Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд мунтазам сурат мегиранд. Президентҳои ду кишвар борҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд. Қобил ба зикр аст, ки тамосҳои мунтазам дар сатҳи роҳбарони ду давлат ва ҳамкориҳои фаъоли сиёсӣ ба таъмиқи равобит байни ду кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар беш 200 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018 мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои охир шарикии стартегӣ ва ҳамҷаворӣ (солҳо 2018 – 2023) дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо вусъат ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Махсусан, дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамкориҳо ба маротиб густариш ёфта, байни корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову тиҷоратии ду кишвар гардиши молу маҳсулот ба маротиб боло рафтааст. Агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар ва дар соли 2020 бо дарназардошти мушкилоти пандемияи Ковид–19 ба 333,8 млн доллари ИМА баробар гаштааст.
Ҳамзамон, дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир ин рақам баландтарин нишондиҳанда буда, дар қиёс ба соли 2015 ба маротиба афзоиш ёфтааст. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28 фоиз ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72 фоиз ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Рақамҳои оморӣ далолат аз он мекунанд, ки роҳбарияти олии ду кишвар ба савдои хориҷӣ ва гардиши мол диққати аввалиндараҷа дода, баҳри некуаҳволии халқ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд. Сохтори молии содиротро асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, металли сиёҳ (арматура), алюминийи аввалия ва сохтори молии воридотиро аз Ҷумҳурии Узбекистон маҳсулоти гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Агентии омор дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ба 173,6 млн доллари ИМА баробар гардида, мавқеи Ҷумҳурии Узбекистон ҷойи 4 ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА (30,4 фоиз) афзоиш ёфтааст.
Содироти мол ба Узбекистон 59,6 млн доллари ИМА-ро ташкил намуда, дар қиёс ба моҳҳои январ-апрели соли 2021 33,3 млн доллар ё 2,3 маротиба зиёд мебошад. Воридоти мол бошад, ба 114 млн доллари ИМА баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 млн доллар ё 6,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2021 ҷиҳати роҳандозии рушди ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва ғайра байни мақомот ва тоҷирону сармоягузорони ду кишвар зиёда аз 40 созишномаву ёддошт ба имзо расонида шудааст.
Дар солҳои охир аз ҷониби ду мамлакат тақрибан 80 вохӯриву машваратҳо бо роҳбарияти вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвари иқомат, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ва корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ анҷом дода шуд.
Соли 2022 бо дастгирии шарикони рушди кишвар ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон сафари кории зиёда аз 30 роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хатлон, аз ҷумла ҶДММ “Насими Куҳсор”, ҶДММ “Хасанҷон-2017”, ҶДДМ “Форсиён” ҶДДМ “Маҳсулоти Ширӣ”, ҶДДМ “Насими Вахш” ва ғайра ба Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, ки онҳо аз Намоишгоҳи байналмилалии «Хӯрокворӣ, компонентҳо ва технологияҳои истеҳсолӣ — UzFood 2022” дидан намуданд.
Соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд баргузор гардида, он як платформаи нав барои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки дар формати Форум иқтидори сармоягузории Узбекистон ба доираҳои сармоягузор ва соҳибкорон муаррифӣ шуданд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ – СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.
Умуман, ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ба таъмиқи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсии байни ду давлат манфиатдоранд.
Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Ӯзбекистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил, бародарӣ ва шарокати роҳбурдӣ таҳким бахшад.
Раҳматзода Рустам,
д.и.и. профессор мутахассиси
пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон