Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурге на танҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, инчунин дар соҳаи иқтисодиёт низ мебошад, ки барои ободониву созандагии давлат ва беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият иқтисодиёти кишвар куллан тағйир ёфт ва заминаҳои институтсионаливу қонунгузории иқтисоди бозоргонӣ инкишоф гардиданд. Дар ин давра ташаккули ҷузъҳои асосии иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ роҳандозӣ гардид.Дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ нақши соҳибкорӣ дар ҷомеа, рушди иқтисодиёти давлат, аз ҷумла барои таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, торафт афзоиш меёбад. Бе шубҳа, қайд кардан ба маврид аст, ки дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ яке аз омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки “Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад”. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат мунтазам барои фаъолияти самараноки соҳибкорӣ варушди бахши хусусӣ шароити мусоидфароҳам оварда, як қатор тадбирҳоро дар им самт андешидаанд, ба монанди:

  • Заминаи қонунгузорӣмуҳаё гардида, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул шудаанд, чунончи қонунгузорӣоидбанизомииҷозатдиҳӣ, қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва қонунгузорӣ оид ба моратория;
  • Барои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бешаз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шудаанд;
  • Барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 татбиқ гардид, ки барои рушди соҳа таъсири мусбат расонид. Ҳоло Лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шудааст;
  • Соли 2018 истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва фурӯши молу маводҳои ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд;
  • Низоми андозбандӣ мунтазам такмил дода шуда, Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул гардид ваномгӯйи андозҳо аз 10 то 7 адад кам гардида, меъёрҳои андозҳо бошад, паст карда шуданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳибкорӣ шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард;
  • Дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, № 624 Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки бо дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзиши соҳибкорон машғул мебошанд;
  • Низомҳои «Равзанаи ягона» барои барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, пешниҳод намудани шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ ва барои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ҷорӣ гардидаанд, ки барои соддаву осон гардонидани фаъолияти берунаи соҳибкорӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар намудани он мусоидатменамояд;
  • Бо мақсади ҷалб намудани сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, техника ва технологияҳои муосир дар ҷумҳурӣ панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ: минтақаи озоди иқтисодии истеҳсолӣ – инноватсионӣ «Суғд», минтақаи озоди иқтисодииистеҳсолӣ – инноватсионии «Данғара», минтақаи озоди иқтисодии комплексии «Панҷ», минтақаи озоди иқтисодии тиҷоратӣ – истеҳсолии «Ишкошим» ва минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ – инноватсионии “Кӯлоб”амал менамоянд. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсулотҳои локу ранг, қубурҳо, бозичаҳои пластмассӣ, мебел ва ноқилҳои барқӣ,дару тирезаҳои чӯбӣ, профилҳои алюминий, пластикӣ ва полиэтиленӣ, истеҳсол карда мешаванд. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ соҳибкорон, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти андозҳо (ба истиснои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ) вабоҷҳои гумрукӣ озод мебошанд;
  • Дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои пулию молӣ 62 адад ташкилоти қарзии молиявӣ (14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 18 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 26 адад фонди қарзии хурд) фаъолият мекунанд.Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои Бонки милли Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 барои соҳибкорон ба маблағи 4,2 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст, ҳамчунин, 2,5 млрд. сомонӣ қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ додашудааст;
  • Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”барои устувор гардидани заминаҳои қонунгузорӣ ва қабул гардидани як қатор барномаҳою лоиҳаҳои соҳавӣ замина гузошт;
  • Дар ҳисоботи«Пешбурди соҳибкорӣ»дарнатиҷаиислоҳотҳои гузаронидаи ҲукуматимамлакатҶумҳурии Тоҷикистон ду маротиба солҳои 2015 ва 2020 бақаторидаҳгонаикишварҳоиислоҳотгар ворид гардид;
  • Расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба соҳибкорон барои дарёфти бозори нави истеъмолии ҳам дохиливу ҳам хориҷӣ ва васеъ гардонидани фаъолияти худ мусоидат намуд.
  • Ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ асос гузошта, барои васеъшавии миқёси фаъолияти соҳибкорӣ ва диверсификатсияи молҳо мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, имрӯз дар натиҷаи тадбиқи тадбирҳои андешида аз ҷониби бахши хусусӣ зиёда аз 70 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ истеҳсол мегардад. Теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам афзуда, дар семоҳаи аввали соли 2022 ба 339982 адад, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 31330 адад, соҳибкорони инфиродӣ ба 308652 ададро ташкил намуданд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ – фермерӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 ба 168579 ададрасид, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5% афзудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорон ба маблағи 22225,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд (нисбат ба соли гузашта 17,6 фоиз зиёд). Ҳамзамон, дар ин давра 2508 коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият намудаанд(дар соҳаҳои истихроҷ 298 адад, коркард 2047 адад, таъминоти нерўи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 91 адад). Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 – 19482,5 млн. сомониро ташкил дод (нисбат ба соли 2021-ум 6,6 фоиз зиёд).

Ҳамин тариқ, фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар даврони Истиқлолият мунтазам рушд ёфта, барои таъмин намудани рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ вабаланд бардоштани иқтидории содиротии давлат замина мегузорад. Минбаъд амалӣ гардонидани низоми ягонаи энергетикӣ, тақвияти раванди сармоягузорию қарздиҳӣ, пешниҳод гардидани имтиёзҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои боз ҳамтараққӣ ёфтани ҳаматарафаи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад. Давлат боядбарои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварад, корхонаҳо низ дар навбати худ бояд ташаббус нишон диҳанд, аз шароити фароҳамовардашуда самаранок истифода баранд ва барои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ саҳмгузор бошанд.

 

Содиқова А.Ф.,
корманди Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед