Таҷрибаи таърих борҳо собит намудааст, ки танҳо муносибати неку самимӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо метавонад дар сиёсат ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳои ҷаҳон самару манфиат эҷод намояд.

«Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад…» – гуфтаи шоиру мутафаккири тоҷик Ҳофиз низ ҳамин андешаро тарғиб мекунад.

Халқҳои тоҷику ӯзбек яке аз халқҳое мебошанд, ки таърихан ҳамсоя, ҳамқадам ва ҳаммаром буда, таи солҳои охир чунин равобити ҳасанаро беш аз пеш пиёда намуда истодаанд. Чунин ҳамкориҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз сиёсатҳои хирадмандонаи сарони ҳарду давлат – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, боиси пешрафт ва ободии ду ҷониб хоҳад гашт.

Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ табаддулоти чашмрасе ба вуҷуд оварда, дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо равобити дӯстонаро пеш гузошт. Тоҷикистон, ки дар сиёсати хориҷии худ аз чунин иқдомот аз ибтидо доимо ҷонибдорӣ мекард ин тасмими Мирзиёевро бо камоли майл пазируфт.

         Хушбахтона, дӯстии байни халқҳои тоҷику ӯзбек барои боз гардидани гузаргоҳҳои байнисарҳадии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат намуд. Тавре ки маълум аст, байни шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои қавмию хешу таборӣ таърихи тӯлонӣ дошта, бо мурури замон тоҷикони зиёд дар Ӯзбекистон ва ӯзбекони зиёд дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандони ҳардуи давлат, махсусан аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ ин тасмими сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо хушнудӣ қабул намуданд. Барқарор намудани муносибатҳои дӯстона на танҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, балки инчунин ба куллан тағйир ёфтани сатҳи боварӣ миёни аҳолии ду кишвар таъсири мусбат расонид.

Тавре ки маълум аст, оғози соли 2020 ҷаҳонро дар ҳалқаи вабои нав бо номи “каронавирус” мондаю тамоми кишварҳо олам аз он талафоти зиёди ҷонию иқтисодӣ  мебинанд. Мутаассифона, ин вируси маргбор оқибат ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба Ӯзбекистон паҳн шуда, боиси дарду кулфати мардум гаштааст. Дар байни мардуми тоҷик мақоле ҳаст, ки «Дӯсту душмани худро дар се вақт шинохта метавонӣ: дар вақти сафар, дар вақти тангдастӣ ва дар вақти беморӣ». Бо ҳамин мазмун халқи ӯзбек низ сухане доранд, ки «Дӯстни бошингга кулфат тушганда сина». Ин гуфтаҳо, ки моли халқ ҳастанд, дарак аз он медиҳанд, ки ин ду миллат тараннумгари чунин арзиши волои инсонӣ мебошанд.  Ҳамин аст, ки дар чунин айёми мушкил ва хатарзо давлати ҳамсоя ва дӯсти мо – Ӯзбекистон, бо вуҷуди он, ки худ ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯ аст, қарзи ҳамсоягии худро фаромӯш накарда, ба мардуми Тоҷикистон дасти кӯмак дароз намуд.

Дар таърихи 8 майи соли ҷорӣ ҷониби Ӯзбекистон 144 беморхонаи сайёр (контейнер), маводи доруворӣ ва 10 асбобҳои тиббии нафасдиҳии сунъӣ барои муқовимат алайҳи паҳншавии каронавирус ва табобати беморони сироятёфта ба Тоҷикистон тақдим кард. Дар баробари ин, инчунин кишвари Ӯзбекистон 8 мутахассисони соҳаи тибро барои кӯмак ва ҳамкорӣ, бо мақсади гирифтани пеши роҳи паҳншавии бемории каронавирус ба шаҳри Душанбе равона намуд. Ба ин нигоҳ накарда, дар таърихи 26 майи соли ҷорӣ ҷониби Ӯзбекистон ба кишвари мо боз кӯмаки башардӯстона дар ҳаҷми 24 тонна маводи доруворӣ ирсол намуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарият ва мардуми Ӯзбекистон ба хушӣ истиқбол намуд. Мудири шуъбаи Академияи тиббии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов ба хабарнигорон доир ба ҷараёни ин иқдоми хайрхоҳона ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд менамояд, ки азбаски дар мо ин беморӣ пештар пайдо шуда буд ва мо дар ин самт таҷриба дорем, метавонем бо истифода аз он ба мардуми Тоҷикистон кӯмак намоем. Инчунин мавсуф доир ба ҳамкориҳои наздики Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин шабу рӯз сухан карда, дар идома чунин мегӯяд: «Мо метавонем хизматрасонии тиббии телевизионӣ ва видеоконференсия ташкил кунем. Ба мо мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва реанемотолгҳо омадаанд. Мо сайъ хоҳем кард, ки ин бемориҳоро якҷоя бартараф созем».

Мутаассифона, бар замми талафоти зиёд дар натиҷаи паҳн гардидани коронавируси типи нав, ба сари халқи дӯсту бародари ӯзбек кулфати дигаре омад. Офати табиӣ боиси зарари бузурги моддӣ дидани аҳолии вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Дар чунин шароити вазнин бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии ҳамсоя ёрии башардӯстона дар ҳачми 51 қатора масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили шиферу семент расонида шуд, ки ин гувоҳи муносибатҳои наздик ва сиёсати дӯстпарваронаи байни ду кишвар мебошад.

Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки дар чунин рӯзҳои мушкил дасти кӯмак дароз кардани давлатҳои ҳамсоя ба ҳамдигар бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ амали сунъие наметавонад пеши роҳи дӯстии ин халқҳоро бигирад. Мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин иқдомҳои башардӯстона изҳори сипос намуда, боварии комил доранд, ки дӯстии ду миллат ҷовидона пойдор мемонад.

Дар фарҷом матлаби хешро бо ин шоҳбайти ҳаким Фирдавсӣ ба анҷом мерасонем, ки гуфтааст:

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

         Исроил Файзов,

коршиноси МТС-и назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед