Рушду тарақиёти ҳар як мамлакат аз зарфияту тавоноии иқтисодии он вобастагӣ дорад. Дар ин замина ҳар як кишвар баҳри ноил шудан ба ин ҳадафҳо талош варзида, барои таъмини зиндагии арзанда ва рушди иқтисоди миллии худ дар назди хеш мақсад мегузоранд ва ин мақсадҳоро қонуну стратегияҳо ва барномаҳои соҳа марҳала ба марҳала амалӣ мегардонанд.

Вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2023) таъкид карданд, ки: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд»

Имрӯз яке аз омилҳои рушди иқтисоди кишвар маҳз рушди соҳаи саноат мебошад. дар робита ба ин, пешравии соҳаи саноатро бе технологияи муосир ба роҳ мондан, хусусан, дар шароити кунунӣ ва барои рақабатпазир будани маҳсулоти истеҳсолгардида ғайриимкон медонем. Бинобар ин, бо дарназардошти муҳим будани соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ рушди босуръати саноатикунонӣ ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон карда шудааст. Воқеан соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳим дар иқтисодиёти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад, ки он дар ғанӣ намудани буҷаи давлат ва таҳкими мақоми расмӣ дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад.

Бояд гуфт, ки амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръати кишвар дар марҳалаи аввал аллакай ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Вобаста ба ин, аз кишварҳои пешрафта ҷаҳон ворид гардидани технологияҳои муосир, инчунин, дар ҷумҳурӣ васл ва истеҳсоли  саноати мошинсозии муштарак, аз ҷумла автобусҳои ҷамъиятӣ, микроавтобусҳо, техникаҳои кишоварзӣ ва ғайра далели ин гуфтаҳост. Рушди соҳаи истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияи муосир яке аз масъалаҳои мубрам ва асосӣ ба ҳисоб рафта, мақоми он дар сифати маҳсулот, харҷи каму сарфаи вақт ва арзиши мол таъсири калон дорад.  Ин раванд боиси рушди иқтисод ва сатҳу сифати зандагии аҳолӣ гашта, қодири бамаротиб коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва сафи муҳоҷират мебошад.

Бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон дар тайи 31 сол тавонист ба яке аз кишварҳои дар созмонҳои ҷаҳонӣ соҳибминбар баромад намояд. Мунтазам татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад. Махсусан, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфт. Дар ин росто ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд. Хушбахтона, дар корхонаҳои хурду бузурги кишвар зиёда аз 90 дарсади коргарону мутахассисонро танҳо сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, ки қисме аз онҳо таълимдидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошанд.

Ин ҳама самараи истиқлол ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди миллӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардида, боиси бештар ва рушду пешрафти давлат гардид. Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти маҳсулот, таъсир расонид.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастоварди назарраси иқтисодӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ташкили Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Ба вуҷуд овардани тарз ва усулҳои нави муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ дар бозорҳои истеъмолии дохилӣ баҳри рақобати бозорӣ, зиёд кардани маҳсулот, сифати молу маҳсулот ва рушди соҳибкории хурду миёна ба амал омада, дар умум ба афзоиши истеҳсолоти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт боис гардиданд.

Таҳлилҳо доир ба рушди иқтисоди кишвар дар чанд соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тавонистааст дар самти рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Масалан, тибқи нишондодҳои оморӣ тӯли чанд соли охир суръати рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7-7,5 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки ба ҳар як сари аҳолӣ 1,5 маротиба зиёд шуд.

Дар ин раванд, дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум ба маротиб баланд шуда, даромади пулиашон аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шудааст,  яъне 2,1 баробар афзоиш гардид. Мувофиқи нишондодҳои мазкур сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 дарсад дар соли 2022 расонида шуд.

Бо ҳамин мазмун барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ чунин корҳоро ба анҷом расонидан мувофиқи мақсад мешуморем:

– квотаҳои таҳсили донишҷуён дар хориҷи кишвар ба ихтисосҳои марбут ба технология ва коркарди саноат нисбати дигар ихтисосҳо бештар карда шавад;

– ҷалби сармояҳои хориҷӣ маҳз барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди энергияи сабз мувофиқи мақсад мебошад.

Воқеан, рушди иқтисоди миллӣ на танҳо ба ғанӣ намудани буҷаи давлат, ҳамчунин, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Маҳз дар баробари рушди саноат, иқтисоди сабз, энергияи сабз, ҷалби сармоя ва рушди сайёҳӣ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ боис мегардад, ки шаҳрвандон, махсусан насли ҷавони кишвар, тамоми неруи хешро баҳри корҳои созандагиву ободкории Ватани хеш сафарбар намоянд.

Ҷамшед Салихов,
 мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед