Агар ба таърихи навини инсоният дар ду қарни охир назар андозем, ба таври аёнӣ мушоҳида мегардад, ки тӯли ин даврон танҳо он давлатҳое рушд кардаанд, ки онҳоро сиёсатмадорони дорои қобилияти баланди сарварӣ ва ислоҳотгар идора намудаанд. Аз зумраи чунин сиёсатмадорони ислоҳотгар ва сарварони муваффақ одатан Франклин Рузвелтро дар Иёлоти Муттахидаи Амрико, Конрад Аденауэрро дар Олмон, Маргарет Тэтчерро дар Англия, Дэн Сяопинро дар Чин ва Ли Куан Юро дар Сингапур номбар мекунанд [5], ки тавассути соҳиб будан ба мактаби хоси давлатдорӣ ва низоми мушаххаси идоракунӣ кишварҳои худро рушд бахшидаанд. Ҳар яке аз ин шахсиятҳо бо такя ба принсипҳои муайяни низоми давлатдорӣ, ки ба шароити даврон ва макони худ мувофиқат доштаанд, ба комёбиҳои назаррасу бесобиқа дар сарварии давлату миллати худ ноил гаштаанд.

Аз чунин нуқтаи назар, ташаккул, устуворшавӣ ва рушди давлати муосири Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ низ, бе шакку шубҳа, ба мактаби давлатдории шахсияти барҷастаи таърихи имрӯзаи мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд, ки тавассути роҳандозии принсипҳои асосии он кишвари мо ба ҳамаи ин комёбиҳо ноил гаштааст.

Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат чун қаринаҳои дигари худ, ки дар самти идоракунии давлат дар таърихи муосир зуҳур кардаанд, албатта ба принсипҳои умумии ҷумҳуриятхоҳӣ, бунёди давлати демократӣ, дунявият, халқият, ислоҳотгароӣ ва амсоли он такя мекунад. Вале баъзе унсурҳои ин мактаб ё низоми идоракунии давлатро аз амалияи сиёсию давлатдории Пешвои миллат таҳлил намуда, қабл аз ҳама, даҳ принсипи асосиро ҷудо кардан имкон дорад, ки, ба андешаи мо, чунинанд:

  1. Бунёди ҷомеаи адолатпарвар
  2. Эҳё ва рушди давлатдории миллӣ
  3. Таъмини Ваҳдати миллӣ
  4. Бунёди иқтисодиёти гуногунмоликият, рушди баробари минтақаҳо ва шаҳру деҳот
  5. Ҳалли масъалаҳои стратегӣ
  6. Маорифпарварӣ
  7. Такя ба халқ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа
  8. Ҳифзи давлат бо такя ба неруи худӣ
  9. Роҳандозии сиёсати дарҳои боз
  10. Гузаронидани ислоҳоти мунтазам дар тамоми самтҳои фаъолияти давлат ва ҷомеа.

Бунёди ҷомеаи адолатпарвар. Таъмини адолат дар ҷомеа, ки ҳамчун меъёри қонеъ гардонидани манфиатҳои бо ҳам алоқаманди фардҳо ё гурӯҳҳо ҳисобида мешавад, дар мактаби давлатдории Пешвои миллат мақоми асосӣ дорад. Аз ин рӯ аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ манфиати тамоми гуруҳҳо, минтақаҳо ва шахсони алоҳидаро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, Сарвари кишвари мо бо иқдоми шахсии хеш дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро [1; Моддаи 1], ки дар якҷоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар [1; Муқаддима], мусоидат мекунанд, пешбинӣ намуданд, ки он аз лиҳози сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ҷанбаҳои зиёди давлатсозии анъанавӣ ва муосирро дар худ фаро мегирад. Бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат тамоми арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгони моро оид ба адлу адолатпарварӣ фаро гирифта, баробарии ҳуқуқу озодиҳои тамоми сокинони кишвар ва минтақаҳои гуногуни онро дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ таҳким бахшид.

Эҳё ва рушди давлатдории миллӣ. Давлати миллӣ, чунонки маълум аст, аз ҷониби ягон миллат дар заминаи ҳудуди этникӣ ташкил шуда, бо худ истиқлолияти сиёсӣ, соҳибихтиёрӣ ва мустақилии ин халқро таҷассум менамояд. Бо Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳудудҳои сиёсиеро, ки баъд аз соли 1924 ва каме баъдтар, яъне аз соли 1929 бо талафоти зиёде аз сарзамини таърихӣ муайян гардида, ба мо ба мерос монданд, ҳамчу давлат соҳиб гардид. Дар ин сарзамин тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат давлати миллии худро эҳё намуда, бо такя ба таҷрибаи давлатдории ниёгон ва истифода аз усулҳои давлатдории муосир онро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардониданд ва шинохти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷониби аксарияти кулли кишварҳои олам сурат гирифта, роҳандозии сиёсати дохилию хориҷии мустақил ба таҳкими нишонаҳои миллате, ки ин давлатро бунёд сохтааст, мусоидат намуданд. Муҳимтарин натиҷаҳоро дар ин самт мухтасаран чунин хулосагирӣ кардан мумкин аст:

– соҳибихтиёр гаштан дар истифодаи сарватҳои табиӣ, рушди тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ умумияти ҳаёти иқтисодии миллатро таъмин сохт;

– забони тоҷикӣ чун нишонаи миллати давлатдор ба ҳайси забони воқеии давлатӣ эълон гардида, мариди истифода қарор гирифт;

– новобаста аз равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди ахлоқи миллӣ сурат гирифт;

– бозгашт ба асли мазҳабии ниёгон дар пояи ҳанафия анҷом ёфта, тамоюлҳои гаравидан ба равияҳои мазҳабии бегона боз дошта шуданд;

– ҳувият ва худшиносии миллӣ чун нишонаҳои этноси сатҳи олӣ ҳамчун мафҳум оммавӣ гашта, комилан рушд намуданд;

– барои тамоми зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии нав муайян карда шуда, маорифи миллӣ ташаккул ёфт ва ғайра.

Таъмини Ваҳдати миллӣ. Ваҳдати миллӣ ҳамчун мафҳум ва навъи фаъолият, ки тавассути он томмияти ҳаёти мардум дар таркиби як миллат ифода меёбад, барои миллати тозаистиқлоли мо хеле муҳим буд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои мо қабл аз ҳама маънии ҷавобгӯй будани миллати моро ба нишонаҳои асосии мафҳуми миллат ҳамчун иттиҳоди таърихан шаклгирифта ва устувори гуруҳи одамон дошт. Бо иқдоми Пешвои миллат ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ имкон дод, ки иттиҳоди устувори гуруҳи одамон будани миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Иқдомҳои шахсии Сарвари давлат дар самти қонунгузорӣ барои ба ҳам наздик гардидани урфу одат ва анъанаву оинҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва рушди соҳаҳои дигар мусоидат намуда, ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон боз ҳам устувортар сохтанд.

Бунёди иқтисодиёти гуногунмоликият, рушди баробари минтақаҳо ва шаҳру деҳот. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар баробари моликияти давлатию ҷамъиятӣ, моликияти хусусӣ ва бахши хусусӣ дар иқтисодиёт пайдо шуда, рушди ҷумҳурӣ дар асоси тамоми навъҳои моликият сурат гирифт. Инчунин, рушди баробари тамоми минтақаҳо, на танҳо минтақаҳои алоҳида чун дар замони шӯравӣ, ба ҷавҳари сиёсати давлатдории Пешвои муаззами миллат табдил ёфт. Сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари иқтисодии Сарвари кишвар аст, ба рушди мавзуни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Таҷдид гардидани сохтори хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва дар заминаи онҳо таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва соҳибкории инфродӣ, васеъ намудани майдони боғу токзори кишвар, ҷудо гардидани замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи фармонҳои Президенти кишвар барои рушди деҳот омили ҳалкунанда гардиданд. Ҳамзамон, бо иқдоми Пешвои миллат зимни омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ миқдори зиёди иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат, хусусан дар деҳот аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст бунёд гардида, рушди деҳотро таъмин сохтанд [4; 297-298]. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудан [2] ҳам барои ноил гаштан ба ин ҳадаф мусоидат намуд.

Ҳалли масъалаҳои стратегӣ. Стратегия, аз нигоҳи донишмандони зиёд, ин на танҳо як роҳест, ки ба музаффарият мебарад, балки ба вуҷуд овардани чунин шароитеро мефаҳмонад, ки тамоми роҳҳо ба он мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар баробари масъалаҳои рӯзмарраю ҷорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ҳалли масъалаҳои стратегӣ, яъне пайдои роҳҳои мухталифи расидан ба ҳадафҳои худ, як унсури муҳими низоми давлатдории Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, дар шароити кунунӣ баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар [2] ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ гувоҳи ҳадафманд будан ва ба дурнамо нигаронида шудани сиёсати давлатдории ин шахсияти таърихӣ ба ҳисоб мераванд.

Маорифпарварӣ. Маорифпарварӣ ба маънии васеии он, ки баъзан маърифатхоҳӣ ҳам номбар мешавад, раванде ҳисобида мешавад, ки барои бартараф сохтани нуқсонҳои ҳар гуна ҷомеа тавассути тарғиби ғояҳои адолатпарварӣ ва донишҳои илмӣ нигаронида шудааст. Аз ин нуқтаи назар Пешвои миллат дар низоми давлатдории хеш маориф ва илм, инчунин эҳё ва рушди фарҳанги миллиро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти кишвар табдил дода, собит намуданд, ки беҳтарин анъанаҳои маърифатхоҳии кишварҳои ғарбӣ ва маорифпарварони тоҷикро идома хоҳанд дод ва амалан ҳам, ба шаҳодати тамоми сокинони мамлакат, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ин амал дар сатҳи олӣ роҳандозӣ карда шуд. Зиёд гардидани теъдоди мактабҳои миллӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, таваҷҷуҳи хоссаву шахсӣ ба илм ва сарнавишти олимон, дар кишвар эълон доштани солҳои маориф ва фарҳанги техникӣ, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва амсоли он гувоҳи онанд, ки дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат маорифпарварӣ мақоми калидӣ дорад.

Такя ба халқ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории давлат, миллат ва соҳибистиқлолиро ҳамеша бо чунин омили муҳим – такя ба халқ ва садоқати он пайваста дониста, онро дар бунёди давлатдории миллӣ барои ҳар як қавму миллат ҳамчун омили калидӣ донистаанд. Ба қавли Пешвои миллат маҳз “Садоқати мардуми Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ пойдевори давлати миллиро устувор намуд”, аз ин ҷост, ки ин шахсияти барҷастаи сиёсӣ бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъматро барои хеш халқи Тоҷикистони маҳбубро донистаанд. Бо ҳамин сабаб дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамаи захираву имкониятҳои давлат сафарбар карда шуда, дастгирии занону ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, оилаҳои камбизоат, маъюбону ятимон ва дигар табақаҳои осебпазири ҷомеа бо иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат ба авҷи аълояш расид. Дар ин росто қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Сарвари худ шояд ягона давлате мебошад, ки рӯйхати комили тамоми ятимони кулл ҳамеша дар дасти мақомот ва шахсони масъул буда, ҳаёту фаъолияти онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Ҳифзи давлат бо такя ба неруи худӣ. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо сарварии Пешвои миллат Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ташкил ёфта, ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он комилан ба дӯши худи давлати тоҷикон гирифта шуд. Дар ин раванд ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд, сурат гирифта, Тоҷикистон ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфт ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гардид.

Роҳандозии сиёсати дарҳои боз. Роҳандозии усули “дарҳои боз” ҳамчун як унсури муҳимми мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон [3], ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, инчунин ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон овард. Бо сарварии бевоситаи Роҳбари давлат раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сурат гирифта, кишвари мо ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфт ва “Раванди Душанбе” ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намуд. Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ва ғайра низ ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз унсурҳои муҳимми мактаби идоракунии Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Гузаронидани ислоҳоти мунтазам дар тамоми самтҳои фаъолияти давлат ва ҷомеа. Ислоҳот, яъне таҳаввул ва дигаргунсозии муҳтаво ё шакли объекти алохидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли он як раванди мантиқию ратсионалии ҳадафнок буда, ба азнавсозӣ ва воридсозии навгониҳо ба ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст. Аз рӯзҳои аввали сарварии худ Пешвои миллат роҳи азнавсозии давлати муосири тоҷиконро пеша карда, ислоҳоти сиёсӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд ва асосҳои иқтисодии давлати моро бар пояи эътирофи тамоми шаклҳои моликият гузоштанд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвари мо таҳаввули маданӣ сурат гирифта, бо ин мақсад дар ҳама соҳаҳои фарҳангу маънавиёт азнавсозӣ ба вуқуъ пайваст [4; 295]. Рушди илму маориф, эҳёи тафаккур ва ҳувияти миллӣ, танзими ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ва амсоли он аз унсурҳои асосии мактаби давлатдории Пешвои миллат дар самти ислоҳоти иҷтимоӣ будаанд. Дар ин самт қобили зикри хос аст, ки гузаронидани ислоҳот дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарбияи фарзандон ва муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон бо қабули қонунҳои мушаххаси миллӣ дар таҷрибаи ҷаҳонии ҳуқуқӣ собиқаи худро надорад.

Хулоса, чанд принсипе, ки ҳамчун намуна аз усули давлатдории Пешвои муаззами миллат баён гардиданд, нишон медиҳанд, ки Сарвари кишвари мо дар идоракунии давлат соҳиби мактаби хосси худанд, ки дар ҷавҳари он давлатсолорӣ ва ислоҳотгароӣ қарор доранд. Аз ҷониби дигар, халқият, яъне такя ба халқ ва дастгирии халқ муҳтавои асосии ин мактаби идоракунии давлатиро ташкил медиҳанд. Дар ин росто бояд зикр намуд, ки баъзе ҳодисаҳои дар як қатор кишварҳо солҳои охир рухдода нишон доданд, ки аз ҳам гусастани давлату халқ ба мушкилоти сангине меорад. Аз ин рӯ, мо, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, бояд аз давлати соҳибистиқлоле, ки воқеан ҳам маҳсули татбиқи принсипҳои мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва кафили ягонаи вазъи оромию осудагӣ дар шароити муосир ба ҳисоб меравад, самимона шукргузорӣ намоем ва ҳамеша барои ҳамбастагию ягонагӣ бо давлату ниҳодҳои он талош варзида, ба қадри заҳматҳои президенти муваффақи худ, сарвари давлатсози хеш ва ин шахсияти намоёни таърихӣ дар таърихи навини миллатамон бирасем.

АДАБИЁТ

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 // http://president.tj/node/19088 (санаи муроҷиат: 02.11.2021).
  2. Раҳмон Э. Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ аз 08.09.2021 // http://president.tj/node/26483 (санаи муроҷиат: 02.11.2021).

4. Раҳмонзода А.А. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон // Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз.- Душанбе, 2020.- №4(72).- С. 294-306.

5. Самые великие политики-реформаторы XX века // https://medium.com/eggheado-history/xx-a9c88440cbba (санаи муроҷиат: 12.10.2021).

 

ЗИЁӢ ХУРШЕД МАХШУЛЗОДА,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед