Ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар шароите баргузор гардида истодааст, ки сиёсатмадорон ва таҳлилгарон масъалаҳои сиёсии вазъи ҷаҳонро мураккаб ва печида арзёбӣ менамоянд. Дар ҳамоиши Душанбе маҳз масъалаи СҲШ ва воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ, дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ, тамоюли нави ҳамкории давлатҳои СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамои рушди фарогири иқтисодӣ, инноватсионӣ ва технологӣ, равандҳои муҳоҷират дар ҳавзаи СҲШ: вазъ ва масоили танзими он, ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо, мақом ва нақши илм, маориф ва фарҳанг дар тавсеаи равандҳои ҳамгироӣ, дастовардҳо ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи СҲШ: иттиҳодияи байнибонкӣ, системаи ягонаи молиявӣ, шабакаи ягонаи нақлиётӣ ва системаи ягонаи мониторинги боркашонӣ, ташаккули самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи СҲШ: рушди иқтисоди сабз, энергияи сабз, ҳифзи муҳити зист ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим мавриди таҳлил ва баррасии коршиносон қарор дорад.
Тавре таъкид гардид, ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор шуда истодааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Форуми мазкур аз қисмати ифтитоҳӣ, ҷаласаи пленарӣ ва аз чор бахш иборат аст, ки дар бахшҳои алоҳидаи он масъалаҳои мубрами вобаста ба фаъолияти СҲШ, давлатҳои узв, марказҳои таҳлилӣ ва дигар мавзуҳо мавриди таҳлил ва баррасии таҳлилгарони марказҳои зеҳнӣ қарор дорад. Аз ҷумла, дар бахши аввали Форум таҳти унвони “СҲШ ва воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ: вазъи кунунӣ, иқтидори “оилаи СҲШ, дурнамои рушди созмон” директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин дар мавзӯи “Дурнамои ҳамкории марказҳои таҳлилии СҲШ дар низоми тағйирёбандаи ҷаҳон”, Котиби генералии Маркази тадқиқотии СҲШ-и Академияи масъалаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Вазъияти кунунӣ ва вазифаҳои нави СҲШ”, директори Маркази амнияти евро-атлантикаи Институти тадқиқоти байналмилмилалии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Никитин дар мавзӯи “Тарҳи нави ҳамгироии байнидавлатӣ дар Осиё”, директори Институи тадқиқоти стратегии Белорус Олег Макаров дар мавзӯи “Равишҳои асосӣ барои бунёди симои ояндаи СҲШ: назари коршиносӣ аз Белорус”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “СҲШ дар воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон”, муовини директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Нақши саммити Самарқанд дар таъмини амнияти минтақавӣ, байналмилалӣ ва рушди устувор” ва раиси Шӯрои директорони Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Озарбойҷон Махир Гумбатов суханронӣ намуданд.
Хайриддин Усмонзода зимни суханронии худ вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи марказҳои таҳлилии СҲШ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки марказҳои зеҳнии Форуми СҲШ дар таҳлил ва пешбинии равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле фаъол мебошанд. Аммо дар шароити кунунӣ афзоши таҳдиду хатарҳо аз қабили терроризму ифротгароӣ, бархурди манфиатҳо, буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рақобатҳои геполитикӣ, чолишҳои сиёсӣ дар минтақаҳои алоҳида марказҳои таҳлилро водор месозанд, ки беш аз пеш ҳамкориҳоро тақвият диҳанд. Зикр шуд, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони имрӯ ба таври пурра дар канор будан наметавонанд. Бинобар ин, мубориза ва бартарафсозии хатару таҳдидҳо, таъмини рушди устувори кишварҳо ва таҳкими суботу амният дар доираи кишварҳои узви СҲШ дар навбати аввал ҳамкорӣ ва ҳамгироии марказҳои таҳлилиро тақозо менамояд. Дар идомаи суханронӣ худ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид дошт, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷиҳати рушди фаъолияти Форуми СҲШ ва тақвияту тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи Созмон омодагии худро изҳор медорад.
Мувини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз ба сифати яке аз созмонҳои байналмилалии пуриқтидор табдил ёфтааст, ки ин омил ба тақвияти ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда истодааст. Ба андеша Парвиз Муҳаммадзода, СҲШ аз нуқтаи назари ҳудуд ва фарогирии аҳолӣ беш нисфи аҳолии ҷаҳон ва ҳудуди ҷуғрофиро дар бар мегирад, ки ин омили дигари таваҷҷуҳи давлатҳо ба ин созмон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсиси СҲШ пайваста ба он талош намудааст, ки қабл аз ҳама дар масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳамкориҳоро бо кишварҳои аъзои СҲШ рушд диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи 18-ми Форуми СҲШ идома дорад ва дар бахшҳои дигари он таҳлилгарони марказҳои зеҳнии узви Форум доир ба мавзӯҳои мубрам назару дидгоҳҳои худро баён дошта истодаанд.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон