Ҷашнгирии ба истилоҳ “Иди байналмилалии занон” ё “Иди озодии занон” барои ҷомеаи Тоҷикистон иртиботи маънавии миллӣ ва ё динӣ надорад, гузашта аз ин, он воқеан, ҳам иди байналмилалӣ нест. Таърихи он чунин аст, ки дар баҳори соли  1857 бофандазанони шаҳри Ню-Йорк бо тазоҳурот алайҳи ноадолатиҳои давлати худ бархостанд ва рӯзи 8 март гирдиҳамоии азим бо ширкати якҷояи коргарзанони фабрикаҳои бофандагию пойафзордӯзӣ сурат гирифт. Пас аз он, ки ҳукуматдорон онҳоро пароканда сохтанд, он рӯз барои занони Ню-Йорк азиз гашт ва онро “Рӯзи Занон” ном ниҳоданд. Ва баъд аз 50 сол (1908) занони Ню-Йорк бори дигар ба хотири ин “Рӯзи Занон” тазоҳурот карданд ва барои худ имтиёзоту баробарӣ хостанд ва пароканда карда шуданд. Пас аз ин ҳар сол ин рӯз тазоҳуроти занони сотсиалист мешуд, то дар соли 1910 онро барои тамоми занони Амрико (ИМА) «Рӯзи занон» эълом доштанд. Ба ҳангоме, ки дуюмин Конфронси байналмилалии занони сотсиалист (1911) дар Копенгаген мегузашт, намояндагони занони амрикоӣ, ки ширкат доштанд, аз пешвои ин ҳамоиш Клара Сеткин хоҳиш карданд, ки ин “Рӯзи занон”-и онҳоро барои тамоми сотсиалистзанҳо ҳамчун Иди байналмилалии коргарзанони сотсиалист эълон дорад ва ӯ ин пешниҳодро пазируфт, аммо рӯзи дақиқи он ҷашнро таъйин накарданд. Ҳамин тавр, аввалин бор 19 марти 1911 дар миёни сотсиалистҳои Олмон, Австрия, Дания ва баъзе аз дигар давлатҳои аврупоӣ  Рӯзи Байналмилалии Занон ҷашн гирифта шуд.

    Дар соли 1912 иди номбурдаро рӯзи 12 майи соли 1913, 2 март ва соли 1914 дар санаи 8 март ҷашн гирифтанд ва минбаъд 8 март санаи доимии қайдгирии ин ҷашн шуд.

     Давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш ин ҷашни занонро иди давлатӣ эълон дошт. Аз соли 1965 сар карда, он рӯзро дар Шӯравӣ рӯзи истироҳат қарор доданд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷашни давлатӣ  дар ҷумҳуриҳои назди Балтика аз байн бурда шуд.  Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин ҷашн бо номи  “Рӯзи Модар»  ва дар Арманистон “Рӯзи модар ва зебоӣ”-ро гирифт, ки дар Арманистононро рӯзи 7 апрел ҷашн мегиранд. Умуман, бештаре аз аҳли олам ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷашни 8 мартро наметавон байналмилалӣ номид, зеро он ба таври  сунъӣ  ва аслан иди мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ буд.

       Аммо ин шикаста шудан ва беэътибор гаштани ҷашни мазкур дар арсаи байналмилалӣ набояд боиси ранҷидагии хотири занони тоҷик гардад, зеро онҳоро назди падарону фарзандони миллати худ арзиши дигарест, ки мутаассифона, чун дигар арзишҳои фарҳангии миллӣ ба сабаби ноогоҳии таърихӣ мавҷудияти онро дар гӯшаи фаромӯшию гумномӣ ниҳода будем. Акнун бояд донист, ки аҷдоди пуршарафи миллати тоҷик на ҳамчун занони амрикоӣ 150 сол пеш аз ин бо муборизаҳои пай дар пай баҳри истиқлоли худ чунин ҷашнеро падид овардаанд, балки мардони ориёӣ бо ихтиёри худ 3000 сол қабл аз ин чунин ҷашнеро барои занони покдомани худ таъсис дода будаанд. Ин чӣ ифтихори азимест, ки наҷибзодагони ориёӣ барои занони покдомани худ чунин тақдими олитарини инсониро арзонӣ доштанд, яъне мардони мо худ ин неъматро ба занон ҳамчун нишони эҳтироми бузург ба зан, ба модар тақдим доштаанд, на мисли амрикоиҳо, ки занони бечора худ аз онҳо эҳтиром карданашро ба воситаи муборизаҳои бардавом талаб кардаанд.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таърих занони машҳурии ориёӣ хеле зиёданд, ки бо кору пайкор ва талошу муборизаҳои худ номи худро дар саҳифаҳои рӯзгори инсонӣ ҷовидон сабт кардаанд. Масалан, Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Бохтару Суғд дар тайи се сол ба муқобилияти сахти Спитамен ва ҳамсафонаш Австон ва Катон дучор шуд. Ӯ баъди талафоти гарон, ҷангу ҷидолҳои сершумор ва заҳматҳои сангини лашкаркашиҳо ба Рухшона (Роксана) ном духтари ҳокими Бохтар–Оксиарт, ки хеле зебову оқила  буд, хонадор шуда, бо ашрофи Бохтару Суғд робитаҳои хешу таборӣ баст.  Искандар тобистони соли 323 то милод дар синни 32-солагӣ дар Бобил вафот кард. Ба ҷойи ӯ ворисаш Искандари Чоруми хурдсол, ки писари қонунии Искандар ва Рухшона буд, ба тахт нишаст. Рухшона ҳамроҳи писараш Искандари Чорум то соли 311 то милод давлатдорӣ намудааст. Ӯ ва писари 12-солааш бар асари суиқасд, яъне заҳр додани душманон, кушта мешаванд. Баъди онҳо империяи паҳновари Искандари Мақдунӣ рӯ ба парокандагӣ оварда, дар қисмати шарқии он Селевк ва писараш Антиох, ки фарзанди Апама, духтари Спитамен буд, қариб сад сол давлати Селевкиёнро пойдор доштанд. Апама, чи дар назди шаҳвараш ва чи дар назди ҳарбиёну аҳли дарбор, эътибор ва мартабаи  баланд дошт. Эътибораш аз насабаш вобаста буд, зеро вайро аз сулолаи шоҳони Ҳахоманишиён медонистанд. Ин нукта аҳамияти сиёсӣ ҳам дошт.

Мисоли дигар. Фотимаи Хуросонӣ яке аз духтарони тоҷик, ки ӯро муғулон ба асорат то маркази Муғулистон бурда буданд. Ӯ ба кадом сабабе ба дарбори хони бузург Уктой афтода, шахси бонуфузи дарбор шуда буд ва пас аз марги хон (соли 1241) ҳамроҳи зани ӯ қариб чаҳор сол империяи бузурги муғулро идора кард. Тахмин меравад, ки бо дастгирии ӯ аз дарбор ба таъсиси давлати Куртҳо иҷозат дода шудааст. Фотима дар соли таъсисёбии давлати Куртҳо (1245) барои худсарона идора кардани империяи Муғул ба қатл расид. Давлати Куртҳои Ҳирот на танҳо аввалин давлати тоҷикии замон, балки аввалин давлати маҳаллии аҳдимуғулӣ дар тамоми Эронзамин буд (1245–1381) ва соли 1381 аз ҷониби амир Темур барҳам дода шуд.

       Яке аз бузургтарин муаррихони тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ аз рӯйи таҳқиқоте, ки дар таърихи урфу одоти боқимондаи аҷдодӣ карда буд, бад-ин натиҷа расида буд, ки “дар қадимуззамон эрониҳо (аҷдоди тоҷикон)-ро расми ҷашнгирии занонашон будааст”. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки Иди Занон дар сарзамини мо маҳз дар моҳи сеюми зимистон, ки моҳи исфандормаз ном дошт (яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал–март), ҷашн гирифта мешуд. Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое будааст, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Ӯ менависад: “Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновари тоҷикону форсизабонон дар замони Берунӣ) боқӣ мондааст ва  ба форсӣ  “Муждагирон” мегӯянд”. Аз қадим, яъне тақрибан 2500–3000 сол пеш аз ин, то асри XӀӀ ин ҷашн боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе аз олимон тахмин кардаанд, ки он расму ойин ба он ҷо аз кишвари Эрони бостон, яъне аз  аҷдоди халқҳои ориёии мо рафтааст.

  Пас моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотираҳо рафтаи худ–Иди Занон (“Муждагирон”)-ро эҳё кунем ва арвоҳи аҷдоди пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва ҳам тоҷи аввалин будани ин ифтихорро нисбат ба эҳтироми Зан-Модар дар ҷаҳон бори дигар ба сар ниҳем. Гумон меравад, ки дар таърих дигар мардуме вуҷуд надорад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии занонашон маълумоте буда бошад. Бидуни шак, чунин ҷашн хеле бузургу баарзиш аст, зеро пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷамъият бидуни шакк баста ба зан аст, аз ин рӯ болида гардонидани рӯҳияи онҳо ба воситаи эҳё кардани ин ҷашн бар манфиати маънавии кулли миллати тоҷик хоҳад буд.

     Ва дигар ин, ки мардуми ҷаҳон бояд бидонад, ки аввалин муассисони чунин ҷашни зебо дар ҷаҳон киҳо будаанд, яъне падарони арҷманди мо ва пошдиҳандаи он дар миёни бештаре аз мардумони ҷаҳон–давлати муқтадири ориёиҳо Ҳахоманишиён, ки қариб нисфи ҷаҳонро  беш аз 200 сол дар ихтиёр дошт ва бад-ин восита он ҷашнро барои тамоми мамолики тобеъи худ, ба мисли ҷашни Наврӯз, умумӣ гардонида буданд.

Вобаста ба ин мавзӯъ шояд ашхосе падид оянд, ки нигоҳашон ба ҳар гуна ифроту тафрит  кашад ва якчанд масъалаи маснӯъиро садди ин роҳ созанд. Гап сари он аст, ки гурӯҳе аз мардум ба хотири эҳтироми сохти сотсиалистии собиқ ва гурӯҳе ҳам ба хотири ин ки ислом ба занон кайҳо озодиро додааст ва ҳоҷат ба он нест ва тоифае ба иллати ғарбзадагии кӯркӯрона ва ҷамоате дигар ба ин баҳона, ки ҷашни кофирони маҷусист ва дар ниҳояти ҳол табақае ба сабаби надоштани ифтихору эҳтиром ба арзишҳои маънавии миллии худ ва ё ҳатто беэҳтиромӣ нисбат ба зан ва ғайраву ҳоказо монеъи эҳё кардани ин ҷашни пурифтихори миллии худ гарданд.

Аз ин рӯ,  хуб шуд, ки Иди Занон ба ҷашни Рӯзи Модар табдил дода шуд. Рӯзи Модари мо на ба мазмуни озодии занон, ки ҳеҷ гоҳ занони мо каниз ё беҳуқуқ набудаанд, то ҷое, ки ислом биҳиштро зери қудуми модарон қарор додааст, ё табақаи махсуси занони сотсиалист ва ё амсоли ин, балки танҳо ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба занони покдомани миллат, зояндагон ва тарбиядиҳандагони фарзандони солими Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоридан ба ин  ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва бад-ин восита шод гардонидани арвоҳи онҳо ва дар ниҳоят, ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мақому манзалати занону модарон дар кишвари мо дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз пеш баланд  гардидааст. Аз ҳамин ҷост, ки занону духтарони мо дар ҳама соҳаҳои ҳоҷагии халқи мамлакатамон дар паҳлуи мардон истода, дар пешрафт ва шукуфоии диёрамон саҳми шоиста мегузоранд.  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаи  худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд,  ки минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеаи кишварамон баланд бардошта, мавқеи онҳо дар татбиқи сиёсати иљтимоии давлат дастгирї карда мешавад.  Ӯ аз ҷумла қайд карданд:  “Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 дарсад, фарҳанг 51  дарсад ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.

Мо минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.

Бовар дорам, ки дар интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

         Бо умеду орзуҳои неку хуҷаста, бонувонро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тани сиҳат,  хотири ҷамъ,  сарсабзиву комёбӣ,  дар хонадонашон осоишу оромӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда  таманно дорем.

         Ҷашни  фархунда муборак бошад!

Раёсати таъминоти иттилоотии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикитстон

Чоп кунед