“Ҳар як кишвар ва ҳукумат “ҷангҳои иттилоотӣ”-ро бохта, наметавонад амният ва мустаҳкамии сохти конститутсионии худро ҳифз намояд. Ҳодисаҳои солҳои охири дар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқуъ омада нишон доданд, ки “инқилобҳои ранга” пеш аз ҳама дар фазои иттилоотӣ сурат гирифта, баъдан ба воқеъияти сиёсӣ табдил ёфтанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, носозгориҳо миёни бархе аз кишварҳои олам, буҳронҳои пай дар пай дар иқтисоди ҷаҳонӣ, терроризму экстремизм, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бо роҳи фиребу фитна, низоъ андохтан ва монеа эҷод намудан дар тараққиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф аз ҳар як сокини сайёра, махсусан, аз шаҳрвандони кишварҳои дар ҳоли рушд дарки масъулиятро талаб менамояд. Зеро ҷангҷӯёну тундгароён барои нест кардани миллатҳо аз ҳар роҳу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Замон замони лашкару силоҳи ҳарбӣ нест. Ҷанги иттилоотӣ, бо ба вуҷуд омаданаш ба масъулин ҳушдор дод, ки аз ҳарвақта дида, ҳушёртар бошанд. Ҷангҳои лашкариву силоҳӣ агар ба як кишвар ё давлати алоҳида таҳдид намоянд, ҷангҳои иттилоотӣ имрӯз фарогири ҳама давлатҳо мебошанд.
Инчунин, терроризм ва экстремизм низ имрӯзҳо дар шаклҳои нав зуҳур карда, террористон барои ҷалби одамон ва амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ роҳу воситаҳои технологияи иттилоотию коммуникатсиониро ба кор мебаранд.
Яке аз чунин воситаҳое, ки борҳо таҳлил гардидаву дақиқияти худро пайдо кардааст, ин тавассути шабакаи интернет ҷалб намудани сокинон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз интернет як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеаро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳо аксари сокинон қисми зиёди вақти худро дар истифодаи бемақсади шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Маҳз шабакаи ҷаҳонии интернет барои гурӯҳҳои ифротию террористӣ имтиёзҳои бузургро фароҳам овардааст. Пайдо шудани хаккерҳо ва вирусҳои компютерӣ фазои иттилоотии имрӯзаи ҷаҳонро мураккаб гардонидаанд.
Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзоҳои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”.
Дар ҳақиқат, асри XXI-ро асри техникаву технологияҳои навин барои инсоният меноманд, ки ин бесабаб нест, зеро маҳз дар давоми ин аср технологияҳои навин рушди бемайлон намуда, технологияҳои навин ихтироъ шуда истодаанд. Маҳдудияти вақту фазо қариб, ки аз байн рафта истодааст. Агар дар гузашта барои фиристодани паём рӯзҳову дар баъзе ҳолат моҳҳо лозим мешуд, асри технология суръати онро ба суръати ҳангуфт оварда расонид. Саривақт огоҳ шудан аз хабарҳои ҷаҳон, роҳҳои зудтар пайдо намудани маводи илмӣ ва иттилооти зарурӣ аз қабили сабукиҳоест, ки сомонаву шабакаҳои интернетӣ ба инсон дод.
Аммо истифодаи технологияи навин агар аз як тараф кори инсонҳоро осон гардонад, аз тарафи дигар ба амнияти ҳар як кишвар, инсон ва сайёра низ хатар дорад. Дар баробари рушди технологияҳои навин, ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд, бо истифода аз шабакаҳо, ҳадафҳои ғаразноки худро пиёда созанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷомеа чунин роҳу воситаҳои авомфиребии қаллобони интернетӣ мавҷуд аст:
- Суйистифода аз тафаккури динӣ. Баъзан мактубу ҳадисҳои сохта аз номи динро бо мақсадҳои хоси худ васеъ истифода менамоянд. Ташвишовар аст, ки аксар вақт сокинони мо фирефта бар он мегарданд, ки бо фиристодани акс ба 7 ё 9 нафар фардо ё дар вақти муайян хабари хуш мешунаванд. Мутаассифона, ин гуна аксҳо, ки мақсадашон танҳо мағзшӯйӣ ва харҷи беҳудаи вақт аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ давр мезананд.
- Ворид гардидан ба сомонаҳои шиносоӣ. Истифодаи сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона низ барои наврасони ноогоҳ аз хатар орӣ нестанд. Маҳз ҳамин гуна сомонаҳо, ки наврасон бо ворид шудан ба онҳо ва ё дар доираи чатҳо метавонанд бо гурӯҳҳо ва ё афроди ифротгаро ё намояндагони дигар гурӯҳу равияҳои зидди иҷтимоӣ дошта, шиносоӣ пайдо карда, оқибат ба доми фиреби онҳо гирифтор шаванд. Илова бар ин, ба сифати таъсироти манфии интернет, дар чаҳорчӯби он сомонаҳое мавҷуданд, ки ғайр аз табоҳкунандаи солимии равониву ҷисмонии кас будан, инчунин, вайронкунандаи ахлоқи ҷомеа ва барангезандаи ҷиноят мебошанд. Ташвишовар он аст, ки дар интернет сомонаҳои тарғибгари аъмоли номатлуб, аз қабили қаллобӣ, дуздӣ, фосиқӣ, экстремизму худкушӣ, майнӯшиву нашъакашӣ, тарзи тайёр кардани маводи тарканда дар шароити хона ва дигар иттилооти дурӯғу ғайришаръӣ мавҷуданд, ки дар ҳолати беназорат гузоштани наврасон дар фазои иттилоотӣ метавонанд ба зеҳни онҳо таъсири басо харобиовару ҷуброннопазир расонанд.
- Паҳн гардидани наворҳои зиддиахлоқӣ. Яке аз хатарҳои бениҳоят ҷиддӣ ин пахши наворҳои ғайриахлоқӣ дар шабакаи интернет мебошад. Баъзе ҳолатҳо ба почтаи электронии шумо мактубҳо бо сарлавҳаи ҷолибу диққатҷалбкунанда бе иҷозати шумо ворид мешаванд, ки ба мазмуни ҳақиқии он сарфаҳм рафтан имконнопазир аст. Аммо ҳангоми кушодани мактуб зуд ба чашми шумо аксҳои урёну нимурён намоён мешаванд.
Ҳамзамон, табибони (гинекологон) машҳури дунё дар натиҷаи таҳқиқоту санҷишҳои чандинсолаи худ ба хулосае омадаанд, ки тамошои зиёди филмҳо ва аксҳои бадахлоқӣ мардро безуриёт мекунад. Баъзе одамон хаёл мекунанд, ки тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ ба онҳо зараре намерасонад, аммо фаромӯш набояд кард, ки тамошои чунин филмҳо пардаи эҳсоси гуноҳ ва шармро медаронад. Ин нуқтаи пастсифати бархеро мо дар интернет борҳо мушоҳида кардаем.
- Тарғиби наворҳои хушунатомез. Тибқи мушоҳидаҳо тамошои видеоҳои хусусияти ҷангиву шаҳвонӣ дошта, тарғибу ташвиқи зиндагии (дар сенария) идеалии мардумони дигар қитъаҳои олам, намоиши хонаҳои боҳашамату зиндагии роҳат, намоиши тамғаи нави мошинҳо, урфу одатҳои мардуми ғайришарқӣ ба руҳияи милливу идеологии насли ҷавон таъсири амиқ мерасонад. Ин омилҳо метавонанд ба фарҳанги миллии мо унсурҳои бегонаро ворид созанд.
Дар бисёр маврид ҳангоми сухан гуфтан дар бораи рӯ овардан ба фарҳанги бегона, истифодаи бемақсади шабакаҳои иҷтимоӣ, телефонҳои мобилӣ, беибо дар забони ҳар як гӯянда ҷавонон меояд. Насли калонсол фирефтаи ин раванд насли ҷавонро медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин омил имрӯз насли наврас ва кӯдаконро ҳам ба коми худ кашидааст. Модарони имрӯза ба ҷойи хондани суруди алла аз мусиқиҳои телефонҳои мобилӣ истифода менамоянд. Кӯдаконе ҳастанд, ки соатҳои дароз дар назди телевизион нишаста робитаи худро аз атрофиён кандаанд. Имрӯз кам мушоҳида менамоем бибиҳоеро, ки ба наберагони худ аз афсонаҳои халқи тоҷик гуфта бошанд. Умуман, ҷойи шӯхиву бозӣ, давутози кӯдаконро имрӯзҳо истифодаи зараровари технологияи муосир гирифтааст.
- Паҳн гардидани бозиҳои гуногун. Яке аз воситаҳои авомфиребии дигар, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб намояд, ин пайдо гардидани бозии “AHA” дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” мебошад. Пайдо гардидани ин бозӣ исбот намуд, ки техно-фиребгарон на фақат ҷавонон, балки тавонистанд насли калонсол ва ҳатто баъзе хизматчиёни давлатиро низ ба худ ҷалб намоянд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз вориси Синову Хайёми бузург ба ҷойи мутолиаи ашъори бузургон ба чанд калима ва ҳарфҳои беасос бовар дорад.
Масалан бозии “AHA” аз якчанд ҷузъҳо иборат аст, ки таваҷҷуҳи моро бештар ҷузъи шаҳодатномаи марги ин бозӣ ба худ ҷалб кард. Тавлиду марг-ҳукми тақдир ва бо хости Худост, пас, касе метавонад онро пешгӯйӣ намояд?! Мо кафолати то фардо зинда мондани худро намедонем, вале кадом як барномаи сохта 7 солу 3 соли ояндаи шуморо пешбинӣ менамояд. Ин ҳам бошад, бо илова кардани як акс ва ё худ аз рӯйи акси дар саҳифаи шахсӣ буда вазни шумо, хонаи ояндаи шумо, кӣ шуморо бештар дӯст медорад ва билохира, толеъномаи тамоми умри шуморо муайян мекунад. Аҷиб, ин ҳама фиребу дурӯғ ба хотири чист? Онҳо чӣ мехоҳанд? Пушти ин бозиҳо, ин фиребҳо кадом ҳадафҳо ниҳон аст, дардест, ки имрӯз аҳли ҷомеа бояд дарк намояд ва фирефтаи онҳо нагардад.
- Зиёд гардидани шумораи хайрхоҳони интернетӣ. Ба ҳамин монанд, пайдо гардидани хайрхоҳони зиёд ва ё қарздиҳандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мехоҳанд ба шахсони эҳтиёҷманд кумак намоянд, ё гуё нафаре, дар бонк маблағи зиёд дорад, дар беморхона ҳаст ва табибон ба ӯ вақти кам додаанд ва ӯ мехоҳад, ки ин меросро ба шумо интиқол диҳад ва аз шумо шиноснома ва рақами корти бонкиатонро мепурсад. Баъдан, пеш аз оне, ки меросро гузаронад, аз шумо хоҳиш мекунад, ки барои ҳуҷҷатнигорӣ ва ба номи шумо гузаронидани мерос суратҳисоб кушода, маблағи муайянеро супорида, соҳиби мерос гардед. Боиси таассуф аст, ки баъзе шаҳрвандони ноогоҳи мо чандин маротиба ба доми фиреби ин қаллобон афтоданд ва зарари зиёди молиявӣ диданд.
Мақсад аз пешниҳод намудани ин гуфтаҳо, манъ кардани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Новобаста аз майлу хоҳиш, бо талаботи замон шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҷузъи ҳаёти мо гардидаанд ва мо ҳам онро инкор карда наметавонем. Танҳо бо истифодаи мақсаднок метавонем, ки онро ба манфиати худ ва ҷомеа истифода намоем.
Ҳамаи инро ба инобат гирифта, мо бояд шабакаҳои интернетро оқилона истифода намуда, роҳи бехатари онро ҷустуҷӯ намоем. Сабаби асосии рӯ овардани аҳли ҷомеа ба ин фиребу найранг шояд фазои холии иттилоотии мо бошад. Имрӯз сохторҳои марбутаро лозим аст, ки роҳҳои истифодаи технологияи муосирро дар самти кории худ ҷоннок намуда, фазои иттилоотии кишварро бо ташвиқу тарғиби расму анъанаҳои тоҷикӣ, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, муаррифии мавзеъҳои сайёҳии кишвар, шеъру андарзҳои ниёгон ва иттилооти манфиатдор пурра намуда, мардумро аз дурӯғу фитнаи техно-фиребгарон раҳонанд.
Шаҳноза Нусратова,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон