Дар тӯли таърих ҳар давлату миллатеро зарур меомад, ки роҳбари арзанда ва пешвои муносиберо ба худ интихоб намояд, зеро нақши пешво ё роҳбар дар пешбурди рушди давлатдорӣ нақши муҳимро мебозад. Ҳар кишвар кӯшиш менамуд пешвои арзандаеро интихоб намояд, то дар пешбурди давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисорона хизмат намояд. Мутаассифона, пешвоию роҳбарӣ ба ҳар шахс муяссар намегардад. Таърих далели он аст, барои расидан ба ин марҳала зарур меояд ба хизматҳое ноил гардид, ки дар ҳаёти гузаштаву имрӯзаи давлатдорӣ созгор бошад.

Имрӯз таҷрибаҳои рӯзмарра  нишон медиҳанд, ки бисёр чеҳраҳои таърихӣ дар ҳаёти сиёсии баъзан кишварҳо нақш баста, хизматҳои шоёни онҳо ҳеҷвақт аз хотираҳояшон намеравад. Махсусан, имрӯз сокинони Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Вашингтонро ҳамчун чеҳраи таърихӣ ва қаҳрамони миллии хеш дониста, нақши ӯро барои расидан ба истиқлолияти сиёсии ин давлат беназир мешуморанд. Маҳз ба хотири гирормидошти номи вай пойтахти ин  кишварро  Вашингтон ном ниҳодаанд. Ҳамзамон, мардуми Ҳиндустон нисбат ба  Маҳатма Ганди эҳтироми хос зоҳир намуда, ҷойгоҳи ӯро то ба мақоми муқаддас расонидаанд. Чунонки ӯ дар Ҳиндустон ҳатто як мактаб насохтааст. Новобаста аз фақириву қашшоқӣ, ҳар як сокини хурду бузурги ин кишвар бо доштани чунин пешво ифтихор намуда мегӯянд, ки ӯ моро соҳиби давлати мустақил карда, давлати бузурги Ҳиндро эҳё намуд.    Умуман ҳамин гуна пешвоёни воқеиро дар ҳаёти бисёр кишварҳо вохӯрдан мумкин аст, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда намешавад. Масалан,  фаронсавиҳо бо Шарл де-Голл ва чиниҳо  бо Мао Сзедун имрӯз ифтихор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза, рӯз ба рӯз, дар пеши назари мардум, шарик бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи хешро ба таври табиӣ дарёфта истодааст. Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ин ватану миллат ба воя расида, бо дастгирии мардум ба ин мартаба омада расид. Маҳз дастгирии мардум буд, ки он ба як чеҳраи сиёсӣ ва як шахсияти воқеан табиӣ барои миллати тоҷик, чун Президенти мардумӣ сазовор гардад.  Барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро зарур омад то роҳи пурпечутоб, пур аз мушкилот, пур аз хатарро тай намуда, мақоми ифтихориро сазовор гардад. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё роҳбари ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа, яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ, таърихи давлатдории мо, яъне масъалаи роҳбари сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд.

Роҳи аввалини пурхатаре, ки ҳамчун роҳбари сиёсӣ тай менамуд, овардани истиқлоли сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад. Сиёсати дурусти пешгирифтаи ӯ ва якчанд фарзандони фарзонаи кишвар тавонист истиқлоли сиёсиро фароҳам оварда, мардуми иҷборан гуреза гаштаро ба ватани хеш баргардонад. Ватанро аз нестшавӣ наҷот дода, миллатро аз парокандашавӣ ҳифз намуд. Пас аз расидан ба ин ҳама дастовард, роҳбари сиёсӣ мақомоти конститутсиониро ҳифз ва барқарор намуд. Ин ҳама барқарорнамоӣ дар ин марҳалаҳо хеле душвор ва сангин буд, зеро ҳеҷ як барномаи тайёре барои давлат вуҷуд надошт.

Маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни бостонӣ, фарҳанги воло, таърихи беш аз чандин ҳазор сола мебошад. Эмомалӣ Раҳмон тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як узви баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ворид намояд. Имрӯз маҳз бо шарофати хизматҳои шоёни ӯ беш аз 192 кишвари дунё истиқлоли моро пазируфта, бо мо ҳамкориҳои хешро барқарор намудаанд. Дар давоми соҳибистиқлолӣ, мо тавонистем аксари мушкилоти дар кишвар ҷойдоштаро ҳал намоем. Махсусан, се ҳадафи стратегие, ки барои кишвар аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардид, қариб пурра  ҳал карда, ба амалӣ намудани ҳадафи чорум яъне “Саноатикунонии босуръат”  пардохтаем.

Соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ барои расидан ба ҳадафҳои мазкур шароитеро фароҳам овард, ки  кишвар дар як муддати начандон тулонӣ аз нигоҳи таърих даст ёбад. Имрӯзҳо ҳама  мушкилоте, ки барои пайваст шудани роҳҳои кишвар монеа буданд, ҳалли хешро ёфта, мардуми кишвар тавассути роҳҳои обод аз тамоми гушаву канори кишвар дидан менамоянд. Бо бунёди як қатор неругоҳҳои хурду бузург мушкилоти неруи барқ дар кишвар пурра бартараф гардида, он ба як соҳаи даромадноки давлатӣ табдил ёфтааст. Яке аз онҳо лоиҳаи “CASA-1000” мебошад. Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳимми кишвар маҳсуб мешуд, ҳалли хешро пайдо намуда, имрӯз саросари хонадони тоҷик пур аз нозу неъмат аст.

Инак, дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба ҳалли як зумра масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пардохта, саҳми хешро гузошта истодааст. Яке аз мушкилоти дигаре, ки кулли ҷаҳонро ба ташвиш оварда истодааст, ин тағйирёбии иқлим ва норасоии оби ошомиданӣ дар ҳама гӯшаву канори сайёра мебошад, ки талабот ба он ҳамарӯза меафзояд. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” пешниҳод гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як ташаббуси башардӯстона пазируфта шуд.

Ин ҳама ташаббусҳои ватандустӣ ва башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмонро сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ чунин шарҳ додаанд:

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Руссия: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар». В. Путин пеш аз ин аз сулҳу осоиштагӣ ва давлатсозии мо қоил гардида иброз намуд, ки “Сулҳи тоҷикон ҳамчун як намуна бояд истифода бурда шавад”.

Аҳмадшоҳ Масъуд –  Қаҳрамони миллии Афғонистон, сипаҳсолори машҳур: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори  дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».

Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».

Имрӯз мардуми Тоқикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари олӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд. 

 

Шодбахт Сабуров, мутахассиси  Раёсати

таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед