Ҷаҳони муосирро бидуни равобит тасаввур кардан ғайриимкон аст. Вобастагии тарафайн робита ва ҳамкориҳои мамлакатҳоро рушду густариш мебахшад. Кишварҳо кӯшиш бар он доранд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун тақвият бахшанд. Ҳатто кишварҳои абардқудрат дар алоҳидагӣ наметавонанд пешрафт кунанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани робитаи нек, дӯстона ва ҳамкории зич бо кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад. Чунонки маълум аст, омилҳои фарҳангиву таърихӣ ва диниву мазҳабии Тоҷикистонро бо кишварҳои арабӣ мепайвандад ва яке аз чунин кишварҳои арабӣ давлати Мисри Араб мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср муносибатҳои дипломатиро соли 1993 барқарор намуда, то ҳол рушду густариш меёбанд. Тоҷикистону Миср дар соҳаҳои маориф, амният, иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва гуманитарӣ ҳамкорӣ намуда, сол то сол ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд. Робитаҳои ду кишвари ба ҳам дӯстро, пеш аз ҳама, омилҳои фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад.
Ҷумҳурии Арабии Миср дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ ва геоиқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ муҳим ҷойгир буда ва ҷойгоҳи махсусро дорост. Ин мамлакат узви иттиҳоди Африқо, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Лигаи Давлатҳои Араб мебошад, ки ин иттиҳоду созмонҳо дар Ховари Миёнаву Африқо нақши калидӣ доранд. Ба ҳамин хотир, густариши ҳамкории Тоҷикистон ба Миср муфид буда, шароит фароҳам меорад, то Тоҷикистон бо дигар малакатҳои Африқо ва ҷаҳони араб равобити худро рушд диҳад.
Дар санаи 9 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафари расмӣ анҷом доданд. Дар аввал Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Осорхонаи миллии тамаддуни Миср” дидан намуданд ва дар китоби меҳмони фахрӣ соядаст гузоштанд. Баъдан аз корхонаҳои “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Си Герментс” боздид ба амал оварда, бо роҳбариятҳои ширкатҳо мулоқот карда, доир ба ҳамкорӣ ва эҳтимоли ташкили чунин ширкатҳо дар Тоҷикистон суҳбатҳои муфид анҷом доданд.
Рӯзи 10 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ масъалаҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ намудаанд. Ҷонибҳо барои рушди бештари ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд.
Дар давоми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ мулоқот ва суханронӣ намуда, соҳибкорону сармоягузорони мисриро барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд ва таъкид намуданд, ки Тоҷикистон барои бахши иқтисодӣ ва тиҷорӣ 240 навъи кафолату имтиёзро муқаррар намудааст.
Рӯзи 10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мабдулӣ ва бо раиси Сенати Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот анҷом дода, доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ ва муносибатҳои байнипарлумонӣ ибрози назар карданд.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи Қоҳира ба унвони доктори фахрии донишгоҳи мазкур қадрдонӣ гардид, ки яке аз донишгоҳои соҳибнуфуз дар сатҳи байналмилалӣ буда, се нафар хатмкардаи ин Донишгоҳ дорандаи ҷоизаи Нобел ҳастанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Қоҳира дар назди устодон, донишмандон, донишҷӯён ва доираи васеи олимон суханронӣ намуданд.
Вобаста ба ҳолат ва густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: “Мо тавсеаи бештари ҳамкориро дар соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кардем”.
Дар умум, дар натиҷаи сафари мазкур 5 санади ҳамкорӣ дар самтҳои кишоварзӣ, ҷавонон, маориф ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Мисрро беш аз 14 санад танзим менамояд.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд ин ду кишвар аз якдигар дар фосилаи дур қарор доранд, вале тавонистанд робитаҳои хубу дӯстонаи байни якдигариро роҳандозӣ намоянд. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ дар самти маориф пешрафтҳои назаррас ба чашм расида, донишҷӯён дар донишгоҳҳои якдигар илм омӯхта, донишмандону олимон табодули таҷриба карда истодаанд. Дар соҳаи фарҳанг низ робитаҳои хуб ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар баргузор гардонида, мардумро боз бештар ба тамаддуну фарҳанг, адабиёт ва маънавиёти якдигар ошно месозанду наздиктар мегарданд.
Давлати Арабии Миср дар самти туризм таҷрибаи ғанӣ дорад, Тоҷикистон ҳам дар сурати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи туризм таҷрибаи ин давлатро баррасӣ менамояд ва нозукиҳои ин соҳаро ҳарчи бештар азхуд карда истодааст.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср имконияти фаровони ҳамкорӣ дошта, метавонанд робитаро дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, маориф, гуманитарӣ, туризм ва кишоварзӣ ҳамкории созанда ва муваффақонаро ба нафъи ҳарду кишвар густариш диҳанд. Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи пурғановати Миср ва сармоягузориаш истифода намуда, соҳаи кишоварзии худро беҳтару мукаммалтар намояд ва барои Миср шарики хубу боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардад. Тиҷорати хориҷии байни якдигар қонеъкунанда набуда зарур аст, чораҳои иловагӣ андешида, роҳҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ намоянд.
ҶАҲОНГИР Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати
хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон