Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар муайян намуда, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои муҳиммми иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорию интиқоли молу маҳсулот чораҳои муассир меандешад. Бахусус, соҳаи нақлиёт яке аз сохаи калидии кишвар буда, дар заминаи он инфрасохтор ва долонҳои наклиётӣ ҷиҳати густариши вазъи иқтисодии кишвар, ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ амалӣ гардида, марҳала ба марҳала рушд намуда истодааст. Аз ин ру, барои рушди соҳа Ҳукумати кишвар мунтаззам таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ иброз намӯданд: “…барои раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионї ва ба кишвари транзитї табдил додани мамлакат аз даврони истиқлолӣ то ба имруз дар кишвар 58 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтор ва таҳкими иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст, ки дар 7 соли охир бо истифода аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 82 километр роҳ ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ ва дар соли 2023 юм 16 километр роҳҳо ба маблағи 700 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии мардуми кишвар басо муфид мебошад”.

Аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, ки соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама навъи нақлиёт 120576,1 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 16,6 дарсад зиёд мебошад. Тавассути роҳи оҳан бошад, интиқоли молу маҳсулот ба миқдори 6451,0 ҳазор тонна ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 6,2 дарсад зиёд мебошад. Инчунин вобаста ба гардиши молу маҳсулот дар ҷумҳурӣ ба ҳама намуди нақлиёт дар ҳаҷми 12122,1 миллион тонна кашонида шудааст, ки дар қиёс бо соли пешин 17,5 дарсад афзудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли сипаригардида ба 899305,5 ҳазор мусофир хизматрасонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 9,8 дарсад зиёд мебошад. Дар ин самт, нақлиёти хушкигард дар кишвар зинаи асосиро ишғол менамояд, ки таносуби он 99,9 дарсади ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ ба ҳама навъҳои нақлиётро ташкил медиҳад.

Зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷсили Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 23 декабри соли 2022 баргузор гардида буд, Сарвари давлат аз дастовардҳо дар панҷ соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд, ки яке аз ин соҳаҳо нақлиёт ва инфрасохтор ба шумор мерафт. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “…барои ба кишвари транзитӣ тадбил додани Тоҷикистон 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблаги 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, мавқеи Тоҷикистон тибқи Форуми ҷаҳонии раддабандии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ҷаҳон дар зинаи 50 -ум қарор дорад”

Бо сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат бо саҳми соҳибкорону мардуми саховатпеша дар соли 2023 ба истифода додани роҳҳои аҳаммияти маҳаллидошта, зиёда аз 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи бештар аз 300 миллион сомонӣ ва сохтмону азнавсозии 41 пулу гузаргоҳ ба истифода дода шуданд.

Дар ин хусус, Ҳукумати кишвар бо мақсади амалӣ намудани таҷдид ва тармиму азнавсозии роҳҳо 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо, лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Роғун- Обигарм-Нуробод ба маблағи 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ва бунёди калонтарин пули кишвар бо дарозии 920 метр, ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт идома дошта, дар солҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки бунёди роҳу пулҳо, нақбҳои зиддитармавӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар ин самт яке аз афзалиятҳояш дар он зоҳир мегардад, ки роҳҳои аз лиҳози боркашонию мусофирбарӣ осебпазир буданд, бартараф гардида, ҷиҳати пешгирии ҳисороти моддию ҷонӣ ва ҳам сарфаи вақт мусоидат хоҳад кард.

Муҳим ва рамзист, ки густариши ҳамкориҳо бо дигар давлатҳои дуру наздик нақши асосӣ дошта, долонҳои нақлиётӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Бо сиёсатҳои созандаи Роҳбарияти олии кишвар дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ҳамчун як долонҳои иқтисодии транзитии “Чин-Тоҷикистон-Афғонистон” ва “Чин-Тоҷикистон -Ӯзбакистон -Туркманистон -Эрон -Туркия – Аврупо”, инчунин, “Тоҷикистон – Чин – Покистон” истифода хоҳанд шуд. Ҳамзамон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, талаби замон буда, механизми рақамикунонӣ низ заминагузор аст.

Боиси сарфарозист,ки бо тақвияти инфрасохтори транзитӣ ва дастовардҳои назарраси кишвр имруз тавассути долонҳои нақлиётии байналмилалӣ дар мисоли роҳҳои мошингарди Осиё, ЕВРАЭЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ЕС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, сифати хизматрасонӣ ва ҳамлу нақли инфрасохтори транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани марҳалаи аввали ҳадафи стратегии рушди мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсонӣ ва дар мамлакат бунёди шабакаҳои воҳид ва таъминкунандаи равобити нақлиёти дохилӣ ва баромадан ба кишврҳои ҳаммарз ва нишондиҳандаҳои асосии хизматрасониҳои нақлиётӣ тадриҷан густариш меёбад.

Ҳамчунин зимни сафарҳои давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарикони стратегӣ ва ҳамкориҳо доир ба соҳаи коммуникатсия, инфарсохтори нақлиётӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ анҷом медиҳанд, яке аз масъалаҳои муҳимму зарурӣ ин ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии миёни ин давлатҳои ба мо дӯсту бародар барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин, транзит ба кишварҳои дигар лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштаракро мавриди амал қарор дода, барои густариши он тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд.

Басо рамзист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон кайд намуданд, ки “… баҳри боз беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардуми кишвар алалхусус дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе зиёда аз 40 киллометр роҳҳои мошингард ва 7 эстакада бо тарҳи замонавӣ бо арзиши умумии 3 млрд. сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад ва аллакай дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

Зимнан, бо дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат то соли 2030 дар пойтахти мамлакат зиёда аз 20 гузаргоҳ бо тарҳи замонавӣ ва бо тарҳрезии нақшаи генерлӣ таҷдидгардида бунёд ва ба истифода дода мешавад. Имрӯз чунин роҳҳои чандинқабата яъне эстакада, ки бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешаванд, ба ҳаракати бемамониати наклиёти транзитӣ, ва боркашонӣ мусоидат намуда, рафтуомади сокинони кишварро низ аз лиҳози бехатарӣ таъмин менамоянд.

Хушбахтона, таҷдид ва сохтмони роҳҳои нақлиётӣ дорои аҳаммияти байналмилаллӣ дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, ки яке аз он раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ муайян шудааст, заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамин тариқ, нақлиёт яке аз муҳимтарин соҳаи асосии иқтисоди миллӣ буда, бо тамоми ҷузъҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ робита дорад. Рушди ояндаи кишвар ва таҳкими равобити иқтисодии дохилию берунии он маҳз аз дараҷаи инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ вобаста аст.

Ба кишвари транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидорҳои транзитгузаронии он чун яке аз густариши муҳимми ҳадафҳои рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Сӯфизода Х. Б.,
мутахассиси пешбари Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед