ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонаҳои навбунёдро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, ба истифода доданд.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба соҳибонашон супорида, аз шароити маишии ҳуҷраҳо дидан намуданд.
Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дохили онҳо бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ оро ёфтааст.
Тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст. Оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин ва дигар ашёи рӯзгор таъмин гардиданд.
Дар мавзеи нав барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, барои 10 оила бо дарназардошти тамоми шароит хонаи истиқоматӣ бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ бо дастгирӣ ва таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муҳлати 1 моҳ пурра бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
Тибқи иттилоъ, ба ҳар оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 6 садяк замин ҷудо шуда, бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зиндагӣ муҳайё мебошад.
Хати алоҳидаи барқ, оби нӯшокӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард аз ҷумлаи дигар корҳое ба шумор мераванд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расидаанд.
Сарвари давлат зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ бо соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонида ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расонидани кумакҳои саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хӯрокворӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуда, иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд.
Мавриди тазаккур аст, ки шуруъ аз 27 июни соли равон бинобар ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.
Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор шуд.
Кумаки саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат сабаби он гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ сари вақт оғоз ёфта, бо сифати баланд ва аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ анҷом дода шавад.
Дар назди хонаҳои истиқоматӣ барои истироҳату фароғати сокинони деҳаи Анҷин майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон сохта шудааст.
Дарозии майдончаи варзишӣ 30 ва паҳноиаш 20 метр буда, барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бисёр мувофиқ мебошад.