Дар сароғози сухан мехоҳем доир ба масъалаи зарурати коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардидааст оғоз намоем: «Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд»

Албатта яке аз масъалаҳои мубрами имрӯз ин дастрасии аҳолӣ бо маводи ғизоии мувофиқи сабади истеъмолӣ муаян карда шудааст, мебошад. Донистани сабади истеъмолӣ барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зарур буд, дар бештари вақт одамон аз надонистан ва риоя накардани он эҳтимолияти дучор шидан ба бемориҳои гуногун мегарданд. Баъзан дастнорасӣ ба истеъмоли маҳсулот ва баъзан вақт аз эътидол зиёд истеъмол намудани он мушкилотро ба бор меорад. Ин аст, ки ғизои солим боиси сиҳатии аҳоли гардида риояи он бошад, ҳатман кафолати саломатӣ ва ғанигардии буҷаи оила мегардад.

Сабади истеъмолӣ маҷмуи намунавии ҳадди ақалли навъҳои гуногуни молу маҳсулот ва хизматрасониҳои дар як шабонарӯз ё сол барои инсон зарурбударо мефаҳмонад. Сабади истеъмолии расман, дақиқ, саҳеҳ ва вобаста ба имкониятҳои иқтисодии мардум муайянгардида, метавонад дар ҷараёни татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат талаботи ҳаётан муҳимми инсонро аз рӯи меъёри даромадҳо қонеъ гардонида, сатҳи зиндагии шаҳрвандонро муътадил нигоҳ дорад. Дар сабади истеъмолӣ муайян карда шудааст, ки ҳар як шахс вобаста ба сину солаш миқдори зарурии килокалория истеъмол намуда, неруи муътадили худро ба таври кофи нигоҳ дорад. Аз ин лиҳоз, сабади истеъмолӣ метавонад дар харҷу дахли шаҳрвандон таъсири хуб расонад. Ҳангоми риоя намудани талаботи сабади истеъмолӣ ҳолати саломатӣ, мувозинии шахс ва нерӯи он мунтазам дар як шакл қарор гирифта метавонад.

Чӣ тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид менамояд, ки башарият воқеан бо табиат дар ҳолати ҷанг қарор дошта, бархе аз ин низоми кунунии ғизо аст, ки аз се як ҳисаи онро партофти газҳои гулхонавӣ ба атмосфера, ки боиси аз байн бурдани гуногунии биологии табиатро ба миён меоварад. Ҳамзамон, дар суханронии худ қайд менамояд, ки низоми имрӯзаи ғизои муосир бесамар ва нобаробар мебошад. Масалан, зиёда аз 780 миллион нафар гурусна буда, тақрибан сеяки тамоми маҳсулоти истеҳсолшуда талаф ё исроф мешаванд. Беш аз се миллиард нафар одамон наметавонанд ғизои солимро харидорӣ намоянд, аммо зиёда аз ду миллиард нафар вазни зиёдатӣ ё фарбеҳ мебошанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар шароити кунуни имконияти мувоҷеҳ гардидан бо 462 миллион нафарро дорем, ки аз ҳад зиёд камвазн мебошанд.

Мафҳумҳои сабади истеъмолӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ” ва “Дар бораи амнияти озуқаворӣ” махсус қайд гардидааст. Вобаста ба ин, он ҳадафу мақсадҳое, ки Ҳукумати мамлакат доир ба таъмин кардани сабади истеъмолӣ ба аҳолӣ чораҳои муассирро дар ин қонунҳо руйи кор овардааст. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” доир ба афзалиятҳои сабади истеъмолӣ ва ба гурӯҳо тақсим шудани он дарҷ гардида, гуфта шудааст, ки маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ӯ заруранд, муқарар шудаанд.

Тибқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ низ аксари мамлакатҳо сабади истеъмолиро ба се гурӯҳ ҷудо намудааст, ки танҳо маҳсулоти озуқавории сабади истеъмолӣ зиёда аз 11 навъи маҳсулоти асосӣ, ғарйри озуқаворӣ зийдтар аз 6 ва 9 навъи хизматрасониҳо дохил мешаванд. Ба хӯрокҳои сабади истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли нишондиҳандаҳои дигар давлатҳо дохил мешаванд: нону маҳсулоти нонӣ, рустаниҳои ғалладонагӣ, лубиёӣ, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, равған, қанду маҳсулоти қаннодӣ, картошка, сабзавот, полезӣ ва чой.

Сабади истеъмолиро вобаста самтҳои иҷтимоии аҳолӣ ба ҳар як шахс бо фарқи қувваи коргаридошта, нафақахӯрон ва кӯдакҳо аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Ин меъёрҳо дар ҳар як давлат ба таври гуногун муайян карда шуда, вобаста ба талабот ва сину соли онҳо пешниҳод мегардад, ки меъёрҳои истеъмолии онро метавонад баъзан вазоратҳо, ташкилотҳо иваз намоянд. Ҳамчунон, вобаста аз ҳаҷми фаъолият ва ҷинсият тағйир дода шуданаш аз эҳтимол холӣ нест. Масалан, баъзе одамон вобаста ба он, ки кори ҷисмонии зиёд мекунанд, ё бештар ба варзиш машғуланд, зиёдтар истеъмол менамоянд, меъёрҳо чунин мебошанд:

  • нон ва маҳсулоти нонӣ 404 грамм;
  • маҳсулоти гӯштӣ 111 грамм;
  • маҳсулоти моҳӣ 25 грамм, ё ин ки дар ҳар як ҳафта ду маротиба ба мисли гӯшт (Дар Федератсияи Русия 50 граммро ташкил медиҳад);
  • шир ва маҳсулоти ширӣ 316 грамм;
  • тухм 25-30 грамм, ё ин ки 320 дона дар як сол;
  • равған то 0,05;
  • қанду маҳсулоти қанднок 0,07 кг дар як рӯз;
  • картошка 100 грамм;
  • сабзавот, полезӣ ва меваҷот 380 килограмм дар як сол;
  • чой 0,01 кг;
  • рустаниҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ 0,05 кг.

Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи дуюми сабади истеъмолӣ аз  маҳсулоти ғайриозуқаворӣ иборат буда, метавонад дар давлатҳои ҷаҳон вобаста ба тарақиёташон гуногун бошанд. Ба молҳои ғайриистеъмолӣ дохил мешаванд: беш аз ду ҷуфт пойафзор, либосҳои тобистона, зимистона ва баҳорӣ, маҷмуи матоъҳо барои хоб, инчунин, миз ё курсӣ (барои деҳотиҳо кӯрпа ва курпачаҳо). Ин лавозимоте ҳастанд, ки ҳатман барои зиндагонии мардум зарур буда, дар сабади истеъмолӣ ба молҳои ғайриистеъмолӣ дохил мешаванд.

Ба гурӯҳи сеюми сабади истеъмолӣ бошад, хизматрасониҳо дохил карда мешавад, ки дар маҷмуи чунин хизматҳо рост меояд: барқ, об, газ, роҳкиро барои сафар ба масофаҳои муайян. Масалан, дар сабади истеъмолии Федератсияи Русия барои як шахси калонсол 18 метри мураббаъ ҷойи зист, 285 литр об, 10 кубаметр дар як моҳ, 50 кВт-ч барқ дар як моҳ, 619 маротиба роҳбароии дароз муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз фаҳмида мешавад, ки вобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ ва рушди иқтисодии давлатҳо ин гурӯҳбандӣ фарқ карда метавонад.

Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Ғизо барои як инсон 1800 килокалория дар як шабонарӯз лозим аст, ки вазн, қувватнокӣ ва барқароршавии масуниятро таъмин намуда, фаъолияти ояндадору бардавом дошта бошад. Дар навбати дигар бошад, барои мард ва зани фаъол ин нишондиҳандаҳо гуногун буда, вобаста ба фаъолияти ҷисмонии вазнин ё сабук фарқ карда метавонад. Барои марди фаъол ва барои он касоне, ки боз ҳам дар инкишофанд, 2500 килокалория лозим (меъёр барои бештари мардуми ИМА) меояд. Аз ин миқдор килокалория бояд 700 килокалорияаш дар наҳорӣ сарф шуда, боқимонда низ дар давоми рӯз тақсимбанди карда мешавад, ки риояи он бениҳоят муҳим мебошад. Чунки на танҳо он ба ҳолати фаъолияти ҷисмонӣ балки ба фикрронӣ низ таъсир мерасонад, ки дар тамоми таҳлилҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Ғизо ба таври назаррас нишон дода шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Ғизо ва самтҳои асосии он ин паҳн кардани Инқилоби Сабз, ғизои солиму дастрас, дучанд афзун намдуни ҳосили ғизо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, таҳияи нақшаҳо ва пешгӯиҳои ҷаҳонии рушди кишоварзӣ, паҳн кардани технологияи устувори кишоварзӣ ва рушди деҳот мусоидат менамояд. Бо вуҷуди он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии ғизои солим бар аҳолии сайёра ҳама вақт таъмин бошад.

Аз ин лиҳоз, гирифтани килокалорияи лозимӣ барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ буда, ки ҳар як шахс дар алоҳидагӣ намедонад, ки барои он чанд, килокалория лозим асту чӣ қадар бояд истеъмол намояд. Барои муайян кардани ин килокалорияи лозимӣ барои як шахс вобаста ба синну сол ва ҷинсияташ формулаи Харрис Бендиктро истифода мебарем,ки он ҳолати метоболизми инсонро муайян менамояд. Метоболизм ҳамон миқдор аксуламалҳое мебошад, ки инсонро барқарор нигоҳ медорад ва ин метабализм бо чунин формула нишон дода мешавад:

М=66,5+(13,75*Вт/кг) +(5,003* Бқ/см)-(6,755*Сс), ки дар ин ҷо Вт/кг–вазни тана бо килограм, Бқ/см–баландии қад бо сантиметр, Сс- синну соли ҳамон шахс мебошад. Формулаи мазкур барои нигоҳдории ҳолати барқароршавӣ ва килокалорияи лозимӣ барои мардҳо мебошад.

Ба ҳамин монанд чунин формула барои занҳо низ муайян карда шудааст, ки танҳо баъзе аз коэффисентҳояш аз якдигар фарқ намуда, ҳолати барқароршавӣ ва миқдори лозимаи килокалория барои занҳо мебошад.

М=55,1+(9,563*Вт/кг)+ (1,850* Бқ/см) – (4,675*Сс); [5]

Мисол, барои ҷавонмарди 30-солаи қоматаш 170 сантиметр ва вазнаш 70 килограм чунин рост меояд:

66,5+(13,75*70)+(5,003*170)-(4,675*30)=66,5 +962,5+850,51-140,25=1739,26 ккалория барои ҷавони 30-сола лозим меояд.

Барои ҷавонзани 30-солаи қоматаш 170 сантиметр ва вазнаш 70 килограм чунин рост меояд:

55,1+(9,563*70)+(1,850*170)-(4,675*30)=55,1+669,41+314,5-140,2=899 калория барои ҷавонзани 30 сола лозим меояд. Аммо занҳо метавонанд вобаста ба ду ҳалати қарордошта ин иншондиҳанда зиёд карда шавад; якум дар ҳоллати дар батн тифл доштан ва дуюм дар ҳолати кӯдаки ширхора доштан, метавонад ин нишондиҳанда аз 20 то 30 дарсад зиёд намояд. Яъне 899 ккалория *30% ин баробари 269 килокалорияи дигар зиёд истеъмол намояд.

Вобаста ба фаъолияти корияшон бошад, метавонанд аз 15 то 30% -и дигар ккалория зиёд истеъмол намоянд. Инчунин, барои касоне, ки бештар ба варзиш машғул мешаванд, чунин тавсия дода мешавад. Барои муайян намудани килокалорияи лозимӣ донистан зарур аст, ки дар таркиби кадом маҳсулот чӣ гуна килокалория мавҷуд мебошад.

Дилхоҳ шахс метавонад бо истифода аз формулаҳои дар боло овардашуда миқдори зарурии истеъмоли ғизояшро самаранок истифода намояд. Дар ин ҳолат эҳтиёҷ ба фарбеҳшавӣ ё аз ҳад зиёд харб гардию мубтало шудан ба бемориҳои фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, бемориҳои дил, ки сабабашон зиёд ё кам будани килокалория дар орагнизм мебошад, миқдоран кам мегардад. Мушкилоти дигаре, ки ба миён меояд, ҳар як шахс бояд донад, ки дар таркиби кадом навъи маҳсулот, миқдори килокалория то чӣ андоза мавҷуд аст.

Миқдори зарурии ккалорияро мо танҳо аз як маҳсулот бояд истифода накарда, аз маҳсулоти гуногун ба миқдори муайян истеъмол намоем. Албатта, ин дар ҳама фасли сол имкон надошта, аз ин лиҳоз метавонем дар мавсимаш меваро хушк карда, дар фаслҳои зимистон ва баҳор тариқи ҷӯшонидан нӯшиданӣ истеъмол намоем. Агар дар деҳоти кишвар истеҳсоли маҳсулоти худи зиёд карда шаванд, имконияти дастраси ба молҳои сабади истеъмолӣ таъмин гардида метавонад. Бештари таҳлилҳо нишон медиҳад, ки харҷи зиёд барои дастраси ба нишондиҳандаҳои сабади истеъмоли дар маҳсулоти равған, гӯштӣ, маҳсулоти нонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз барои дастраси ба чунин номгӯи маҳсулот танҳо бо роҳи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худии аҳолӣ (бо дарназардошти (74%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳад) дастраси гардонида метавонем.

Мушкилоти дигаре низ ҷой дорад, ки он ҳам истеҳсол намудани равғанҳои истеъмолӣ дар шароити хона мебошад. Сокинони деҳот аз қадимулайём равғанҳои истеъмолии худро аз зироатҳои гуногун, зағир, маҳсар ва инчунин, аз чорвоҳои калони шохдор (равғани зард) ки бениҳоят калориянокии баланд дорад, ба роҳ мемонанд. Имрӯз моро зарур меояд, ки дар деҳот кишти зироатҳои равғандеҳ, ба монанди зағир ва дигар навъҳои зироатҳои равғандеҳро афзоиш диҳем. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ин зироатҳоро дар минтақаҳои бе об низ имкони парвариш кардан вуҷуд доард. Мутаассифона, дар бештари деҳаҳо дар натиҷаи мушоҳидаҳои мо майдонҳои боғҳо шудгор нагардидаанд. Парвариши зироатҳоро метавон дар байни қаторҳои токзор ва дигар боғҳо ба роҳ монд. Дар натиҷа, ҳам боғҳо шудгор шуда, ҳам маҳсулоти иловагӣ ҳосил мегардад. Бештари деҳот ин таҷрибаро истифода мебаранду ҳатто дар байни қаторҳои боғҳои ангур, зағир, лӯбиё, кунҷит, нахуд мекоранд, ки ин имкон медиҳад, ки қобилияти ҳосилхезии заминҳо барқарор гардад.

Рустамҷони С.Қ., н.и.и.
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
 макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед