23 феврал рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имсол 28–умин солагардашро ҷашн мегиранд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ, дар заминаи биною иншооти таъӣноти ҳарбӣ дошта, Қувваҳои Мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон, онҳо аз артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи гуногуни ҷангӣ ва муҳиммоту аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.
Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархӯрдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гарданд. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Руссия мондани Дивизияи 201-ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳои ҷанги шаҳрвандӣ меҷангиданд ва роҳбарияти давлату ҳукумат ба танзими сохтори ташкилию ниҳодӣ машғул шудаанд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилот, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхта ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.
Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Мақсади асосии давраи аввали бунёди артиши миллӣ ташкили қувваҳои низомие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зидди давлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ ба шумор мерафт.
Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои низомӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилотро паси сар намуда, ба яке аз артишҳои перқуввати минтақа табдил ёфтааст. Дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба муваффақиятҳо ноил гардиданд ва нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро баланд бардоштан.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад. Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан-модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, бо шири модар қувват гирифта рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад.
Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст. Дакр ҳадис омадааст: “Меҳри Ватан аз гӯшаи имон аст”.
Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ, ки умри худро фидои Ватан намудааст чунин фармуда:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳрии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда ин меъёри ҳуқуқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ёфтааст. Тибқи моддаи 43–юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷкистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст”.
Ҳифзи ватан нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ мерос аз ниёгон ба мо буда имкон медиҳад ки муқаддас будани Ватанро эҳсос намоем. Насли ҷавон бояд дарк намоед, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва бояд дар ин мактаб шуҷоату мардонагӣ омӯзем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки “раванди нави таърих ба дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия санади тақдирсоз буда, он аз марҳалаи нави таърихи оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусияти хос, умуман, ба ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касби вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошад”.
Аз нахустин паради ҳарбӣ 28- сол сипари гардид. Паради аввалини Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 02 1993 барпо гардида буд. Тули солҳои соҳибистиқлоли сипоҳиёни Ватан борҳо исбот намуданд, ки аз уҳдаи ҳимояи Точикистон сарбаландона баромада метавонанд.
Имрӯз навъҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ – Қушунҳои хушкигард, қушунҳои ҳарбии зидди ҳавоӣ, қушунҳои зудамал ва дигар ниҳодҳои ҳарбӣ таҷрибаи бои ҷангӣ доранд ва аз уҳдаи ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати милӣ ба осонӣ мебароянд.
Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда куллӣ мардуми кишварамонро бо ин ҷашни таърихӣ, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумо саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Акбаршои Олимхон,
мутахассиси Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ МТС– и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон