Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бо принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, ҳусни ҳамҷаворӣ ва мутақобилан судманд асос ёфтаанд. Ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои илму маориф, фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиёт ба роҳ монда шудаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар моҳҳои январ – майи соли 2023 – 676 млн. доллари ИМА баробар гардида, 70,4%-и онро ҳиссаи Ҷумҳурии Қазоқистон, 25,6% Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 3,3% Ҷумҳурии Туркманистон ва 0,7% Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил дод (Диаграммаи 1). Соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ 2064,5 доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2019 48,93% афзоиш ёфтааст. Соли 2022 дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафро Ҷумҳурии Қазоқистон бо 1441,2 млн. доллари ИМА ё 69,8% ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 555,4 млн. доллари ИМА ё 26,9 % ишғол намуданд. Инчунин, боиси қайд аст, ки аз соли 2019 муносибати иқтисодиву тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Туркманистон ба зиёда аз 4,3 маротиба афзоиш ёфтааст ва ин раванд идома дорад. Сарфи назар аз 3,59 маротиба коҳиш ёфтани робитаи иқтисодиву тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, нияти афзоиши ҳаҷми гардиши савдо боқӣ мемонад.

Диаграммаи 1. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, %.

Ҳамчунин, аз давлатҳои Осиёи Марказӣ афзоиши раванди сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад. Соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба соли 2019 – 17,95 маротиба зиёд сармоягузорӣ ворид шуда, 82,6 млн.  доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2021 бештари сармоягузориҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистон рост омад ва 80,1%-и ҳаҷми умумии сармоягузории давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод ва нисбат ба соли 2019 ба 58,57 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2021 нисбат ба соли 2019 – 5,07 маротиба ва сармоягузории Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар соли 2021 нисбат ба соли 2019 – 3,28 маротиба афзудааст.            Қобили зикр аст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамкорӣ намуда, ҳамзамон, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.

Яке аз Созишномае, ки давлатҳои Осиёи Марказиро муттаҳид намуд Созишнома “Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал” мебошад, ки дар заминаи он Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба фаъолият шурӯъ намуд (26.03.1993).

Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ санаи 14-15 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нишасти навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.

Дар натиҷаи чорабинии мазкур як қатор санадҳои муҳим қабул мегарданд, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои аъзо таъсири мусбат хоҳад расонд. Ҳамзамон, боиси қайд аст, ки мавқеи ҷуғрофии давлатҳои аъзо, арзишҳои муштараки таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ яке аз нишондиҳандаҳои муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо буда, барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.

Ҷурахонзода С.Ҷ. муовини директори МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содиқова А.Ф., муовини сардори
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва
инкишофи бахши хусусии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед