Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуби дипломатии худро нигоҳ дошта, баҳри пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ бо давлатҳои минтақа ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Дар ин миён равобити байни Тоҷикистон ва Туркманистон қобили таваҷҷуҳ буда, паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар ба таҳлил ва омӯзиш ниёз дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад “Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” оғоз гардида буд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо кишварҳои олам беш аз 2100 санади дуҷониба ба имзо расонидааст, ки ин ҳуҷҷатҳо ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоро дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амниятӣ, ҳарбӣ-техникӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра дар бар мегирад. Аз ин санадҳои баимзорасида беш аз 110 ҳуҷҷат ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон рост меояд.
Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар нахустин сафари расмии собиқ Президенти Туркманистон Г.Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-5 октябри соли 2007, ки он, бешубҳа, оғози марҳалаи нави рушди ҳамкориҳои байни ду давлат мебошад, аз ҷониби сарони ду кишвар шаш санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Аз он шаш санад ду санади муҳимми ҳамкорӣ дар самти соҳаҳои фарҳанг, санъат ва маориф, аз ҷумла “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат” ва “Созишнома дар соҳаи маориф” мебошад.
Вобаста ба ин, тули ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба миёни ин ду кишвар санадҳое, ки ба имзо расидаанд, бештар хусусияти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрукӣ доранд. Дар ин миён ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии ду давлат ҷиҳати густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва пешрафти соҳаҳои илму маориф нуктаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф дар ҳамкории дуҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки кишварҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаҳои фарҳанг ва илму маорифи ҳар ду кишвар пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркманистон баргузор мегардад, ширкати фаъолона менамоянд.
Бояд гуфт, ки соли равон аз барқарорсозии ҳамкорию муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии байни давлатҳо баргузор гардидааст. Аз ҷумла, бо ибтикори сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон пайваста баргузор мегарданд, ки ин, албатта, ба таҳкими дӯстии халқҳои ин ду кишвари бо ҳам дӯст мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, қайд кардан бамаврид аст, ки рӯзҳои 16-18 феврали соли равон дар Донишкадаи робитаҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, дар шаҳри Ашқобод бахшида ба Рӯзи кормандони дипломатии Туркманистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони дипломатию созмонҳои байналмилалӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Муколама гарави сулҳ” баргузор гардида буд.
Дар чорабинии мазкур мусобиқаи варзишӣ ва намоиши гӯшаи фарҳангии намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ашқобод баргузор гардид, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ширкати фаъолона дошт. Дар ин чорабинии фарҳангию варзишӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзиҳои суннатӣ, китобу брошюраҳои сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба кишвари биҳиштосои тоҷикон ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамкориҳои босамари дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар самти илму маориф низ пайваста сурат мегирад. Вобаста ба ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз теъдоди зиёди донишҷӯён аз Ҷумҳурии Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Туркманистон таҳсил менамоянд.
Донишҷӯёни туркман асосан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва донишҷӯёни тоҷик бошанд, бештар дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Туркманистон ба номи Сейдӣ таҳсил намуда истодаанд. Касби омӯзгорӣ дар самти таълиму тарбияи минбаъдаи насли наврасу ҷавон яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар самти тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи педагогика хуб ба роҳ монда, ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ шумораи умумии донишҷӯёне, ки аз Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар соли таҳсили 2022-2023-юм – 116 нафар мебошанд, ки аксари онҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳсил менамоянд. Доир ба таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бурсияҳо ҷудо мегарданд, ки аз ин ҳисоб донишҷӯён аз кишвари Туркманистон тибқи бурсияҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Туркманистон ба вилояти Хатлон, ки 9-уми марти соли 2023 сурат гирифт, дар назар аст, ки дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Туркманистон сохта мешавад. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки бо истифода аз шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва муҷҷаҳаз бо синфхонаҳои барҳаво дар муҳлати муайянгардида мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Айни замон тибқи маълумот дар қаламрави вилоят шаш муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои туркмантабор ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф мунтазам рушд ёфта истодааст. Умед аст, ки сафари навбатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар назар аст, боиси таҳкими муносибатҳои муштараки байни ду кишвар ва густариши равобити дӯстонаи байнидавлатӣ хоҳад шуд.
Назирова М.Н., н.и.с.,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон