ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии «Дарвоз Континентал»-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор аз 4-ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 17 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷраи президентӣ мебошад.

Масоҳати умумии иншоот 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст.

Бо бунёди ин иншооти хизматрасонии сайёҳӣ 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти меҳмонхона истеҳсоли ватанӣ буда, хизматрасонӣ дар он тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” аз иншооти муосире аст, ки дар маркази ноҳияи Дарвоз ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз дар айни ҳол 13 меҳмонхонаи замонавӣ, 9 ҳовмстей, истироҳатгоҳ, минтақаи шикор, ширкати сайёҳӣ, 26 мавзеи таърихию фарҳангӣ ва 5 мавзеи сайёҳати экологӣ мавҷуд мебошанд.

Тибқи иттилоъ, аз оғози соли равон то инҷониб зиёда аз 3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба тамошои ин гӯшаи зебои Тоҷикистон омадаанд.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми шахсони саховатманди ин ноҳияи зебоманзару дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон Дарвоз ободу зебо шуда, рушд ёфтааст ва дар баробари пешрафти дигар соҳаҳо дар бахши сайёҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ва боздиди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ бозгӯи он аст, ки сайёҳӣ дар ин мавзеъ соҳаи ояндадор аст.

Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, табиати нотакрор, ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ сайёҳии кӯҳнавардӣ, сайру саёҳат, этнография ва сайёҳии экологӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле рушд намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи муосир ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.

khovar.tj

Чоп кунед