Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.

Дар тули беш аз 30 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 14 маротиба ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 12 маротиба сафарҳои корӣ ва давлатӣ анҷом доданд. Сафарҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе солҳои 1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021 баргузор гардидаанд.

Байни ду кишвар дар ин муддат 196 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст дар бобати ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст. Хусусан байни Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣфаъолият менамояд ки натиҷаифаъолияти комиссияҳои мазкур дар рушди равобити иқтисодӣ ду кишвар хеле назаррас аст.

Бояд тазаккур дод, ки ниҳоди муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шудааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, гуманитарӣва ғайра танзим медароранд.

Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дуҷониба, аз ҷумла Мувофиқатнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо (18 июли соли 1995) Созишномаи тиҷоратӣ (аз 30 апрели соли 2002) Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати неруи Ҷумҳури Исломии Эрон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика

(10.11.2007), Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои олии ҳамоҳангии озод ва хосси ҶИЭ (19.10.2012) ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби “Истиқлол” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони наздики тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни замон дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи 8-ум қарор дорад.

Бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила сол то сол афзоиш меёбад.

Дар соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 238,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 117,2 млн. доллар ё наздик ба 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Вазни хосси савдои мутақобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,3 дарсадро ташкил дода, дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.

Дар ин давра ба Эрон ба маблағи 114,4 млн. доллар молу маҳсулот содирот гардидааст, ки 97,8 фоизи онро нахи пахта, 1,7 дарсадро реакторҳои ядроӣ, дегҳо ва дигар молу маҳсулот ташкил дод.

Воридот бошад, ба 123,8 млн. доллар баробар гардид, ки асосан аз ҳисоби филизоти сиёҳ 27,7 дарсад, маҳсулот аз пласмасса 17,3 дарсад, маҳсулоти сафолӣ 12,4 дарсад, реакторҳои ядроӣ, дегҳо 6,2 фоиз, маҳсулоти шустушӯӣ 4,6 дарсад, шиша ва маҳсулот аз он 2,7 фоиз, маҳсулот аз филизотҳои сиёҳ 2,6 дарсад ва дигар молҳо ташаккул ёфт.

Баландтарин нуқтаи тиҷорати дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба соли 2013 рост меояд, ки гардиши тиҷорат дар ин давра ба 253 млн. доллар баробар гардида, ҳиссаи асосии онро воридот аз Эрон (186,1 млн. доллар) ташкил дода буд.

Давоми даҳ моҳи соли 2023 гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 175,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 млн. доллар ё 11,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 63 млн. доллар молу маҳсулот содирот гардида, воридот бошад ба 112,2 млн. доллар баробар гардид.

То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Теҳрон доир шуда, нишасти охирин дар таърихи 11 майи 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандараббос ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд. Бунёди нақби “Истиқлол” ва Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ҳамкориҳои созандаи ду ҷониб арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқоти Сарони давлатҳо ҳамеша масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста мешавад. Ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбари ду давлат қарор дорад.

Моҳи июли соли 2023 Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкори Шанхай гардид. Ин амр пас аз тағйири мавзеи Душанбе ва таваққуфи мухолифат бо пайвастани Эрон ба ин созмон имконпазир шуд.    Густариши муносибатҳои иқтисодӣ барои ҳар ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон метавонад, ба рушди ҳар ду давлат такон бахшад.

Фарзона Ғуломносирова
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои рушди соҳавии
МТС – и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед