Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор медорад, ки  дар таърихи  24 сентябри 2020 дар барномаи “Гапи озод”-и Радиои Озодӣ, ки баъдан   бо номи «Мардуми Тоҷикистон пеш аз интихобот чӣ рӯҳия доранд?» ба таври хаттӣ низ нашр гардид, Маҳдӣ Собир ба ҳайси корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон  муаррифӣ ва суханронӣ намудааст.  

         Бояд тазаккур дод, ки Маҳдӣ Собир аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  таърихи 4 январи соли 2018 аз вазифаи сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ мутобиқи моддаи 41-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ аз кор озод карда шудааст. Бинобар ин, масъулони Радиои Озодӣ ӯро набояд ҳамчун корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мекарданд, зеро Маҳдӣ Собир корманди Марказ набуда,  фикру андешаҳои ӯ назари расмии ин ниҳоди давлатӣ ба ҳисоб намераванд.                   

         Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулони Радиои Озодӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  минбаъд маводи худро санҷида нашр намоянд ва оид ба масъалаи коршиноси Марказ набудани Маҳдӣ Собир раддияи худро ба шунавандагону хонандагон пешниҳод созанд.   

 

Чоп кунед