Мо ба нерӯ, рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории шумо – модарон ва хоҳарону духтарони азиз такя менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Рушди соҳибкорӣ дар тамоми соҳаи иқтисодиёти давлат барои барпо намудани истеҳсолоти нав, васеъкунии истеҳсолот, мукаммалгардонии техникаву технологияи ташкилот ва идоракунӣ, ба даст овардани фоида, фаъолияти инноватсионӣ ва пешрафти илмӣ – техникӣ, иштирок дар сиёсати шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ, дар амалисозии барномаҳои миллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, барои афзун гардонидани боигарии аҳолӣ нақши муҳим мебозад.

Бояд тазаккур кард, ки 49,5 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳ ба шуғли онҳо сол ба сол афзоиш меёбад. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти давлат ва ҳукумати кишвар –  таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкорӣ тавассути муқаррар намудани имтиёзҳо дар соҳаҳои андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.

Дастгирии соҳибкорзанон аз тарафи Ҳукумати мамлакат имкон медиҳад, ки шумораи занони соҳибкор дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ривоҷу равнақ ёфта, саҳми арзандаи худро дар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ гузошта, барои баланд бардоштани шароити зиндагӣ мусоидат намоянд. Ҷиҳати дастгирии соҳибкорзанон соли 2006 гранти президентӣ таъсис дода шудааст.

Саҳми занону бонувон дар рушди иқтисодиёти малакат сол то сол зиёд гардида истодааст. Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Рахмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки имрӯзҳо шумораи занони соҳибкор ба 77400 нафар ва шумораи занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ – 35600 нафар расида, ба занону бонувони соҳибкор дар давоми соли 2020 ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 барои дубора рушд ёфтани ин соҳа, дар асоси он устувор гардидани заминаҳои қонунгузории он ва қабул гардидани як қатор барномаҳою лоиҳаҳои соҳавӣ, ба ҷалби занону бонувони бекор ба шуғли арзанда мусоидат намуд. Илова бар ин, дар ин асос аз 1 январи соли 2018 истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва фурӯши молу маводҳои ҳунарҳои мардумӣ    аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд, ки ин ба рушди соҳибкории занон мусоидат менанмояд.

Вале сарфи назар аз мавҷуд будани дастовардҳои назаррас ҳоло ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт ҷой доранд. Бинобар ин, барои рушди минбаъдаи соҳибкории занон ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

  •  Созмон додани марказҳое, ки бо хизматрасониҳои машваратӣ ва таълимӣ барои соҳибкорзанон дар самти  маркетинг, молия, идоракунӣ ва банақшагирӣ, дониши расмиёти гумрукӣ, тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ,  баҳодиҳии афзалиятҳои рақобат машғуланд;
  •  Баланд бардоштани сатҳи дастрасии захираҳои молиявӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ, паст намудани меъёри фоизи қарзҳо, сабук намудани талаботи бонкӣ, ворид намудани воситаҳои алтернативии маблағгузорӣ, зиёд кардани грантҳо барои соҳибкорзанон;
  • Муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурди миёнаи занон дар деҳот;
  • Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастгирии илмӣ, методӣ, машваратӣ ва меъёрӣ;
  • Пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ;
  • Дар барномаҳои соҳавӣ дохил намудани қисматҳои махсус оид ба рушди соҳибкории занон.  

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеае, ки шумораи занону бонувони босаводу соҳибмаърифат зиёд мегардад, фарзандони солиму соҳибмаълумот ба воя мерасанд ва ин яке аз омилҳои некуаҳволии ҷомеа ва давлат мебошад.  

                   А.Ф. Содиқова, Сармутахассиси

Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва инкишофи бахши хусусии МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед