Дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди дигар соҳаҳо ҳамчун соҳаи базавӣ нақши муҳим дорад.
Бо дарназардошти афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стартегии кишвар муайян гардида, солҳои охир ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати мамлакат бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва маблағгузориҳои буҷетӣ неругоҳҳои хурду бузург дар ҷумҳурӣ бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гашта истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатиашон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид таъкид доштанд: “…бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст”. Бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба кор даромадани агрегати якуми неругоҳи барқии обии “Роғун” ба яке аз ҳадафҳои худ яъне истиқлолияти энергетикӣ расида, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки “…соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт соат ё 28 фоиз зиёд мебошад”. Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки дастовардҳои мазкур аз фазилатҳо ва хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дарак дода, аз ҳисоби буҷаи кишвар ва ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ барои паст кардани талафоти қувваи барқ, неругоҳҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ навсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд. Масалан, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 25 неругоҳи хурду бузурги обӣ бо иқтидори 4,4 ҳазор мегаватт фаъолият нумуда, имруз бошад, дар кишвар 287 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ фаъолият менамояд, ки бо иқтидори 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ бошад, 22 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки ҳоло 98 дарсади неруи барқи кишвар бо истифода аз захираҳои обӣ истеҳсол гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйи ҳиссаи истеҳсоли “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад. Имрузҳо, дар вазъияти тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли “энергияи сабз”-ро ба роҳ монда, натанҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақа ва ҷаҳон мунтазам талош меварзад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “…бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад”.
Бо дарназардошти он, ки мо ба таъмини истиқлоли энергетикӣ ноил гардида бошем ҳам рӯз то рӯз шумораи аҳолии кишвар афзоиш ёфта, талабот ба барқ зиёд гашта истодааст. Дар робита ба ин, бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои марбута ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои солҳои оянда дастуру супоришҳо ва вазифаҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки: “…бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.
Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.
Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.
Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд”.
Албатта, дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар дар он зоҳир мегарданд, ки кишвари мо дорои захираҳои бойи обӣ буда, дар сурати амалӣ гаштани ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати мамлакат дар самти энергетика Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муваффақ дар бозори энергетикии ҷаҳон мақоми хосаро пайдо намояд.
Бо иин мақсад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, ки “…мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд”.
Дар робита ба суханҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон гуфт, ки барои ҳарчи зудтар ва босифат ба истифода додани агрегатҳои навбатии неругоҳи барқии обии “Роғун” аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар вобастагӣ дошта, ҷиҳати бароҳ мондани истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ метавонад саҳми арзанда гузорад.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини аҳолӣ ба нерӯи барқ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифту аз лиҳози экологӣ тоза, бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, ташкили “долонҳои сабз” ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ аҳамияти хоса дошта, пайваста дар маркази диққати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон