Мо ба неру, рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории Шумо – модарон ва хоҳарону духтарони азиз такя менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Соҳибкории занон як падидаи рушдёбандаи ҷаҳонӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи  назарраси омӯзишро дар даҳсолаҳои охир ба худ ҷалб менамояд. Чуноне олимон қайд менамоянд, саҳми занон ба иқтисодиёти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва ҷамъшавии сарват дар замони муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, кишварҳое, ки сатҳи баланди фаъолияти соҳибкорони занонро доро мебошанд, ба буҳронҳои молиявӣ ва коҳиши иқтисодӣ камтар дучор мешаванд. Яъне, соҳибкории занон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим мебозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа диққати махсус зоҳир менамоянд. Ҳамчунин, барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароит ва ба танзим даровардани фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, ҳамчунин, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул гардидаанд, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкории занон мусоидат хоҳад кард.

Соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, нонпазию қаннодӣ, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, натанҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.

Коршиносон қайд менамоянд, ки “дар ҷумҳурӣ ҳама шароит барои занҳо таъсис дода шудааст, ки онҳо ба фаъолияти меҳнатии фаъол машғул шаванд, алалхусус соҳибкорӣ. Занон ба фаъолияти хуби пардохтшаванда, таълими пайваста ва моликият дастрасӣ доранд. Инчунин, таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат дода мешавад. Бо ин мақсад, барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, омодасозии духтарон ва дастгирии иқтисодии соҳибкории занон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст”. [http://vestnik.tj/hum_dok/2016/n1/RU/Bobokulova_ma.pdf]

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳои “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳиссаи занони соҳибкор дар шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор сол аз сол афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба 25% расид, ки нисбат ба соли 2015–7,72 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, афзоиши шумораи занони соҳибкори бақайдгирифташуда, он сол то сол зиёд гардида, соли 2023 нисбат ба соли 2015 зиёда аз 86 дарсадро ташкил дод.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти омори расмӣ шумораи соҳибкорзанони инфиродии фаъолияткунанда дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.2024 зиёда аз 85000 адад расидааст. Ҳиссаи вилояти Суғд дар шумораи умумии соҳибкорзанони инфиродии фаъолияткунанда 41,98%, ҳиссаи вилояти Хатлон 27,46%, ҳиссаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16,78%, ҳиссаи шаҳри Душанбе 12% ва ҳиссаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1,78%–ро ташкил медиҳад (диаграммаи 1).

Дар сохтори соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда назар андозем, маълум мегардад, ки ҳиссаи зиёдро шаҳри Душанбе 30,9% ва вилояти Суғд 30,1% доро буда, ҳиссаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 17,5%, вилояти Хатлон ба 16,8% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 4,8% барорбар мебошанд.

Дар сохтори соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ҳиссаи зиёдро вилояти Суғд 33%, шаҳри Душанбе 23,9,%, вилояти Хатлон 22,4%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17,1% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3,6% ташкил медиҳанд.

Дар сохтори соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳиссаи вилояти Суғд 47%, вилояти Хатлон 32,7%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19,2%, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,37% ва шаҳри Душанбе 0,78%-ро ташкил медиҳад.

Ба сохтори соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда назар андозем, маълум мегардад, ки дар он ҳиссаи зиёдро вилояти Суғд 49,6%, вилояти Хатлон ба 27,2% ва шаҳри Душанбе 12,5% доро буда, ҳиссаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 9,7% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 1% барорбар мебошанд.

Диаграммаи 1. Сохтори соҳибкорзанони инфиродӣ (СЗИ) аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.2024

Тибқи маълумоти диаграммаи 2 дар шумораи умумии соҳибкорзанони инфиродии фаъолияткунандаи кишвар ҳиссаи зиёдашро соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 45,4%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 29,2%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 17,3% ва боқимонда 8,1%-ро соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ташкил медиҳанд.

Диаграммаи 2. Сохтори шумораи соҳибкорзанон аз рӯйи намуди фаъолият дар минтақаҳо (ба ҳолати 01.01.2024)

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сохтори ин нишондиҳанда ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 58,9%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 21,5%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 10,1% буда, ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 9,4%-ро ташкил медиҳад.

Дар вилоятии Хатлон ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 54,1%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 23,9%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 5% ва соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 17,1% мебошад.

Дар вилоятии Суғд ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 50,8%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 23%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 5,8% ва соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 20,4%-ро ташкил дод.

Дар шаҳри Душанбе ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 58,2%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 20,8%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 18% ва соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 3% мебошад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳибкорзанони инфироди хоҷагиҳои деҳқонӣ 51,9%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 29,7%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 8,5% ва соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 9,9%-ро ташкил дод.

Маврид ба зикр аст ки, аҳаммияти дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон ҳамчун омили асосии пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар хеле муҳим буда, фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкории занон метавонад ба ноил шудан ба рушди устувори ҷомеа мусоидат намояд.

Натанҳо коршиносони дохилӣ, инчунин, хориҷӣ низ қайд менамонд, ки новобаста ба рушди иқтисодии кишварҳо дар баробари мавҷуд будани дастовардҳои назаррас ҳоло ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, ба инобат гирифтани тадбирҳои зерин метавонанд барои рушди минбаъдаи соҳибкории занон мусоидат намояд:

  • Созмон додан ва тақвият бахшидани фаъолияти марказҳое, ки бо хизматрасониҳои машваратӣ ва таълимӣ барои соҳибкорзанон дар самти ҳуқуқ, маркетинг, молия, идоракунӣ, банақшагирӣ ва дониши расмиёти гумрукӣ машғуланд;
  • Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷорӣ намудани курсҳои бозомӯзии занони соҳибкор;
  • Баланд бардоштани сатҳи дастрасии занони соҳибкор ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла паст намудани меъёри фоизи қарзҳо, сабук намудани талаботи бонкӣ, дароз намудани муҳлати қарз, пешниҳоди имтиёзҳо барои пардохти фоизи қарз ва ғайра;
  • Тақвият бахшидани рушди соҳибкории хурду миёнаи занон дар деҳот;
  • Тақвият бахшидани лизинги техника ва технология барои занони соҳибкор;
  • Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти пешбурди соҳибкории занон.

Ҳамин тавр, хулоса баровардан мумкин аст, ки дар давлати мо барои рушди устувори иқтисодӣ дастгирии фаъолияти соҳибкорзанон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеае, ки шумораи занону бонувони босаводу соҳибмаърифат ва кордон зиёд мегардад, фарзандони солиму соҳибмаълумот ба воя мерасанд ва ин яке аз омилҳои некуаҳволии ҷомеа ва давлат мебошад.

 

Содиқова Аниса Фарҳодовна,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед