Имсол, чунон ки бисту чор сол пеш аз ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон онро соли тақдирсоз ва марҳаллаи гузариш ба давраи рушди сифатан аъло арзёбӣ намуд, барои ҳар фарди Тоҷикистон соли хоссаи тақдирсоз аст. Ҷашни муқаддасу фархунда – 24 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар пойтахти Ватани азизамон ҷашн мегирем. Ин ҷашни пуршукӯҳ ва пурсафо дар шароите мегузарад, ки халқи бунёдкори мо баъд аз таҷљлили  30-солагии истиқлолияти давлатӣ ин давраи пуршарафи гузаштаро пеши назар меорад.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорем, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлолият давлатӣ ягонагии сарнавишти таърихӣ дар маркази фаъолияти мо қарор дошт. Роҳи бунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Мутаҳид дар амалӣ намудани иқдомҳои башардӯстона дар арсаи ҷаҳони саҳми босазо гузошта, саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ҳамчун намунаи олӣ ва бесобиқаи ба даст овардани сулҳу оштӣ ва аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ  арзёбӣ шудааст.

Ваҳдати миллӣ омили асосие мебошад,  ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад, моро ба ҷомеаи якҷояшавӣ, сулҳу субот, хамдигарфаҳмӣ, ватандўстӣ, амнияти ҷомеа ва рушди иқтисодиёти мамлакат ноил мегардонад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ ба рушду равнақи иқтисодиёти кишварамон такони ҷиддӣ бахшид. Аз файзу баракати  истиқрори сулҳу  ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи нав оғоз шуд, ки дар натиҷа кишварамон ба рушди бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъмин гардид. Ваҳдати миллӣ тавлиди ҷомеаи навини Тоҷикистон аз рўзи қабул шуданаш барои барқарорсозии сохтори давлатӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид.

Барои таъмини таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ, ичрои вазифаҳои нав нихоят заруранд, ки халли самараноки ин вазифаҳо бештар аз таъмини амнияти озукавори вобастагии калон дорад, зеро он яке аз самтҳои асосии стратегияи давлат мебошад.  Ин вазифа ниҳоят пурмасъулият буда, аз тамоми миллат заҳмати самаранокро талаб мекунад, зеро амнияти озуқаворӣ тавозуни озуқаи бозори дохилӣ, суботи истеҳсоли ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти ғизоии ватаниро ифода мекунад.

Ҳалли ин масъала аз рушди босуботи сохаи  кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Махз барои ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2016, кишоварзиро яке аз бахшҳои  такондиҳандаи иқтисоди Тоҷикистон ва таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва  аҳолӣ бо ҷои кор номид.

Ба туфайли Вахдати миллӣ пастшавии бемайлони сатхи истехсолоти кишоварзи  боз дошта шуд ва рушди босамари истехсоли тамоми навъҳои маҳсулоти хурокворӣ оғоз ва фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид,  сатҳи камбизоати аҳоли коҳиш дода шуд ва  имкониятҳои маблағгузориҳои буҷетӣ аз ҳисоби афзоиши фоида ва фоиданокӣ беш aз беш  вусъат ёфта истодааст.

Масалан, дар давоми 24 соли  Ваҳдати миллӣ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли ғалла аз 1562,1  хазор тонна дар соли 1997 ба 1435,8 хазор тонна дар соли 2020 расид, ё ки 2,6 маротиба зиёд шуд. Мутаносибан, сабзавот- аз 350,6 ба 2480,6  ва  7,1 маротиба зиёд, полизиҳо аз 64,1 ба 757,0 ( 11,8 маротиба зиёд), мева- аз 112,7 ба 470,4 ( 4,2 маротиба зиёд), ангур – аз 126,9 ба 239,9 ( 1,89, )гушт аз 29,6 ба 306,2 (10,3 маротиба зиёд), шир – аз 234,6 ба 1021,0 ҳазор тонна расид ва 3,9 маротиба зиёд шуд. Истеҳсоли тухм дар соли 1997 ҳамагӣ  6,9 хазор донаро ташкил медод ва дар соли 2020 ин микдор ба 983,1 ҳазор дона расид, ки  кариб  124,4  маротиба зиёд аст. Саршумори чорвои калон аз 2385,5 ҳазор сар  (соли 1997 ) ба 2268,8 ҳазор сар дар( соли 2020 ) расид, ки 1,1 баробар ва саршумори бузу гӯсфанд – аз 823 ба 5840,4 ҳазор сар расид, ё ки 7,1 маротиба зиёд.

Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шароити Ваҳдати миллӣ,  соҳаи кишоварзӣ, бо вуҷуди омилҳои идомаёбандаи бӯҳрон  дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар тамоюлҳои манфии ҷойдошта, тавонист рушди бонизоми истехсолотро таъмин намояд ва ба барқарорсозии иқтисоди кишвар мусоидат намояд.

Аммо ин дастовардҳо то кунун имконият намедиҳанд, ки  ба таъмини пурраи аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бо нархи паст ва ба рушди устувори кишоварзӣ ноил гашт. Мутаассифона, то ҳол баъзе мушкилотҳое мавҷуданд, ки  садди роҳи  ба таври пурра расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гашта истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо заминаи рушди иқтисодиётро ба талаботи муосири ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давраи гузариш таъмин намуданд. Ба туфайли Ваҳдати миллӣ яқ қатор қонун ва қарорҳо, аз ҷумла қонун «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи давлатии амнияти бехатари озуқаворӣ» барои то солҳои 2015, “Барномаи ислохоти кишоварзи барои солхои 2012-2020”, як катор барномахои сохави дар бахши  кишоварзӣ қабул  гардиданд.  Ҳарчанд давлат дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешидааст, аммо, мутаассифона заминаҳои таҳдидкунандаи он ба тартиботи ҷамъиятӣ комилан аз байн нарафтааст.

Бояд қайд намуд, ки кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти  кишвари мо ба ҳисоб меравад, зеро бештар аз 5,7 млн. нафар, ё 73,6 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Инчунин, соҳаи кишоварзӣ дорои захираҳои калони замину об мебошад ва чунин нерӯи бузург дар сурати созмондиҳии илмӣ ва оқилонаи истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва дар сурати дастгирии давлатӣ қодир аст, ки на танҳо амнияти ғизоиро бидуни илм ва дастовардҳои он тасаввур намудан ғайриимкон аст. Татбиқи комёбиҳои илмӣ ва дар бозори истеҳсолӣ истифода гардидини илму технология, муҳити навоварии мусоидеро талаб мекунад, ки дар он илм ва истеҳсолот бемамониат робитаи зич дошта бошанд. Барои ин, яке аз самтҳои афзалиятноки истехсолот дар сохаи кишоварзӣ ва рушди босуботи он, чорӣ намудани инноватсия (навоварӣ) ба ҳисоб меравад, зеро фаъолияти соҳае, ки аз навигарихои илм ғизо ва сарчашма намегирад, яқинан ба кассодӣ ва пастравӣ мувоҷеҳ мегардад.

Бахши кишоварзӣ имрўз даромаднок нест ва ҷойҳои кории устуворро ба вуҷуд намеоварад, гарчанде таъмини ҷойҳои корӣ яке аз омилҳои муҳими нигаҳдории пояи сулҳу субот ба ҳисоб меравад ва аксари он ҳаводисе, ки имрўз дар ҷаҳон рўй дода истодаанд, бевосита аз баланд шудани сатҳи бекорӣ ё худ сатҳи номусоиди иҷтимоӣ миёни ҷавонон шабоҳат дорад.

Инчунин мушкилот, ба монанди   заволи зерсохтори (деградатсия) замин,  фаъолияти корӣ ва  моддӣ-техникии кишоварзӣ, вазъи номусоиди маблағгузорӣ ва қобилияти пасти пардохтии қисми зиёди деҳқонон, маҳдудияти захираҳои молиявии корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки  бевосита ба паст шудани базаи моддиву – техникӣ дар соҳа таъсир мерасонад арзи вуҷуд доранд.  Чунин омилҳои макроиқтисодӣ, ба монанди афзоиши нархи барқу сўзишворӣ, баланд гаштани арзиш ва норасоии тухмӣ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо ва дигар воситаҳои моддию техникӣ, ки дар соҳа истифода мешаванд, ба фаъолияти пурсамари хоҷагидорон ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин имконияти  истеҳсолкунандагонро барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, гузаштан ба технологияҳои нави сарфакунандаи захираҳо  душвор месозад.

Ҷой доштани проблемаҳои дар боло зикршуда, зарурати барқарорсозӣ ва рушди имкониятҳои техникӣ ва технологии истеҳсолоти кишоварзӣ, ба вуҷуд меорад. Барои ин зарур мешуморем:

– тарҳрезии роҳҳои такмили қарздиҳии кишоварзӣ, чун воситаи пешбари дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва барои таъмини дастрасии деҳқон ба қарз;

– амалӣ намудани сиёсати замин бояд ба маҳдуд сохтани гирифтани замин аз гардиш, хотима додан ба фурӯш ва истифодаи замини кишт ба мақсадҳои ғайрикишоварзӣ равона гардад. Ҷудо кардани замин бояд бо пешбинии истифодаи замини кишоварзӣ асоснок шавад ва тавассути қонунгузории замин танзим гардад;

-беҳбуди ҳолати таъмини техника ва технологияи нави тавлиди маводи хӯрока ва селексияи муосир аз тариқи ҷалби тарҳҳои сармоягузории вобаста ба лизинги техника ба асоси маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ ва ташкили шабакаи пойгоҳҳои  мошинӣ-технологӣ ва ғайра;

– фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои паст кардани андозбандии соҳибкорону корхонаҳои дехот,  дар сурати эҷоди ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби онҳо;

– омода кардани кадрҳое, ки қобилияти идоракунии самараноки равандҳои навоварӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои навоварӣ, сарфаи маблағ ба фаъолияти илмӣ-навоварӣ;

– дастгирии молиявии инноватсия доир ба навсозии фондҳои асосӣ, азхудкунии технологияҳои нав, дарёфт намудани мошину таҷҳизоти нав, тухмии навъи аъло ва чорвои зотӣ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои муҳофизати растанӣ ва ғайра;

– азбаски дар кишоварзӣ истеҳсолоти майдамол бартарӣ дорад, ки хеле камсамар аст ва деҳқонон наметавонанд мутахассисҳои соҳаро ба фаъолият ҷалб кнамоянд, таъсиси Маркази машваратӣ-иттилоотӣ аз ҳисоби тамоми мутахассисони ботаҷрибаи соҳа,  ки ба  фермерҳо доир ба технологияи навин ва техникаи хозиразамон, парвариши зироат, чорво ва дигар масъалаҳо метавонанд тавсияҳои муфид диҳанд, зарур мешуморем;

– барои пойдории вахдат ва расидан ба вахдати комил бояд эътимоду бовари байни давлат ва ҷомеа боло бурда шавад, ки роҳи манфиатбахши аз ин хатарҳо эмин нигоҳ доштани ҷомеа мебошад, зеро баробари омилҳои дохилии ба таҳкими ваҳдат таҳдидкунанда мо бояд аз таҳдиди омилҳои берунӣ низ сарфи назар кунем. Масалан, ҳодисаҳои дар як қатор кишварҳои Араб шоҳиди болоравии ин гуна омилҳо дар амалияи ҳозираи муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар фазои Ваҳдат миллӣ замони эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки ҳазор сол баъд аз Сомониён насиби миллати Тоҷик мебояд ҳар ки мо бояд шукргузорӣ кнамуд.

Дар ҳақиқат, ҷоӣ ифтихор ва шукргузорист, ки Ватан сиҳибистиқлоли мо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафти дунё ҳамқадам гардида, ҳам аз лиҳозу тамаддуни сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва фарҳангии комил пайдо намуда истодааст.

 Фарзона Ғуломносирова
сармутахассиси Раёсати
таҳлили масъалаҳои соҳавии
МТС – и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед