Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

Таҷлили рӯзи дониш рамзи оғози соли таҳсил, як лаҳзаи муҳим барои муттаҳидсозии хонандагону донишҷӯён, волидон ва омӯзгорон мебошад. Барои насли наврасу ҷавонони кишвар ин рӯз на танҳо ҷашни бошукӯҳ, балки лаҳзаҳои ҳаяҷоновару хотирмон, ба дунёи донишу маърифат ворид шудан аст.

Мавриди зикр аст, ки Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба шарофати заҳмати фидокоронаву садоқатмандонаи мардуми кишвар, ба давраи рушди устувори худ ворид гардидааст. Тоҷикистон бо қадамҳои боэътимод дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва раванди созандагии худ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, ки бояд барои ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошад, заминаҳои мусоид фароҳам оварда, батадриҷ ба пеш меравад.

Бо дарназардошти нақш ва аҳаммияти маориф дар рушди устувори Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди ин соҳа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар шароити имрӯза маориф яке аз омилҳои асосии пешрафти устувори ҳар як давлат мебошад. Рушди устувори кишвар, азхудкунии технологияҳои рақамӣ ва умуман сатҳу сифати зиндагии мо бевосита аз сатҳу сифати маориф, ташкили раванди босамари таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

Ҳамзамон бо ин, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат мақому манзалати омӯзгору олим устувор гардида, сол аз сол вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф беҳтар мешавад. Дар ин маврид метавон иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори ҳама муассисаҳои самти иҷтимоӣ 40 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии муассисаҳои маорифу илм аз 1-уми июли соли 2024 ёдоварӣ намуд.

Тавре ки Сарвари давлат мефармоянд: «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил доранд, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Ин андешаҳои саршор аз меҳри Пешвои миллат, барҳақ, мизонест, ки макому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа муайян месозад ва аз муҳаббату муносибати Сарвари давлат ба муаллим, ба илму маърифат дарак медиҳад.

Маврид ба таъкид аст, ки баргузории дарси сулҳ дар замони мо имрӯзҳо аҳаммияти махсус касб кардааст. Он ба мо арзиши аслии муҳаббат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни халқҳо хотиррасон мекунад. Мо дар замони душвору пуртазод зиндагӣ мекунем ва арзиши сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳми бояд барои ҳар яки мо аз ҳама бештар афзалият дошта бошанд. Таълиму тарбия бояд ба принсипҳои муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва хоҳиши манфиати умум асос ёбад. Маҳз тавассути чунин арзишҳо мо метавонем шаҳрвандони фаъол ва масъулиятнокро ба воя расонем, ки омодаанд кишвари худро ҳимоя кунанд ва эътибори байналмилалии онро баланд бардоранд.

Ба ин маънӣ, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст» ва «ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Ин андешаҳои ҳакимонаи Роҳбари давлат дар бораи маориф ва тарбияи насли наврас дар таърихи давлатдорин тоҷикон беҳтарин дастуру ҳидоятҳоянд, ки аз раванди ҳаёти воқеии сиёсии мамлакат маншаъ мегиранд.

Дарвоқеъ, дар ҳама давру замонҳо сатҳи рушду инкишофи ҳар як давлат ва дараҷаи некуаҳволии халқ аз сатҳи маориф, хоса таълиму тарбия арзёбӣ карда мешавад.

Аз ин хотир, Пешвои миллат ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва унвондор пайваста диққати махсус медиҳанд. Аз ин ҷост, ки тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва мову шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастем.

Имсол низ таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 1-уми сентябр дар остонаи 33- солагии ҷашни бузурги миллии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона суханрониро тамошо карданд.

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф, кормандони Марказ як ҷаҳон таасуроти нек гирифта, бори дигар дар ҳошияи ин сухарониҳо дар мавриди ҳамеша озодӣ ва истиқлолро, ки арзишҳои муқаддасу ҷовидонианд ва онҳоро ҳамчун арзиши гаронбаҳотарин ҳифз ва ба хотири татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асогузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шудану пайваста аз он тарафдорӣ намуданро изҳор намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед