Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020 дар бораи зиёиён ва нақши онҳо дар ҷомеа сухан намуда, таъкид доштанд: “Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид. Имрӯз мардуми мо бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанд. Дар ин бобат набояд хомӯш бошем. Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд».
Дар ин росто қобили зикр аст, ки таҳлили ҳамаҷонибаи ҳодисаҳое, ки дар солҳои навадуми асри гузашта рух доданд, ишора ба он мекунад, ки бетарафии зиёиён яке аз омилҳои асосии оғоз гаштани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо буд. Ин бетарафӣ бо сабаби он зоҳир гардид, ки мо ба мақом ва нақши зиёӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа чандон таваҷҷуҳ надоштем. Аз ин рӯ, ба аҳли зиёи тоҷик зарур аст, ки ин сабақро ба хубӣ аз худ карда, минбаъд ба масъалаи муҳим дар ҳар як ҷомеа – иҷрои вазифаҳои зиёӣ дар таҳия, танзим ва рушди ҳаёти ҷомеа ва афкори ҷамъиятӣ дар он таваҷҷуҳ дошта бошанд, ба онҳо аз дидгоҳи нав ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир муносибат намоянд, то ба рух додани чунин зуҳуроти нангини бародаркушӣ ҳеч гоҳ роҳ дода нашавад.
Вобаста ба ин бо такя ба суханони Пешвои муаззами миллат дар мулоқотҳои доимиашон бо зиёиёни кишвар, ки дар онҳо баъзе омилу сабабҳои барангехтани низоъҳо дар ҷомеаи мо мавриди баррасию таҳлил қарор гирифтаанд, инчунин дар асоси дастовардҳои нави илмӣ дар бораи мақом ва рисолати зиёӣ, нақши он дар пешгирии низоъҳо ва рушди ҷомеа дар поён чанд андешаеро иброз менамоем.
Чунонки маълум аст, зиёиён дар ҳама давру замон табақаи фаъоли ҷомеа ва ҷӯяндаву эҷодкор будаанд. Ба ин нукта Пешвои муаззами миллат пайваста дар мулоқотҳояшон бо аҳли зиё ишора мекунанд. Дар ин самт ҳатто яке аз вохӯриҳои хешро бо зиёиёни кишвар санаи 20 марти соли 2009 дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» бахшида, дар суханронияшон таъкид доштанд: “Дар истилоҳи байналмилалӣ зиёиро маъмулан бо калимаи «интеллигенсия», яъне андешаманд, хирадпеша ва соҳибфитрат ифода месозанд, ки бо муносибати эҷодкорона ва фаъоли худ нисбат ба равандҳои рушди ҷомеа фарқ мекунад. Ба таъбири дигар, зери мафҳуми интеллигент шахсияти эҷодгар ва маърифатноки дар ҳаёти иҷтимоӣ пурибтикор, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва табиати бунёдкорона фаҳмида мешавад.”
Дар ҳақиқат ҳам, маҳз фаъол будан ва муносибати эҷодкорона доштан ба ҳар як зуҳуроте, ки дар ҷомеа ба вуқуъ мепайванданд, ба аҳли зиё имкон медиҳанд, ки роҳи сар задани ҳар гуна ходисаҳои манфиро дар байни мардум бигиранд. Ин вазифаи нахустини ҳар як зиёӣ аст, ки онро бояд ҳамеша сидқан ба анҷом расонанд.
Маълум аст, ки рисолати иҷтимоию фарҳангии зиёӣ хеле гуногунҷабҳа ва мураккаб аст. Ӯ субъекти бевоситаи истеҳсолоти маънавӣ дар ҷомеа аст. Маҳз бунёди эҷодкоронаи ғояҳо, меъёру донишҳои нав, ки аз ҷониби зиёӣ пешниҳод гардида, аз тарафи мардум пазируфта мешаванд, сабабгори рушди ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, вазифаи зиёӣ аз он иборат аст, ки на танҳо худ созанда бошад, балки мардумро низ ба созандагӣ даъвату ҳидоят намуданро ба иҷро расонад. Ин рисолати зиёиёнро таъкид карда, Пешвои миллат ҳанӯз соли 2002 дар мулоқоти хеш бо зиёиён гуфта буданд: “Ман ҳар фарди зиёиро чун зарраи хуршед медонам, ки бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шӯълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад ва ҳамзамонони худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. Ин аст рисолати асосӣ ва ҳамешагии зиёиёни ҳақиқӣ дар назди миллати хеш. Танҳо дар ҳамон сурат аҳли илму адабу ҳунар ҳамдаму ҳамнафаси халқи худ мегарданд ва ба ҷавҳару пайкари бани одам пайванди ҷовидона меёбанд”.
