Рӯзи 05.04.2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои олимони ҷавони Марказ хониши сиёсӣ дар мавзуи “Рисолати ватандорӣ дар замири ҷавонони саодатманди кишвар” баргузор гардид, ки дар кори ҳамоиш аъзои Шӯро ва коршиносони Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хониши сиёсӣ бо суханҳои ифтитоҳии Талбаков Саидаҳтам Исроилович, раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, таъкид шуд, ки ватандӯстӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ буда, дар ташаккулёбии шахсияти ҷавонони саодатманд ва ояндаи дурахшону муваффақияти кишварамон саҳми беназир дорад. Ҷавонон на танҳо ояндаи миллат, балки нерӯе мебошанд, ки қодиранд муҳити ҳаёти ҷомеаро дигаргун созанд ва ба ормонҳои ватандӯстӣ накҳати тозо бахшанд.

Аз ин рӯ, баррасии нақш ва аҳамияти ватандӯстӣ дар қалби ҷавонон самти афзалиятноки фаъолияти Марказ ба шумор меравад, зеро ояндаи дурахшони ҷавонон аз он вобаста аст, ки то кадом андоза арзишҳои ватандӯстиро дарк мекунанд.

Сипас Муртазозода Ораз, н.и.и., дотсент, сардори Раёсати таҳқиқоти масъалаҳои соҳавии Марказ, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ватандӯстӣ танҳо шиор набуда, балки рисолатест, ки дар вуҷуди ҳар як шаҳрванд ҷой дошта, бедор кардани он саъю талош ва кӯшишҳои дастаҷамъиро талаб мекунад.

Бо назардошти равандҳои ноустувори муосир ва зарарути ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ки ба сарнавишти дурахшони ҷавонон нигаронида шудааст, ҳар як узви ҷомеа уҳдадор мегардад, ки дар тақвият додани рисолати ватандӯстии ҷавонони саҳми муассир дошта бошад.

Дар идомаи ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, андешаҳои аъзои Шӯро шунида шуд. Аз ҷумла Шарифзода Сайҳомид Сафар, н.и.т., сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ изҳор дошт, ки таъсири ташаккули ормонҳои ватандӯстии ҷавонон аз бисёр омилҳо – аз таҳсилот ва мероси таърихӣ то расонаҳо ва вазъи иҷтимоии фарҳангӣ вобаста буда, ин рисолат ояндаи кишвари моро муайян мекунад.

Дар охир раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ, Талбаков С.И., дар интиҳо аз ҷараёни баргузории ҳамоиш натиҷагирӣ намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед