Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат ва шаҳрванди бонангу ор неъмати бузург буда, дар роҳи расидан ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таърихӣ ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Дар робита ба ин, миллати тоҷик аз қадимулайём мафҳуми истиқлолро дар озодипарастӣ, озодихоҳӣ, ҳамҷаворӣ ва дӯстии ҳамдигар асос медиҳанд. Дар роҳи озодиву сулҳу осоиштагии миллӣ ҷонисориҳо мекарданд ва манфиати миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло медонистанд. Онҳо шарафу номуси худро дар роҳи ҳифзу пос доштани арзишҳои миллӣ равона карда, бо роҳи дустиву ҳамгироӣ муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву таърихиро ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон ба роҳ мемонанд.
Боиси сарфарозист, ки бо амри тақдир ва толеи накуи миллати тоҷик ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор соли номустақилӣ, аз нав эҳё ва эъмори давлати миллии худро доро шуд. Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи худ дастоварди беназир буд, вале хурсандии халқи тоҷик дер давом накард. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлол монеаҳо дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуҷуд омада, мардум бо мушкилоту таҳаввулоти сангин мувоҷеҳ гардиданд. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон раванди гузариш аз як низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба низоми дигар нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон ба маротиб вазнин ва душвор буд, зеро он бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ вобастагӣ дошт. Бояд қайд кард, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуда, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 7,5 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид намуд.
Нафари фидокору сарсупурда ва қаҳрамону ватандусте ба бахти миллати тоҷик ба майдони ҷаҳолату кашмакашиҳо ворид гардид, ки пеши роҳи ин ҳама бедодгариву хунрезиҳоро ҷиҳати ба муттаҳидиву сарҷамъӣ ва дар як андеша гирд овардани шаҳрвандон муборизаи шабонарӯзӣ бурд ва ин ҳам бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби халқ ҳамчун Сарвари давлат интихоб гардида буданд. Тазаккур бояд дод, ки бо хизматҳои созандагиву бунёдкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 “Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ” таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ин санади созанда ба ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон замина эҷод намуда, дурнамои мамлакатро ба таври муфассал ва равшан муқаррар сохт. Бояд гуфт, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ 27-июни соли 1997 дар иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқ оғоз гардида, таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлат табдил дода шуданд.
Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд: “Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз намоем. Кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем”
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар ин давра якчанд корҳои зиёди назаррас барои ҳамгироии кишвар бо созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди Байналмилалии Асъор, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохтор ва дигарҳо сурат гирифтаанд. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2013-ум 159-умин давлати узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат гардид. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иқтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон боз ҳам густариш дода, бо кишварҳои узв дар рушди саноати коркард бо мақсади мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии кишвар ба талаботи умумибашарӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир, инчунин, зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ, афзоиш ёфтани содироти молҳои ватанӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ, баланд гардидани маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва иқтисодӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Қобили қайд аст, ки яке аз равандҳои муосир баҳри рушди иқтисодиёт ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низом қадамҳои устувор гузошта истодааст. Роҷеъ ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки: “…сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”. Ҳамзамон, санаи 22 июни соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ба тасвиб расид, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо дар мамлакат якчанд марҳала ва лоиҳаҳои рушди иқтисодиёти рақамиро, аз ҷумла дар соҳаҳои хоҷагии деҳот, хизматрасониҳои иҷтимоии электронӣ, дар тамоми муассисаю корхонаҳои хусусӣ, паркҳои технологӣ ва марказҳои хизматрасонӣ фаъолият намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳоло дар мамлакат санадҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва марҳалаи дуюми он рушди суръатнок, ки ба ҷалби сармуоягузориҳо асос ёфтааст (солҳои 2021-2025), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст. Ҳадаф ва зарурати қабули барномаҳои мазкур аз он иборат мебошанд, ки фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як сокини кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ асос меёбад. Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба муътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, дар ҷадвали 1 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ оварда шудааст.
Ҷадвали 1
Нишондиҳандаҳои асоси макроиқтисодӣ
Сарчашма: аз ҷониби муаллиф дар асоси омори расмӣ таҳия гардидааст.
Аз ҷадвали 1 хулоса кардан мумкин аст, ки сол аз сол ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакати мо афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар дар соли 2010 нишондиҳандаҳои ММД бо нархи ҳақиқӣ 24,71 миллиард сомониро ташкил дода бошад, ҳамин нишондиҳанда дар соли 2022 то ба 115 миллиард сомонӣ баробар гардид. Қаблан зикр намудем, ки сатҳи бекорӣ низ муайянкунандаи вазъи дохилии иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Бо мурури замон ва тағйироти зиёди демографӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки нишондиҳандаи дараҷаи сатҳи бекориро дар як зина, яъне 2,1 дарсад нигоҳ дорад. Дар муқоиса бо давлатҳои абарқудрат мамлакати мо дар зинаи миёна қарор дошта, Ҳукумати мамлакатро қонеъ карда наметавонад ва пайваста тадбирҳои саривақтӣ барои ҳалли ин масъала андешида шуда истодааст. Нишондиҳандаи дигари заминаи рушди иқтисоди миллӣ ин гардиши савдои хориҷӣ, яъне воридоту содирот дар мамлакат мебошад, ки ин нишондиҳанда тамоюли болоравӣ дорад. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2023 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 54,2 млрд сомониро ташкил дода, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 3 миллиарду 415 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба шаш моҳаи соли 2022 98,1 миллион доллар камтар мебошад. Аз ин нишондиҳанда 678,6 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот содир гардида, харҷи воридоти молҳо бошад ба 2 миллиарду 736,4 миллион доллар баробар гардид.
Дар ҳақиқат, тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо тавонист дар саросари ҷаҳон обрӯву манзалати худро баланд бардошта, бо азму иродаи қавӣ тавассути фарзандони фарзонаи миллат, раванди созандагиву бунёдкориҳоро баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва зиндагии арзанда барои фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошта ва беш аз пеш ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардад.
Ҳамин тавр, ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои наку, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи мамлакат маҳз тавассути омӯхтани илму дониш ва азбар намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад. Аз ҷаҳду талош ва садоқату ватандустии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери парчами Истиқлолу Ваҳдат иттиҳод шуда, бо ҳувияту ҳисси меҳанпарстии худ ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон