад, ки ҳадафи он таъмини амнияту субот дар кишварҳои ҷомеаи инсонӣ мебошад, ки мазмуни онро ғояи боҳамоӣ, ҳамдилӣ, дасти мадад расонидан ба якдигар ва рафъи ихтилофу низоъ ташкил медиҳад.
Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президент барои истиқрори сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон барои гузаштан ба марҳалаи аз сари нав барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагӣ заминаи боэътимод гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, санади ниҳоии Ҳелсинки, Эъломияи Париж ва дигар созишномаҳои байналмилалиро эътироф карда, ба узвияти дигари созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро пазируфта сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, сарфи назар аз миллат, дин ва нажодӣ амалӣ намуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми бузург доранд. Мавсуф борҳо аз минбари баланди СММ суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро натанҳо ба мушкилоти Тоҷикистон, балки ба масъалаҳои Афғонистон, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон ҷалб намудаанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Президент Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро намуда, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон якчанд созишномаи ҳамкориро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст.
Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтанд. Коршиносону мутахассисон ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об дар арсаи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мекунанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.
Бояд дарк кард, ки пешниҳоду ташаббусҳои кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат танҳо бо масъалаи об басанда намешаванд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармарди дунёи сиёсат вобаста ба мушкилоти дигари сайёра низ ташаббусҳоеро пешниҳод карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ бо тариқи раъйгирӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба фаъолияти сиёсӣ ва идоракунии давлат оғоз бахшидан, дар баробари коркарди нақшаи сулҳофарӣ ва татбиқи он дар Тоҷикистон, қадамҳои устуворро дар самти самти барқарор ва густариш додани робитаҳои созандаи тарафайн бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳон гузоштанд.
Чунин иқдоми созанда ва дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат ба он оварда расонид, ки Тоҷикистон узви ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, бо беш аз 194 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намояд, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Аз ҷумла, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои тарафайни ҳасана бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд.
Бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва созандаи Пешвои миллат таҳкиму густариш ёфтани ҳамкориҳои бисёрҷониба бо шарикони стратегии кишвар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ва ғайра далолат аз шарики боэътимод будани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳанд.
Дар асоси татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, табодули таҷриба ва тарбияи мутахасассион дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико мавқеи устувор доштани кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва тақвият бахшидани муколамаи фарҳангҳо дар ҳал ва баррасии масъалаҳои глобалӣ аз ҳадафҳои беҳтарини Сарвари давлати тоҷикон шаҳодат медиҳанд.
Муносибатҳои шарикӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ, бешак, дурнамои рушди Тоҷикистонро вусъат бахшида истодаанд.
Ба туфайли оқилона ба роҳ мондани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои миллат тавонистанд, ки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии амният, бавижа, обу экология ва тағйирёбии иқлим, саҳми беназир гузорад, ки ин боз ба тақвият ёфтани муколамаи фарҳангҳо заминаи босубот ва устуворро хоҳад гузошт. Бояд гуфт, ки шахсе, ки сарнавишти миллат, санади бахту саодати миллӣ ва шиносномаи таърихи миллати тоҷиконро аз оташи ҷоҳилон берун кашида, ба дасти миллат супориданд, нафаре, ки ба ҷонбозиҳои худ дубора миллатро соҳиби истиқлоли давлати, шиносномаи давлатӣ, соҳиби аркони давлатдорӣ гардониданд. Ин нафар шахсияти бузургу абармарди миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон ва шоҳсутуни давлати соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.
Чуноне ки мебинем, имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нисбатан ҳассос ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон сиёсати хориҷии худро дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда, дар ин ҷода комёб гардида истодааст, ки коршиносони масоили сиёсӣ ҳама пешрафтро дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд.
Роҳбари мамлакат, ки бо пешниҳоду ташаббусҳои беназир абармарди дунёи сиёсат эътироф гардидаанд. Воқеан, хизмати бузурги таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлоли миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, пеши роҳи оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуда, бунёди сулҳи миллиро матраҳ сохтанд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварда, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амалӣ ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тағйирёбандаи бошиддати ҷаҳонӣ ҳамчун ҳомии халқи тоҷик нақши мондагор дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, об ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини сулҳу суботи сайёра аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро низ ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ даъват менамоянд.
Иқдомҳои имрӯза ва наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, қатъномаҳо қабул гардида истодаанд, ки чунин иқдомҳои наҷиб боиси мояи ифтихор, сарфарозӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи ҷаҳон мегарданд.
САИД Саидов,
сардори Бахши бойгонӣ ва корҳои махсуси
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон