Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 январи соли 2021

Дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф шудаанд. Ин аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар баробари дигар соҳаҳои гуногуни ҳаёт диққати махсус медиҳанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давра ба давра дар баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро омода намуда, ҷиҳати амалӣ гардонидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Чунончи, Пешвои муаззами миллат 30 октябри соли 2020 дар маросими савгандёдкунӣ таъкид намуданд: “Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.”

Ҷиҳати муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат кардани ҷавонон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳо, қонунҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатӣ амалӣ гардидаанд, аз он ҷумла:

  • Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021;
  • Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”;
  • Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар натиҷаи қабули санадҳои мазкур дар ҷумҳурӣ то имрӯз чандин чорабиниҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо ва инчунин, дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардиданд, ки ҳар яки онҳо ҷиҳати ширкати фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши муҳим гузоштанд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалигардии онҳо шароитҳо фароҳам меоварад. Ин аст, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида шуда буд. Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи боз ҳам васеи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон мусоидат намуд ва фазои фаъолияти онҳоро дар сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тақвият бахшид.

Ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамеша дар мадди назар қарор дорад. Ӯ ҳамеша ҷавононро ба фаъолияти пешбарандаи созанда даъват ва ҳидоят менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.”

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумат дар татбиқи сиёсат барои дастгирии ҷавонон ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ ба рушди варзиш ва солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Зеро, варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи куҳан дошта, воситаи асосии беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба шумор рафта, ҷиҳати таҳкими дӯстии одамон ва  баландбардории имиҷи байналмилалии давлат нақши муҳимро мебозад. Ин аст, ки Сарвари давлат имрӯз ба варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ оммаи васеъ ба ин самт ҷалб гардида, тадбирҳои зиёде дар кишвар роҳандозӣ карда мешаванд. Масалан, дар ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мазкур таҳия ва ба тасвиб расонида шуд, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ва “Низомнома доир ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ”.

Вобаста ба ин, вазъи инфрасохтори соҳаи варзиш давра ба давра зиёд шуда, дар ҷумҳурӣ даҳҳо маҷмаа ва толорҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуда истодааст. Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10 220 расонида шуд. Яъне теъдоди иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст. Танҳо дар соли 2019 ҳамагӣ 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар шаҳри Душанбе сохта шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 10 071 иншооти варзишӣ фаъолият доштанд, ки ин нишондиҳанда муқоиса ба соли 2015 ба 1 481 иншоот ва ё 17,2 дарсад афзудааст. Ҳамагӣ аз шумораи умумии иншооти варзишӣ миқдори варзишгоҳ 122 адад, майдончаи варзишӣ 7 212 адад, толлори варзишӣ 1 803 адад, ҳавзи шиноварӣ 93 адад, маҷмааи варзишӣ 37 адад ва иншооти махсуси варзишӣ 804 ададро дар соли 2019 ташкил намуданд. Дар соли 2020 бошад, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Рушди вазъи инфрасохтори соҳаи варзиш барои ҷавонон имкон дод, ки имрӯз бештари онҳо ба машқу тамрин ҷалб шуда, аз миёни онҳо чемпионҳои ҷаҳон кашф шуда истодаанд. Ин аст, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, ҷаҳонӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои Олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд, ки дар ҷаҳон аз ҳисоби ғолибияти онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон партавфишон шуда, дар баробари он Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад.

Дар ин масир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: “Мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд. Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем”.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон мебошад. Имсол тамоми тоҷикистониён дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ қарор доранд ва дар ин масир гуфтан мумкин аст, ки дар даврони солҳои ноороми 1990–1991 Тоҷикистон ба мисли тифли навзод ба парастор ва пуштибони қавиирода ниёз дошт. Хушбахтона, ин тифли кучакро як шахси бузург, худодод, фарзонадил, муборакқадам, матину қавиирода бо исми шарифи Эмомалӣ Раҳмон зери сарпарастии худ гирифт ва савганд ёд кард, ки дар рушду нумуи иҷтимоию иқтисодии он тамоми шароитҳоро фароҳам меоварад, амнияти миллиро таҳким мебахшад, аз ҷиҳати фарҳангию маънавӣ такмил медиҳад ва ба арсаи ҷаҳонӣ ӯро муаррифӣ мекунад. Бо мурури замон 30 сол сипарӣ гашт, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз аз он тифли осебдида як ҷавони комил, қоматафрохта, сарбаланд, пур аз неруву иқтидор, соҳиби сулҳу субот ва забону фарҳанг, соҳиби шиносномаи миллат (Конститутсия), эътирофшудаи ҷаҳон, меҳмондӯст, роҳсоз, бунёдкору меъморгар табдил ёфт. Акнун, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди бунёдсоз ба сӯйи қуллаҳои баланд заминаи мустаҳкамро пайдо намуд, Пешвои миллат бо дили пур аз умеду орзуҳо мегӯяд: “Тоҷикистон, ба пеш!”

Фарзона Худойдодова,

муовини сардори Раёсати

таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед