Соҳаи тандурустӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок эътироф шуда, вобаста ба тариқи барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонда мешаванд. Хусусан, дар ин марҳила ба инобат гирифтани мувозинати масоили демографӣ ва таҳкими заминаи моддӣ – техникӣ ва кадрии муассисаҳои тандурустӣ хеле муҳим аст. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил (1–уми сентябри соли 2018) таъкид намуда буданд, ки: “Афзоиши мунтазами аҳолӣ талаб мекунад, ки мо бояд барои соҳаҳои тандурустиву маориф боз ҳам муассисаҳои бештар бунёд кунем”.

Бинобар ин, айни ҳол омӯзиш ва таҳлили таносуби афзоиши аҳолӣ ва имкониятҳои воқеии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад, ки дар мақолаи мазкур мо ин мавзӯъро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додаем.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми соҳаи тандурустӣ, ки вазъи рушди соҳаро инъикос менамоянд, ин шумораи муассисаҳои табобатӣ ва   катҳо мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки нишондиҳандаи мазкур аз ҷузъҳои муҳимтарини бахши шабакаҳо ва пояи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ – профилактикӣ ба шумор мераванд. Барои ҳосил намудани таассурот оид ба вазъи нишондиҳандаҳои мазкур дар поён ҷадвалҳо ва диаграммаҳо дар давраи солҳои 1991 то 2018 оварда шудаанд.

                        Ҷадвали 1

Шумораи муассисаҳои табобатӣ дар минтақаҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1991 1995 2000 2005 2010 2015 2016 2017 2018
Ҷумҳурии

 Тоҷикистон

374 434 445 454 423 474 479 484 490
ВМКБ 28 32 32 39 41 37 37 37 36
Вилояти Хатлон 117 152 146 148 134 151 149 151 154
Вилояти Суғд 119 126 144 148 139 162 164 165 174
ш. Душанбе 30 43 22 40 40 45 44 49 48
HТҶ 80 81 101 79 69 79 85 82 78

Аз рӯйи маълумоти омории ҷадвали 1 муайян мегардад, ки дар соли 2018 шумораи муассисаҳои табобатӣ ҳамагӣ 490 ададро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 – ба 1,2 фоиз ё 6 адад муассиса зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1995 – ба 12,9 фоиз  ё 56 адад, 2005 – ба 7,9 фоиз ё 36 адад ва 2015 – ба 3,4 фоиз ё 16 адад афзоиш ёфтааст.

Ҷадвали 2

Шумораи катҳои беморхонаҳо

  1991 1995 2000 2005 2010 2015 2016 2017 2018
Ҷумҳурии

Тоҷикистон

59565 47018 41154 40552 38167 39032 39816 40060 40409
ВМКБ 2830 6606 2020 2013 1985 1985 1985 1974 1918
Вилояти Хатлон 16030 15559 12149 11691 11114 11186 11129 11319 11311
Вилояти Суғд 19170 14389 14333 14499 14125 14728 14964 14994 15225
ш. Душанбе 8395 2175 5713 5584 5518 5482 5932 5938 5942
HТҶ 13140 8289 6939 6765 5425 5651 5806 5835 6013
ба 10 000 аҳолӣ
Ҷумҳурии

Тоҷикистон

107,2 80,2 65,8 58,6 50,1 45,6 45,5 44,9 44,3
ВМКБ 163,3 129,3 96,8 92,2 96,2 91,3 90,1 88,3 84,5
Вилояти Хатлон 91,6 86,6 55,3 47,5 41,3 36,7 35,6 35,4 34,5
Вилояти Суғд 113,2 71,1 75,3 70,4 62,7 58,7 58,4 57,5 57,3
ш. Душанбе 145,2 115,1 99,0 86,4 75,5 68,3 72,7 71,4 70,2
HТҶ 96,6 61,8 50,7 44,2 31,3 28,7 28,7 28,2 28,4

Аз рӯйи маълумоти омории ҷадвали 2 мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар соли 2018 шумораи умумии катҳои табобатӣ дар беморхонаҳо ҳамагӣ 40409 ададро ташкил намудааст, ки нисбат ба солҳои 2017 ва 2015 мутаносибан ба 0,9 фоиз ё 349 адад ва 3,5 фоиз ё 1377 адад кати табобатӣ афзудааст. Аммо нисбат ба солҳои 1995 ва 2005 ин нишондиҳанда камшавиро нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 1995 ба 14,1 фоиз ё 6609 адад ва нисбат ба соли 2005 ба 0,4 фоиз ё 143 адад кати табобатӣ кам шудааст.

Мавриди зикр аст, ки новобаста аз оне, ки сол то сол дар як суръати муътадил шумораи муассисаҳои табобатӣ ва дар баробари онҳо шумораи табибон ва кормандони миёнаи тиб афзоиш ёфта истода бошанд ҳам, вале шумораи аҳолӣ назар ба онҳо ҳамасола бо суръати баландтар афзоиш ёфта истодааст. Пас гуфтан ҷоиз аст, ки таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи меъёрҳои стандартӣ қаноатбахш буда наметавонад (Диаграммаи 1).

Диаграммаи 1

Таъмини ёрии тиббӣ ба аҳолӣ

(шумраи аҳолӣ ба як нафар табиб, ба як нафар корманди миёнаи

тиб ва як кати табобатӣ (нафар, воҳид))

Яке аз проблеммаҳои муҳимми соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар он аст, ки он ҳуҷҷати меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба воҳидҳои кории меъёрӣ (Приказ Минздрава СССР от 11.10.1982 №999 “О штатных нормативах медицинского и педагогического персонала городских поликлиник, расположенных в городах с населением свыше 25 тысяч человек”), ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул ва тасдиқ шуда буд, то ҳол аз нав баррасӣ нашудааст ва ба замони муосир мутобиқ карда нашудааст. Ҳол он ки дар Федератсияи Россия санаи 16.10.2001 ҳуҷҷати мазкур аз нав таҳрир шудааст.

Мувофиқи ҳуҷҷати зикршуда воҳидҳои кории меъёрии муассисаҳои табобатӣ бояд ба аҳолии шуморааш зиёда аз 25 ҳазор нафар муносиб карда шавад. Пас, аз рӯйи омори расмӣ агар дар аввали соли 1992 шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5505,6 ҳазор ва дар ш. Душанбе 584,5 ҳазор нафарро ташкил намуда бошад, пас дар аввали соли 2019 ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба 9126,6 ҳазор ва дар ш. Душанбе ба 846,4 ҳазор нафар расидааст (Диаграммаҳои 2,3,4). Яъне, гуфтан мумкин аст, ки меъёри воҳиди кории ҳуҷҷати мазкур ба аҳолии ҷумҳурӣ ва ё ин ки шаҳри Душанбе муносиб нест. Гарчанде, ки дар замони муосир дармонгоҳҳо ба муассисаҳои КАТС (кумаки аввалияи тиббиии санитарӣ)  иваз шуда, хизматрасонӣ ба тариқи тибби оилавӣ ташкил шуда бошад ҳам, вале ҳуҷҷати меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба воҳидҳои кории меъёрӣ тағйир дода нашудааст.

Вобаста ба ин, имрӯз зарурате пеш омадааст, ки тибқи талаботи имрӯзаи ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии ҷумҳурӣ ҳуҷҷати меъёрии мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор аз нав таҳия ва тасдиқ карда шавад. Чунончи, аз рӯйи таҳлилҳои мақолаи “Соҳаи тандурустӣ ба кадрҳо ниёз дорад” (Ниг.: https://mts.tj/2114/news/11 марти 2020) мушоҳида намудан мумкин аст, ки солҳои охир мутахаасисони зиёде муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии тиббиро хатм намуда истодаанд ва барои таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ, на танҳо муассисаҳои табобатии нав бунёд бояд сохт, инчунин, масъалаи аз нав дида баромадани воҳидҳои кории меъёрӣ (Приказ Минздрава СССР от 11.10.1982 №999 “О штатных нормативах медицинского и педагогического персонала городских поликлиник, расположенных в городах с населением свыше 25 тысяч человек”) низ пеш омадааст.

Диаграммаи 2

Шумораи аҳолӣ ба як нафар табиб

дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2018

Диаграммаи 3

Шумораи аҳолӣ ба як нафар корманди миёнаи тиббӣ

дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2018

Диаграммаи 4

Шумораи аҳолӣ ба як кати табобатӣ

дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2018

Дар боло вазъи рушди баъзе нишондиҳандаҳои асосии соҳаи тандурустиро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додем. Бахши дигари муҳимми соҳаи тандурустӣ маблағгузории он мебошад, ки ба таври мухтасар таҳлилу баррасӣ хоҳад шуд.

Таъмини низоми соҳаи тандурустӣ бо сарчашмаҳои зарурии молиявӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо кумаки сифатнок ва дастрасбудаи тиббӣ яке аз мушкилоти асосии сиёсати давлатӣ дар бахши ҳифзи саломатии шаҳрвандон боқӣ мемонад.

Мувофиқи арзёбии коршиносони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), хароҷоти давлатӣ ба тандурустӣ бояд на камтар аз 6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил диҳад. Дар як қатор давлатҳои бо иқтисодиёти бозаргонии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда (Швейтсария, ИМА, Белгия, Фаронса, Олмон) ин нишондиҳанда дар ҳудуди 7–12 фоизи ММД пешбинӣ мешавад  (http://www.studmedlib.ru/ru/doc/ISBN9785970437100–0025.html// Раздел 26 / 31. С.1 / 13//Глава 23. Финансирование здравоохранения (13–феврали 2020)).

Ҷадвали 3

Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ

(млн. сомонӣ)

  1991 1995 2000 2005 2010 2015 2016 2017 2018
Хароҷоти буҷети давлатӣ,  ҳамагӣ 5,01) 9,4 261,8 1402,7 6712,6 16277,4 18294,3 22264,2 24187,4
Хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ 16,9 82,4 354,9 1037,2 1159,5 1385,2 1538,1
ба ҳисоби фоиз нисбат ба хароҷоти умумии давлатӣ 6,5 5,9 5,3 6,3 6,3 6,2 6,4
ба ҳисоби фоиз нисбат ба ММД 0,9 1,1 1,4 2,1 2,1 2,3 2,2
ба ҳар сари аҳолӣ, сомонӣ 02,73 12,15 47,20 122,72 133,95 156,75 170,35

1)  бо нархҳои амалӣ: млн. рубл

Аз маълумоти ҷадвали 3 бармеояд, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ ҳамасола ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи давлат муътадил афзоиш ёфта истодааст. Яъне, агар дар соли 2005 ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ  82,4 млн. сомониро ташкил намуда бошад, пас дар соли 2018 ин нишондиҳанда қариб 19 баробар зиёд шуда, 1 миллиарду 538 миллион сомониро ташкил намудааст.

Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд: “Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст”.

Хулоса, ҳарчанд имрӯз дар баъзе бахшҳои тиб бархе норасоиҳо мушоҳида карда шавад ҳам, аммо Сарвари давлат кӯшиш намуда истодааст, ки ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои дастрасии ҳамаи хизматрасониҳои тиббӣ бо тариқи усулҳои муосир шароит фароҳам оварда шавад. Бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ба таври мунтазам ҷараён дорад. Сохта ба истифода додани муассисаҳои тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон имрӯз низ аз мадди назар дур нест. Дар маҷмӯъ, дастовард ва навгониҳое, ки айни замон дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд, худ далели раднопазири онанд, ки соҳаи мазкур дар мамлакат рӯ ба рушд аст. Барои боз ҳам рушд ва муккамал намудани бахши тандурустии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои зеринро пешниҳод менамоем:

  1. Дар баробари таъмини муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, ба масъалаи истифодаи самараноки онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуда, омода намудани мутахассисон тавассути курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда шавад.
  2. Барои таҳкими ҳайати кормандони соҳаи тиб, зиёд намудани теъдоди муттахассисони баландихтисоси ватанӣ ва аз даст надодани онҳо ба манфиати давлатҳои мутараққӣ, дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандсозии мутахассисон андешидани тадбирҳои зарурӣ мувофиқи мақсад аст.
  3. Бо мақсади рушди истеҳсоли маводҳои дорувории ватанӣ ва ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ин соҳа, воридоти таҷҳизоти истеҳсолии фармасевтӣ ва ашёи хомро аз боҷи гумрук, маҳсулоти истеҳсоли ватаниро аз андоз озод намуда, рушди дорувориҳое, ки аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард мешаванд, тақвият дода шавад.

Ф.И. Худойдодова, муовини сардори

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед