ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ доираҳои тиҷоратии Русияро ба ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои мамлакат даъват намуданд.
Сарвари давлат, аз ҷумла тазаккур доданд, ки дар Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд.
«Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд. – иброз доштанд Пешвои миллат дар нишасти матбуотӣ. — Мо дурнамои ҳамкориро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон муфассал баррасӣ намудем».
Таъкид гардид, ки ҳамкории мутақобила оид ба масъалаҳои барқарорсозии муштараки ҳудуди Тоҷикистон, ки дар гузашта истихроҷи уран дар онҷо ҷойгир буд, мусбат арзёбӣ шуд.
Гуфта шуд, ки шарики асосии ҷониби Тоҷикистон ширкати «Росатом» мебошад.