ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳими амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки вазъи кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст.
«Чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад. Барои рух додани чунин ҳодисаҳои фоҷиабор мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих, тамаддун ва фарҳанги бостонӣ мебошанд, гуноҳ надоранд», — иброз доштанд Сарвари давлат.
Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад.
«Мардуми Тоҷикистон чунин бадбахтӣ, яъне дахолати хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарониданд ва оқибатҳои вазнини онро то ба ҳол бартараф карда истодаанд, — ёдовар шуданд Президенти мамлакат ва илова намуданд, ки дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расида, 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд».
Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, Пешвои миллат иброз доштанд, ки мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.