ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ + Россия» иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ + Россия” суханронӣ карда, ба Президенти Федератсияи Россия барои иқдомашон ҷиҳати баргузории ин нишаст ва ба роҳбари кишвари мизбони Қазоқистон ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Россия мо тавонистем ба сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ноил шавем.
Аз сатҳи зарурии ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи муколамаи шашҷониба роҳандозӣ кардани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт ва иртибот, дар бахшҳои маориф, робитаҳои башардӯстона ва муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои навро зарур шумурданд.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар масъалаи таъмини амният дар минтақа, пешгирии хавфи паҳншавии идеологияи тундгароӣ, мубориза бо афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешаронӣ карданд. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таҳия ва эҷоди механизмҳои нави муборизаи муштарак бо ин хатарҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсус ва мақомоти салоҳиятдор дар минтақа таҳким дода шавад.
Вобаста ба вазъи сиёсию гуманитарӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон омодагии Тоҷикистон ҷиҳати расондани кумакҳои башардӯстӣ ба мардуми азияткашидаи афғон тавассути марказҳои логистикии кишвари мо таъкид гардид.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба зарурати таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок ва афзоиши гардиши мол таклифҳои созанда пешниҳод карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот сарони давлатҳо Изҳороти муштарак қабул карданд.