Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 2018 рӯйдоди басо муҳиму тақдирсоз ба вуқуъ пайваст.Бо василаи ин рӯйдод барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ қадами устувор гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки дар ояндаи наздик ба рушди босуръати кишвар мусоидати комил хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои муаззами миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 ноябри соли 2016 ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон таъкид дошта буданд: «Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт». Ин нияти нек бо кӯшишҳои тамоми мардуми кишвар ва бо роҳбарии Пешвои дурандеш дар муддати ками таърих ҷомаи амал пӯшид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин чархаи неругоҳ зикр намуданд: «Ба кор андохтан агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва оядани дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ–истиқлоли энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Воқеан, «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи рӯди Вахш буда, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бо сарбанди баландии 335 метр дар ҷаҳон баландтарин хоҳад буд. Бо фаъол гардидани чархаи нахустини Неругохи “Роғун” Тоҷикистон ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии худ наздик шуд. Мавриди зикр аст, ки танҳо агрегати якуми ба истифода додашудаи ин иншооти аср бештар аз 100 мегаватт неруи барқ истеҳсол мекунад. Солҳои минбаъда агрегатҳои дигари неругоҳ бо азму иродаи коргарони матинирода ба кор дароварда хоҳад шуд, ки зина ба зина Тоҷикистонро дар татбиқи стратегияҳои дигари давлатдорӣ муваффақ хоҳад гардонд.

Зарфияти энергетикии дохилӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат нақши бағоят муҳимро иҷро хоҳад намуд. Бо ин роҳ Тоҷикистон метавонад рушди корхонаҳои азими саноатиро ба роҳ монда, тараққиёти кишварро ба сатҳи баландтар бардорад. Истеҳсоли «неруи сабз»-ро ки имрӯз тамоми ҷаҳон талоши ба он гузаштан доранд, бештар намояд ва бо пешгирӣ намудани зарари партовҳо ба мухити зист барои беҳтар намудани вазъи экологии минтақа мусоидат намояд.

Дар шароти кунунӣ афзоиши талабот ба нуруи барқ дар минтақа бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ лоиҳаи бисёр ҳам муҳим ва манфиатовар мебошад. «Роғун» ғайр аз лоиҳаи иқтисодӣ- энергетикӣ будан, ҳамчунин.ба яке аз ормонҳои миллати тоҷик табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввал бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот илова ба маблағҳои буҷетӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон тавассути харидории саҳмияҳои неругоҳ ҳиссаи арзишманди худро гузоштанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» манбаи неруи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон мебошад. Неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳи мазкур на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи сокинон ва корхонаҳои ҷумҳуриамонро мебарорад, балки имкон медиҳад, ки як қисми неруи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шуда, бо ин васила рушди устувори иқтисодиёти кишвар таъмин гардад.

Алҳол дар иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18 ҳазор коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бахше аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо менамояд, ки ҳам талаботи дохилиро бо барқ таъмин намояд ва ҳам ба кишварҳои хориҷ барқ содир намояд.

Энергетикаи тоҷик захираи тиллоии ҷумҳурист, ки истифодаи ботадриҷи он кафолати зиндагии хуби наслҳои оянда аст. Дар даҳсолаи оянда дар таркиби даромади асосии миллӣ истеҳсолти энергетикӣ мақоми асосӣ пайдо мекунад. Айни замон Тоҷикистон аз лиҳози рушди энергетика дар 17 соли охир байни давлатҳои ИДМ дар ҷойи аввал меистад ва нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон барқ содир менамояд. Ҳамчунин ба як қисми ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии неруи барқ эҳсос мегардад.

Дар “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” зиёд намудани неруи барқ яке аз тадбирҳои аввалиндараҷаи рушд ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар назар дошта шудааст, ки то соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард киловатт неруи барқ, яъне нисбат ба соли 2015-ум чаҳор маротиба зиёд истеҳсол карда мешавад. Мусаллам аст, ки дар расидан ба чунин нишондоди стратегӣ иқтидори энергетики Роғун мақоми аввалиндараҷаро касб хоҳад кард.

Ба ҷуз аз ин зикр намудан бамаврид аст, ки 22 марти соли 2016 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об–Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Ин ташаббус тақозо мекунад, ки об бояд ба сарчашмаи рушди устувор табдил дода шавад. Яъне ба об бояд болотар аз манбаи нӯшокӣ, ҳамчун манбаи рушди давлатҳо, истеҳсолотва иқтидори иқтисодӣ бояд мносибат кард.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи зиёдро соҳиб аст ва аллакай бунёди силсилаи неругоҳҳои азими барқию обӣ, ки нақши муассирро дар пешрафти кишвар соҳибанд, баёнгари он мебошанд.

Дар маҷмуъ, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳаммияти бузург мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати бунёди ин нуругоҳи бузурги аср саҳми арзандаи худро гузорад, зеро фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст–коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

Хулоса, фардои дурахшони мо, тоҷикон, аз бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» вобаста аст, зеро ки он ҳамчун манбаи азими нур Тоҷикистонро ба зинаи сифатан нави тараққиёту пешрафҳои бузург хоҳад расонид.

Дигар барои наслҳои имрӯзу фардои Ватан, бебарқиву муваққатии он ба афсона ва равшаниву нур ба воқеияти ҷовидонӣ табдил хоҳад шуд.

 Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед