УСМОНЗОДА ХАЙРИДИН УСМОН

 ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15 сентябри соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумот олӣ. Доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

  • Солҳои 1987-1993 – Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Латвия
  • Солҳои 1993-1996 – Ассисенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи имлҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 1998-1999 – Ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 1999-2000 – Ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 2000-2001 – Мудири шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 2001-2002 – Муовини директор оид ба илми Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 2001-2004 – Мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
  • Солҳои 2005-2006 – Ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 2006-2015 – Сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 2015-2017 – Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Солҳои 2017-2020 – Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
  • Соли 2020 (03-12) – Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
  • Солҳои 2020-2022 – Муовини Раиси Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
  • Аз 27 январи соли 2022 то ҳол – Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


ҶУРАХОНЗОДА САОДАТ

 МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26 апрели соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумот олӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

  • Солҳои 1990-2000 – донишҷўи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2003-2004 Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,
  • Солҳои 2000-2006 – Муаллими калони кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
  • Солҳои 2006-2010 – Муаллими калони кафедраи «Менеҷмент»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
  • Солҳои 2010-2011 – Муаллими калони кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи русӣ – тоҷикии славянӣ
  • Солҳои 2011-2013 – Дотсенти кафедраи «Фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ва идоракунии маъмурӣ»
  • Солҳои 2013 – Ҷонишини декан оид ба тарбия ва тарғиботи факултаи “Иқтисодиёти ҷаҳон”-и Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон
  • Солҳои 2013-2014 – Мудири Кафедраи «Менеҷмент ва Маркетинг»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ш. Душанбе
  • Солҳои 2014-2020 – Директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», аъзои коллегияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ
  • Солҳои 2015-2021 – Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ш. Душанбе аз ҳавзаи №13
  • Аз 04.02.2020 то ҳол муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Забонҳои русӣ, узбекӣ ва англисӣ (бо луғат) медонад.

Чоп кунед