Дар илми муосир аз ҷумлаи вазифаҳои асосии зиёиён рисолати ахлоқии онҳо ба таври махсус таъкид ёфтааст. Зиёии ҳақиқӣ бояд ба рангорангӣ ва мухталифии шароит нигоҳ накарда, дар ҳама ҳолату вазъ барандаи чунин арзиши волои иҷтимоӣ – равшанфикрӣ бошад, яъне қобилияти дарк кардани арзишҳои маънавӣ дошта, онҳоро ҳифз намояд, арзишҳои нави ҷавобгӯи талаботи замон эҷод намояд ва ба аҳли ҷомеа ҳадафмандона расонида тавонад. Пешвои муаззами миллат дар мулоқаташон бо аҳли зиё соли 2005 ин маъниро чунин таъкид дошта буданд: “Зиёиён вазифадоранд, ки пеш аз ҳама дар бобати баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишу ҷаҳонбинии аҳолӣ, аз ҷумла маърифати сиёсиву ҳуқуқии табақаҳои гуногун, тарғиби тарзи солим ва оқилонаи ҳаёт, тарбияи насли босавод ва ба талаботи замона ҷавобгӯй, ташкили рӯзгори сарфакорона ва оилаҳои пешрафта кӯшиш намоянд… Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст”.
Дар ин росто қобили зикр аст, ки ҳифз, интиқол ва интишори захираҳои зеҳнию фарҳангӣ дар байни мардум, рушди хотираи таърихии миллат аз вазифаҳои муҳимми зиёиён аст. Бе иҷрои чунин вазифа мутобиқсозии ҷомеа ба шароити тағйирёфта ва ҳифз намудани он аз хатару таҳдидҳои дохилию берунӣ ғайиримкон мегардад. Аз ин рӯ рисолати ахлоқию иҷтимоии зиёиёнро бояд ҳар як намояндаи илм, фарҳанг ва соҳаҳои дигари иҷтимоию маънавӣ бо камоли масъулият дарк ва амалан дар фаъолияти ҳаррӯзаи хеш татбиқ намоянд.
Аз вазифаҳои мафкуравии зиёиён муҳаққиқони зиёде доштани қобилиятро дар самти офаридани ғояву моделҳои нави фаъолият, таҳияи барномаҳои сиёсию иҷтимоии созгор барои ҳар гуна марҳилаи таърихии рушди миллату давлат ва дар ин зимн ба кор бурдани навоварию инноватсия таъкид сохтаанд. Зиёӣ бояд масъулияти олӣ ва ҷавобгарии худро барои сарнавишти Ватан дарк намояд, манфиатҳои миллиро болотар аз манфиатҳои шахсӣ гузорад. Ин омилҳо ҳамчун беҳтарин васила барои ҳар як зиёӣ дар таъмини оромию осудагии миллат хизмат мекунанд. Дар суханони зерини Пешвои миллат, ки дар мулоқоташон бо зиёиёни кишвар соли 2004 иброз дошта буданд, ҳамин маъниҳо инъикос гардидаанд: “Мо якҷоя бояд масъалаҳоеро дар миён гузорем ва барои ҳалли онҳо кӯшиш кунем, ки ояндаи Ватан ва миллати мо ба онҳо вобаста мебошад. Пеш аз ҳама бояд бар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатхои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва ё иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои хифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ – яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем. Кори ҷиддӣ дар бобати аз байн бурдани эҳсоси нангини бегонапарастӣ, ки дар байни баъзе гурӯҳҳо ва ҳатто шахсони алоҳидаи мансабдор мутаассифона ҳанӯз ҳам ҷой дорад, вазифаи муқаддас ва ватандӯстонаи ҳар фарзанди огоҳи миллат аст”.
Зиёӣ ва шахсияти ӯ дар ҷомеа ҳамеша мақоми махсус дошта, муносибати мардум ба зиёӣ куллан дар пояи иззату эҳтироми фавқулода сурат мегирад. Дар байни тоҷикон аз қадимулайём шахсияти одамони босаводу илмомӯхта, олим, омӯзгор, шоиру адиб ва дигар аҳли зиёву эҷод муқаддас шумурда мешуд. Мардум ба онҳо арҷгузорӣ менамуд ва дар ҳалли масъалаҳои шахсию ҷамъиятӣ ҳамеша аз онҳо пайравӣ мекард. Бо ҳамин сабаб худи зиёиён низ бояд ин рисолати худро бо эҳсоси масъулияти баланд дарк кунанд ва нагузоранд, ки фикру андеша, сухану рафтор ва ё шахсияти онҳо боиси сар задани ҳодисаҳои манфӣ, ки амнияти ҷомеаро халалдор месозанд, гардад. Дар ин росто суханони Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиён соли 2006 хеле ҷолибанд: “Аз қадимулайём илм ва ҳақиқати илмӣ дар заминаи баҳс ба вуҷуд омадааст. Ба таъбири дигар, илми бебаҳс бақо надорад. Яъне баҳс ҳамеша лозим аст, лекин баҳси созанда. Вале вақтҳои охир дар байни баъзе олимони мо баҳсҳои бебунёде торафт авҷ мегиранд, ки аз онҳо ҳатто мардум нороҳат гаштааст. Дар паси чунин баҳсҳо кӯшише нуҳуфтааст, ки шахсиятҳои маъруфи илму адаб аз рӯи ғаразҳои муайян ҳамдигарро бадном намоянд… Набояд фаромӯш кард, ки аз ин кашмакашу баҳсҳо ба инкишофи илм ва шахсияти олимони маъруфи мо на ин ки ягон манфиат намерасад, балки ба ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ дорад”.
Як масъалаи муҳим барои зиёиён дар шароити муосири Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои конститутисонии давлати мост, ки он, аз ҷумла, ҳамчун давлати дунявӣ эълон гардидааст. Бояд ҳар як зиёӣ дарк намояд ва ба мардум фаҳмонида тавонад, ки дунявияти давлат ҳеч гоҳ бар зидди озодии виҷдон ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони диндор равона нашудааст, давлати дунявӣ будан ҳеч гоҳ пойбандиро ба арзишҳои муосири ғарбӣ ва даст кашиданро аз арзишҳои моддию маънавии шарқии миллати мо тақозо намекунад. Вазифаи зиёиёни мо имрӯз бояд аз ҷиҳати илмӣ собит сохтани ақида дар бораи бунёди давлати дунявӣ ҳамчун як омили муҳимтарин ва кафили бебаҳси таъмини амнияти ақидавӣ дар кишвар иборат бошад. Дар ин бора Пешвои миллат низ дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён соли 2008 таъкид карда буданд: “Таъсири мутақобилаи пурбаракат аз ду ҷониб, алалхусус маънавиёти Шарқу технологияҳои Ғарб имрӯз беш аз пеш эҳсос мешавад. Ин раванд тақозои ҳаёт ва диалектикаи рушди инсоният аст. Бо вуҷуди ин гоҳо дар воситаҳои ахбори умум аз ҷониби муаллифони чи хориҷӣ, чи дохилӣ сару садоҳое баланд мешаванд, ки ба тафриқаандозӣ нигаронда шудаанд ва ҷомеаи моро ба ғарбпарастӣ айбдор карданӣ мешаванд. Фикр мекунам, ки чунин муносибат ҷанбаи солим надорад, зеро ҷудоиандозӣ ҳеҷ гоҳ бо некӣ анҷом намеёбад”.
Дар бораи вазъи озодии виҷдон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан карда, бояд ба эътибор гирифт, ки дар ин соҳа низ миллати тоҷик анъанаи ғанӣ дошта, ба ягон таълимоти динию мазҳабии бегона ниёз надорад. Бо ҳамин сабаб вазифаи зиёиён аз он иборат аст, ки пешсафи мубориза бо бегонапарастӣ дар масъалаҳои динию мазҳабӣ бошанд. Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт, ки дар суханронияшон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар соли 2008 инъикос гардидаанд, барои мутахассисон бояд дар самти таъмини оромию осудагии ҷомеаи муосири тоҷик ҳамчун роҳнамо хизмат кунанд: “Аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафия, яъне Имоми Аъзаманд ва мо ба он чун яке аз омилҳои муттаҳидкунандаи миллатамон арҷ мегузорем”.
Аз ҷониби дигар, чунонки Пешвои миллат борҳо таъкид сохтаанд, бо ҷаҳонбинии ривоятӣ ва тафаккури дар пояи қиссаву афсонаҳо бунёдшуда ягон ҷомеа пешрафт карда наметавонад. Аз ин рӯ ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии наврасону ҷавонони имрӯз, тақвияти фарҳанги техникӣ ва тафаккури мантиқию ақлонии онҳо, мубориза бо хурофоту таассуб бояд рисолати ҷонии зиёиён бошад. Дар ин самт истифода аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ солҳои 2020-2040-умро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд, хеле муҳим аст. Ин иқдоми шоиста, бешубҳа, дар кишвари мо барои мубориза алайҳи таассуб ва хурофот ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан бо такя ба фанҳои табиию риёзӣ як такони ҷиддие мебахшад.
Як сабаби дилгарм набудани мардум ба созандагӣ ва рӯ овардан ба амалҳои ношоистаю харобиовар метавонад, маълумоти кофӣ надоштан дар бораи дастовардҳои давлат ва миллат, ё фориғ будан аз худогоҳии шахсӣ бошад. Аз ин рӯ, зиёиёни кишвар вазифадоранд, ки дар ин самт низ ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб фаъол бошанд, ба тарғибу ташвиқи амалҳои созанда ва дастовардҳои замони нав беэътиноӣ зоҳир накунанд. Бо ин мақсад мо бояд суханони зерини Пешвои миллатро, ки соли 2009 дар суханронияшон бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» баён гардида буданд, сармашқи кори худ қарор диҳем: “Зиёиёни моро лозим аст, ки барои омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти дастовардҳои беназири даврони истиқлол ҳарчи бештар кӯшиш намоянд ва дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва савияи маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату давлати хеш саҳми шоиста гузоранд. Ҳамчунин мардуми кишварро ҳарчи бештар ба бунёдкориву ободгарӣ ва меҳнати созанда раҳнамоӣ кунанд”.
Чунонки таъкид гардид, ба ҷаҳони муосир шиддат ёфтани муборизаҳои иттилоотӣ дар фазои воқеӣ ва маҷозӣ хос мебошад, ки имрӯз ба як амали муқаррарие дар пиёда сохтани сиёсати дохилию хориҷии тамоми давлатҳо табдил ёфтааст. Ин андешаро муборизаҳои иғвогаронаи бадхоҳони миллат дар давраи паҳншавии бемориҳои сирояткунанда бори дигар собит намуданд. Ба ҳамин нукта ва ба ҳамин маънӣ ишора карда, Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 гуфта буданд: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Бо ҳамин сабаб ва ба хотири таъмини амнияти миллӣ зиёиёни моро зарур аст, ки аз муборизаҳои иттилоотӣ дар канор набошанд, ба пур кардани фазои холии мафкуравӣ дар олами воқеию маҷозӣ, махсусан дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, бетарафӣ зоҳир накунанд ва моҳияти чунин муборизаҳоро ба мардум, махсусан ба насли ҷавон бифаҳмонанд. Дар ин самт бояд аз ҷониби зиёиён чунин тадбирҳо анҷом ёбанд: ба ташаккули ҷаҳонбинии комилан илмии шаҳрвандон ва омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ аз ҷониби онҳо таваҷҷуҳ намоянд; мавқеи шаҳрвандии ҳар як фардро устувор созанд, то онҳо баъд аз санҷиши воқеият мавқеи дурустро интихоб намоянд; кӯшиш намоянд, то ҳар як фард дар муқобили ҳар гуна иттилооти нодуруст ё иғвоангез истодгарӣ карда тавонад ва қобилият дошта бошад, ки чунин маълумотро ба дигарон низ бифаҳмонад. Аз ҳама муҳим он аст, ки зиёиёини мо шаҳрвандонро тавре тарбия намоянд, ки ватану кишвари худро дӯст доранд, манфиатҳои миллат ва давлати худро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, ба ҳар як дасиса ва иттилои ғаразомези душманони миллат ҷавоб дода тавонанд.
Иҷрои тамоми вазифаҳое, ки дар боло ҳамчун рисолати муҳимми аҳли зиё тавсиф гардиданд ва ба ҷо овардани қарзҳои дигари инсонию шаҳрвандии худ, ба андешаи мо, имкон медиҳанд зиёиёни кишвар мардумро аз торикию ҷаҳолат берун кашанд, ҳар гуна хатару таҳдидҳоро ба оромии кишвар пешгирӣ намоянд ва ба чунин баҳое сазовор бошанд, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш соли 2009 ба онҳо додаанд: “Ман рисолати зиёиёни имрӯзаро маҳз дар ҳамин мебинам: чароғи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол будан”.
Дар охир таъкид месозем, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи сабаб ва омилҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби аҳли зиё бояд ба як тадбири якдафъина мубаддал нагардида, бо нашри якчанд мақола ё чанд маҷмуае анҷом напазирад. Маҳз ҳаминро ба эътибор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020, балки ҳанӯз соли 2002 таъкид дошта буданд, ки “дар марҳилаи қомат рост кардани ҷомеа қисми асосии зиёиёни мо дар бораи дарҳам шикастани монеаҳои навсозӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанги гражданӣ то ҳанӯз сухани муассир нагуфтаанд ва пешниҳодҳои судманд ба миён нагузоштаанд”.
Дарвоқеъ, мо бояд бо иҷрои рисолати худ ҳамчун зиёӣ барои мустаҳкам кардани хотираи таърихии миллат ва ҳар як фарди он мунтазам сабақҳои талхи ҳодисаи пурдаҳшату нангин, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки дар даҳсолаи охири садаи бистум дар Тоҷикистони тозаистиқлол рух дод, мавриди таҳлилу баррасиҳои илмӣ қарор диҳем, то ки барои таъмини фардои орому осудаи миллати куҳанбунёд, тамаддунофар, таҳаммулпазир ва сулҳовари хеш ҳамеша омодагии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмию назариявӣ ва илмию амалӣ дошта бошем.
Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон