Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита бо сарварии Президенти кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи илму маориф, ки ҳамчун пойдевори рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Зеро, соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат мебошад, ки рушди он аз омилҳои гуногун вобаста буда, пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, омода намудани мутахассисони касбҳои гуногун, тақвият бахшидани заминаи моддию техникии соҳа чораҳои зарурӣ ва саривақтиро меандешанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, ҳамчун як кишвари мустақил дар байни дигар давлатҳо эътироф гардидааст. Дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари моро нооромиҳои сиёсӣ фаро гирифта буд, ки он ба соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ мушкилоти зиёдеро ба миён оварда буд.
Соҳаи маориф яке аз он соҳаҳое мебошад, ки бахшҳои гуногуни он ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардида буданд. Аз ҷумла, дар он вақт базаи моддӣ–техникии соҳа хароб гардида, аксарияти муассисаҳои таълимӣ пурра ё қисман аз фаъолият боз монда буданд. Дар саросари кишвар ваъзи бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ нигаронкунанда гардида, омӯзгорони зиёд бо сабабҳои гуногун ба дигар кишварҳо кӯч бастанд. Ҳамзамон, аксарияти хонандагон аз таҳсил дур монда, фарогирии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ғайриимкон буд.
Моҳи ноябри соли 1992, баъди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, ки Иҷлосияи тақдирсоз ном мебарем, ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид. Дар он ҷо ҳайати нав дар симои Пешвои миллат як марди ҷасуру меҳанпарастро ҳис намуда, ба ҳайси Сарвари нави кишвар интихоб намуданд. Ҳамин тариқ ҳамаи он мушкилоте, ки дар он вақт кишварро фаро гирифта буд, ба дӯши роҳбари нав вогузор гардид.
Албатта, дар он замон ба дӯш гирифтан ва бартараф намудани ин ё он мушкилот хеле душвор буд. Маҳз иродаи қавӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳисси меҳанпарастӣ ва масъулияти баланди роҳбарии Сарвари давлат буд, ки дар он замони бесарусомонӣ ҳаёти худро зери хатар гузошта, вазифаи пурмасъули роҳбариро бо тамоми мушкилоташ дар назди мардум ба зимма гирифтанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари кишвар интихоб гардидан, давра ба давра роҳи ҳалли мушкилоти соҳаҳоро меҷӯстанд. Аз ҷумла, барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ва ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону ҷалби омӯзгорон кӯшишу талошҳои зиёде намуданд. Маҳз бо шарофати Президенти кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, шурӯъ аз базаи моддию техникӣ то ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳҳои гуногуни таҳсилот ва сифати таълиму тарбия мунтазам рӯ ба беҳбудӣ оварданд.
Дар ин раванд, баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар, тибқи супоришҳои пайвастаи давлату ҳукумат, аксарияти муассисаҳои таҳсилотии кишвар таъмиру азнавсозӣ гардида, ба инкишофи зинаҳои гуногуни таҳсилотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва фанҳои дақиқ, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ васеъ ба роҳ монда, диққати махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар давоми солҳои 1991 – 2020 дар миқёси кишвар беш аз 2750 бинои мактаб ва бинои иловагӣ дар назди мактабҳо барои зиёда аз 590000 ҷойи нишаст сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, дар давраи истиқлолият шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардида, дар минтақаҳои гуногуни кишвар 9 мактаби Президентӣ, 75 гимназия ва 71 литсей бо фарогирии қариб 97 ҳазор хонанда таъсис дода шудааст.
Айни замон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 3884 адад буда, аз онҳо 315 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 442 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3127 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 2 033 900 хонанда, ки аз онҳо 980 766 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар самти маориф аз тарафи давлату ҳукумат таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, ин ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Зиёд гардидани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар давраи соҳибистиқлол гардидани кишварамон яке аз афзалиятҳо ва дастовардҳои бузурги соҳаи маориф мебошад. Дар муқоиса бо солҳои аввали истиқлолият шумораи ин муассисаҳои таҳсилотӣ хеле афзудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ сол то сол рушд намуда, барои таъмини соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо кадрҳои коргарӣ саҳми худро мегузорад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ–касбӣ пас аз 2–сола гардидани муҳлати таҳсил талаботи ҷавонписарону духтарон ба гирифтани касби коргарӣ ва ҳам таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ нисбат ба солҳои пештар зиёд гардидааст.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 63 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейҳои касбии техникӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар миқёси ҷумҳурӣ 75 (57 давлатӣ) (дар соли 2013 ҳамгӣ 53 ададро ташкил медод) муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 23 муассисаи соҳаи техникӣ мутахассисонро аз рӯи 68 ихтисос вобаста ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ омода менамоянд.
Фарогирии донишҷӯён дар ин муассисаҳои таълимӣ ҳамасола зиёд гардида, шумораи духтарон дар ин зинаҳо бештар ба назар мерасанд. Дар аввали соли таҳсили 2019/2020 шумораи донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 87,6 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо беш аз 53 нафарашон духтарон мебошанд. Таносуби духтарон дар шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 62,1%-ро ташкил медиҳад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ қисми зиёди донишҷӯён дар равияҳои тандурустӣ, маориф, саноат ва сохтмон таҳсил менамоянд. Ҳамасола зиёда аз 27 ҳазор нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм менамоянд, ки қими зиёди онҳо (зиёда аз 15 ҳ.н.) ба соҳаи тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рост меояд.
Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар низ зиёд гардида, дар соли таҳсили 2019/2020 якҷоя бо филиалҳои худ 40 ададро ташкил медиҳад. Шумораи умумии донишҷӯён ба 229,6 ҳазор нафар баробар аст, ки аз онҳо 86,5 ҳазор нафар ё 37,7% духтарон мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 1991 – 13 адад бо фарогирии 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият менамуданд. Солҳои таҳсили 1996/1997 дар 25 адад муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шумораи умумии донишҷӯён 76 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз он ҳамагӣ 19,6 ҳазор нафар ё 25,8%-ро духтарон ташкил медоданд.
Имрӯз дар байни аҳолӣ, пеш аз ҳама, дар байни занон нуфузи таҳсилу донишомӯзӣ баланд рафта, аксари волидон новобаста аз сатҳи пасти зиндагиашон мехоҳанд фарзандони худро ба донишандузӣ раҳнамоӣ намоянд. Бахусус, дар шароити деҳот аксари наврасону ҷавонон бо сабабҳои гуногун хоҳишу имконияти идома додани таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ надоштанд, ки ин ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни кишвар таъсири манфии худро мерасонид. Дар масъалаи ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мушкилиҳои зиёд ба назар мерасид, ки дар натиҷа боиси аз таҳсил дур мондани онҳо мегардид.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон дар даврони шӯравӣ аз шумораи умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 49,7%-ро духтарон ташкил медоданд, вале дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, ки кишвари мо мушкилиҳои сиёсию иқтисодиро аз сар гузаронид, фарогирии духтарон ба таҳсилоти олии касбӣ хеле коҳиш ёфта буд.
Айни замон, бо кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат, сатҳи фарогирии духтарон бо таҳсил хеле боло рафта, ҳатто дар байни онҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд баъди хатми мактаб на фақат дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, балки берун аз он таҳсили худро идома дода, касби худро такмил диҳанд.
Азбаски ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ квотаи президентӣ ташкил карда шудааст. Тайёр намудани мутахассисон тибқи квотаи президентӣ аз соли таҳсили 1997/1998 оғоз гардида, асосан духтарони ноҳияҳои дурдастро дар бар мегирифт. Баъдан ин имтиёз барои писарон низ муқаррар гардид, ки онҳо ба муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ, бидуни супоридани имтиҳон, танҳо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Довталабоне, ки тариқи квота ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, аз тарафи комиссияи озмунӣ дар асоси суҳбат қабул гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавсия карда мешаванд.
Беш аз 20 сол мешавад, ки ин иқдом дар ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ амалӣ мегардад. Ҳадафи ташкил намудани квотаи президентӣ, пеш аз ҳама, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони деҳоти дурдаст ва бо ин мақсад минтақаҳои гуногуни кишварро бо мутахассисони касбу кори гуногун таъмин намудан мебошад.
Аз рӯзҳои аввали таъсис додани квотаи президенти кишвар садҳо нафар ҷавонон, ҳам аз ҳисоби духтарон ва ҳам аз ҳисоби писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми донишгоҳ ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти хешро идома дода, барои пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм гузошта истодаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ҳориҷ таҳсил намудани ҷавонон ҳамасола беш аз 1000 ҷой барои қабули довталабон, ҳам аз ҳисоби духтарон ва ҳам аз ҳисоби писарон тибқи квотаи президентӣ ҷой ҷудо мегардад. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019-2020 – 1319 ҷой, аз ҷумла, барои духтарон 671 ҷой ва барои писарон 648 ҷой ҷудо гардидааст. Тақсимоти ҷой вобаста ба минтақаҳо аз рӯйи талабот сурат гирифта, шумораи он ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кишвар кам ё зиёд карда мешавад. Айни замон тибқи квотаи президентӣ ҳамагӣ 7401 нафар, аз ин теъдод 3727 нафар духтарон ва 3674 нафар писарон таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёне, ки тариқи квота дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, 145 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 56 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҳамин тавр, аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки имрӯз новобаста аз он ки миллати мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи маориф мушкилоти зиёдеро паси сар намуда, ба равандҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, дучор мегардад, маҳз бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҳамаи ин пешрафтҳо маҳз бо шарофати Президенти кишвар мебошад, ки дар ҳалли мушкилоти соҳа ва рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Назирова Марҳамат Назаровна,
сармутахассиси Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон