ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.  

Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ барои омода намудани кадрҳои афсарӣ бо маълумоти олии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонии иншоот соли 2020 оғоз гардида, дар муддати чор сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Барои омодасозии босифати таълим дар муассиса, тамоми шароити зарурӣ бо инфрасохторои лозима пешбинӣ шудааст.

Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ аз 7 бино иборат буда, бинои асосии он дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона, 4 толори маҷлисӣ ва утоқҳои дигар мебошад ва бо шароити муосири зарурӣ барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст.

Барои таъмини афсарон бо ҷойи хоб ду бинои хобгоҳ бо 688 кати хоб бунёд гардидааст.

Барои обутоб додани ва иҷрои машқҳои варзишӣ дар муассиса, толори барҳавои варзишӣ бо имкони ташкили бозиҳои баскетбол, волейбол ва футболи хурд бунёд шудааст.

Бинои ошхона, барои 450 нафар пешбинӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар қисмати дигари саҳни муассиса бинои меҳмонхона барои 132 нафар дар як вақт сохта шудааст. Меҳмонхона бо назардошти имконоту шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, аз 96 ҳуҷраи ва 3 маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои дигари ёрирасон иборат аст.

Дар шафати меҳмонхона бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои мутахассисон қомат афрохтааст.

Ҳамчунин барои баргузории мусобиқаҳои дигари варзишӣ майдони футболи ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Ҳамаи биноҳои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ бо системаи замонавии мутамаркази ҳавокашӣ ва гармидиҳӣ таҷҳизонида шудааст.

Саҳни иншоот пурра чароғон буда, намои он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтҳо зиннат дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълимӣ ва корию фароғатӣ даъват намуданд, ки мутахассисон ва ашхоси дигари масъулба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани афсарони болаёқат диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии иншооти мазкур бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мулоқот намуда, ба онҳо барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити дар ин муассисаи нави низомӣ муҳайёгардида ва бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон супоришҳои мушаххас доданд.

Зимнан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Чин барои кумаки бебозгашти молиявию техникӣ дар бунёди ин муассиса арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони вохӯриро бо ҷашни 30-солагии Конститутсия, ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олӣ ва арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик, ки 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба як қатор таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҷалб карданд ва барои пурзӯр намудани мубориза бо онҳо дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон зарур шумурда шуд, ки масъулини сохторҳои марбута ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Пешвои миллат ҳамчунин масъалаи пурзӯр гардонидани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллӣ – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро таъкид намуданд.

Президенти кишвар ҳадафи бунёди Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвон карданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои беҳтарини муҳайёгардида, аз ҷумла синфхонаву толорҳои муҷаҳҳази замонавӣ ва дигар шароити мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ раванди таълими мутахассисон беҳтар гардида, дар он таҷрибаи беҳтарин муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷаҳон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини муассиса супориш доданд, ки ҳангоми тайёр кардани мутахассисон ва бозомӯзиву такмили ихтисоси онҳо ба масъалаҳои хусусияти касбӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, дар зеҳну шуури шогирдон маърифату ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати мулоҳизаронӣ, таҳлили вазъият ва вобаста ба он малакаи қабули қарорҳои заруриро тарбия намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки таълимгирандагони муассисаи нави олии таълимӣ якҷо бо сохтору мақомоти дигар дар ҷодаи адои вазифаҳои хизматии худ, яъне таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ содиқонаву софдилона саъю талош хоҳанд кард.

Чоп кунед