Рӯзи 05.09.2024, соати 09:00 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 33 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Нурулло Оқилзода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд..

Ҳамоишро Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайру мақдам гуфт ва ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, ҳадафи баргузор намудани ҳамоишро ба самъи ширкаткунандагон расонид.

Сипас, Нурулло Оқилзода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда, ҳозиринро ба таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, инчунин баргузоркунадагони ҳамоишро, ки дар сатҳи баланд ва зарурӣ чорабинии мазкурро роҳандозӣ намудаанд, изҳори сипос намуд. Ӯ зимни суханрониаш ба дастовардҳои замони Истиқлол ва сиёсати созандаю хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Ҳукумати кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ қайд намуда, таъкид намуд, ки таҷлили ҷашни 33 солагӣ – ин на фақат ҷашни Истиқлолияти давлати тоҷикон, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, меҳнати созанда ба хотири ободию пешрафти диёри азизамон – Тоҷикистон мебошад.

Яъне, дар ин давра, бо заҳматҳои хастанопазири сокинон, мо ба аҳли олам қувваи бузурги зеҳнию ҷисмонӣ, талошҳои шикастнопазир дар самти рушд, қобилияти бартараф намудани ҳар як монеаеро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ нишон додем.

Аз ҷумла, дар асоси ташаббусҳои Тоҷикистон қабул гардидани 11 қатънома аз ҷониби СММ ва ҷонибдории кишварҳои аъзои созмон аз иқдомҳои байналмилалии кишвари мо натиҷаи сиёсати дурбинона ва зеҳнгароёнонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ, нуфузу эътибори кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ, инчунин рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон баёнгари он аст, ки мо дар остонаи марҳалаи нави тараққиёт мебошем ва ин марҳила на танҳо имкониятҳои нав, балки вазифаҳои ҷиддиро дар назди мо гузоштааст.

Вазъияти иқтисодии ҷаҳон, тағйир ёфтани вазъияти геополитикӣ ва афзоиши рақобатҳо, моро водор месозад, ки дар асоси таҳлили амиқи вазъият ва дарки равшани аҳаммияти сарҷамъии миллатамон, ба шароити муосир зуд мутобиқ гардида, тафаккури миллиро инкишоф диҳем.

Хайридин Усмонзода дар мавзуи “Прадигмаҳои нави дарк ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар замони муосир” бо маърузаи илмӣ диққати ҳозиринро ҷалб намуда, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ таҳкимбахши ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки баҳри амалӣ гардидани марому мақсадҳои олии миллӣ, таърихии мардуми мо имкониятҳои воқеиро ба вуҷуд овард ва он чун неъмати бебаҳо маҳсуб меёбад. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.Бинои босуботи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути заҳматҳои пайвастаи рӯйи ҳам гузоштани хиштҳои заррин аз анъанаҳои пурғановати сиёсию фарҳангӣ ва иродаи матини соҳибдавлатии насли имрӯза бунёд ёфтааст. Ин табиист, зеро тамоюли руҳияи истиқлолиятхоҳӣ ҳамеша ҳамқадами зина ба зина ташаккул ёфтани худшиносии миллии ӯ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардид, то ин ки ниҳоятан тавонист дубора дар даврони нав ба худ чеҳраи мукаммали сиёсӣ касб карда, ба ваколаташ салоҳияти бидуни дахолати берунӣ пайрезию татбиқи самти сиёсати дохилию хориҷиро бидиҳад.

Мавсуф таъкид намуд, ки дар маҷрои пурталотуми равандҳои ҷомеасозӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон роҳандозии муваффақонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсоз ва сипари амнияти миллӣ гаштем, ки онҳо имрӯз аз рукнҳои муҳимми таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор мераванд. Сокинони ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми худро мебинанд. Зеро онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон дар ғояи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ атрофи худ гирд овардааст. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва дар симмати Пешвои миллат ҳузури ӯ дар арсаи сиёсӣ тавонист шароитеро фароҳам орад, ки идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфта ба воқеият табдил ёбанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Содиқӣ Насиба Нуруллозода, доктори илмҳои фалсафа, профессор, вакили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзуи кафолати озодии шаҳрвандон дар даврони Истиқлоли кишвар изҳори андеша намуда қайд намуд, ки аз омӯзишу таҳлили вазъияти ҳаёти сиёсии чанд даҳсолаи охири Тоҷикистон маълум мегардад, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳодисҳое рух додаанд, ки бе ҳалли он расидан ба давлати миллӣ ғайриимкон гардида буданд. Вазифаи аввалиндараҷаи мардум ва элитаи ҳукумрону фикрии ҷомеа, ҳалли ҳодисаҳои дар ҳаёти ҷомеа баамаломада буд.

Равандҳои сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки дар самти таъмини рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсии кишвар рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа мақоми афзалиятнокро соҳиб буда, дар ин замина устувор намудани низоми сиёсӣ аз масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ дар шароити муосир ба шумор меравад, ки бевосита ба ҳаёти воқеии давлату давлатдорӣ таъсир мерасонад.

Муовини якуми Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа зимни суханрониаш адабиётро дар замони истиқлол як васила муттаҳидкунанда ва бедоркунандаи ҳувияти миллӣ, нақши шеъру шоирро дар боло бурдани ҳисси хештаншиносию худогоҳии шаҳрвандон заруру муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда аз дастовардҳои аҳли адаб дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва бурду бохтҳо дар замони имрӯза маълумоти муфассал ироа намуд.

Ҳамзамон дар баргузории конфронс таҳлилу баррасии мавзуъҳои зерин аз ҷониби маърузачиён Иброҳимзода Зафаршо Сафо, н.и.ф, директори МД “Осорхонаи миллӣ Тоҷикистон” дар мавзуи “Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ”, Мухторов Зайниддин Мухторович д.и.ф.,ректори Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Истиқлолият ва сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шарифзода Лоҳутӣ Шариф д.и.с, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Раванди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳимми рушди ислоҳоти конститутсионӣ”, Муҳтарам Ҳотам Шоири халқии Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти классикии Муассисаи нашриявии “Адиб” дар мавзуи “Ташаккули ҳувияти миллӣ ва инфиродии аъзои ҷомеа ҳамчун омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ”, Шарифзода Саидҳомид Сафар н.и.т., сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҷойгоҳи истиқлолият дар низоми манфиатҳои миллӣ”, Қобилов Муҳаббатшо н.и.т, дотсент,мудири кафедраи таърих ва робитаҳои фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фирдавси Абдулҳамид н.и.т., сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини МД Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Ташаккули осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ҳамчун маҳзани ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон” ба саъми ҳозирин расонида шуд.

Зимни суханрониҳояшон баромадкунандагон аз вазъи ҷаҳони имрӯза, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муназзами иқтисодиёт ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар, ки яке аз афзалиятҳои асосӣ дониста мешавад изҳори андеша намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат пайваста саъй менамояд, ки барои рушди соҳаи иҷтимоию сиёсии кишвар дар марҳалаи нави ташаккули давлатдории миллӣ муҳити мусоид фароҳам оварда, барои беҳтар гардидани сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимми таҳкими истиқлол ин ваҳдати миллӣ, дастгирии ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ мебошад. Ҳамзамон барои пойдории истиқлол, таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир, зарурати таҳкими фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқӣ муҳим ба шумор меравад. Бешубҳа ҳифзи амнияти миллӣ аз таҳдидҳо, пурзур намудани иқтидори мудофиавии кишвар, танҳо бо ҳамкории мардуми сарбаланди тоҷик имконпазир аст.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, зикр намуд, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону коршиносони забардасти соҳа имкон фароҳам меорад, то бурду бохтҳо дар масири давлатдорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷагирӣ аз пайроҳаи тайнамудаи соҳибистиқлолии кишвар, стратегияҳои дурнамои рушди давлатдории миллӣ муайян карда шавад.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед