Истиқрори сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст.
Ҳанȳз дар иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ, ȳ ба қатъият чунин изҳор намуда буд:
«Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям».
Маҳз бо шарофати ҷонбозиҳои ȳ раванди мусолиҳаи миллӣ шурȳъ гардид ва ба маҷрои худ ворид шуд. Сафарҳои Сарвари давлат ба минтақаҳои даргири кишвар ва мамолики ҳамсоя, ки ба саломат боз гаштани ȳ чандон эътимоду боварӣ набуд, мулоқотҳои Пешвои миллат бо оммаи васеи халқ, суҳбатҳои фардиву гуруҳиаш бо шахсони алоҳидаи ҷомеа, эътимоди аҳли ҷомеа, бахусус тарафҳои даргирро ба сиёсати пешрафтаи ȳ торафт зиёд карда, барои сари мизи музокирот нишастани тарафҳо мусоидат намуд.
Вале ин ҳанȳз ибтидои кори пурмашаққати Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Сарвари Олии давлат дар роҳи расидан ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ буд. Танҳо 27-уми июни соли 1997 ҳуҷҷати барои тоҷикон ва Тоҷикистониён муҳимтарин «Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари «Иттиҳодияи мухолифини тоҷик», Саид Абдуллои Нурӣ имзо гардид.
Аз он рȳзе, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид 23 сол сипарӣ гашт. Дар тȳли бисту се сол мардуми сулҳофару бунёдкори мо 27-уми июнро ҳамчун санаи муқаддас, Рȳзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирад.
Тоҷикистон, зинда бошад миллатат,
Парфишон, поянда сулҳу ваҳдатат.
Дар он лаҳзаҳои мушкил ҳама мададгору ҳомие меҷуст, то миллату давлатро аз хатари нестшавӣ наҷот бахшад. Дар он давраи тақдирсоз зимоми идораи миллату давлатро, ки дар вартаи ҷанг қарор дошт на ҳар кас метавонист ба даст гирад. Танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи ҷуръатро бар сари минбари сиёсат баровард.
Дар бораи рȳйдодҳои музаффариятбахши мардуми тоҷик бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо аз шарофати ваҳдат агар суханронӣ намоем, як шоҳкитоберо мемонад, ки бо саҳифаҳои нотакрори худ барои фардоомадагон чун дастур хизмат хоҳад намуд.
Хотимасухани худро мехоҳам бо он ибораҳои заррине, ки дар шоҳасари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» омадааст, анҷом бахшам:
«Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шȳъла бардорем. Вазифаи пуршарафи насли имрȳзаи мардуми Тоҷикистон хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлолият ва ваҳдати миллии давлатро мустаҳкам намуда, шоҳроҳи пешрафти халқро ба суйи ояндаи шукуфон боз кунанд.
Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ «ҳадяи бебаҳои таърих» буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он аз масъулияти наслҳои имрȳза вобастагии калон дорад.
Ман ҳамчун як фарди ватандȳст даъват ба амал меоварам, ки ин суханҳои заррин бояд сармашқи зиндагии ҳар як тоҷик ва Тоҷикистонӣ қарор бигиранд.
Бо килки меҳри хеш Худованди меҳрубон,
Бар қалбҳои мо сухани оштӣ навишт,
Дар байни издиҳоми балохезӣ мардумон,
Шоҳболи бахт ёфт, яке марди хуш сиришт,
Аз сеҳри нусраташ бидамид офтоби бахт,
Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шуд,
Қавме, ки тарк кард Ватанро зи чор сȳй,
Чун турна сȳйи маншаи гармӣ қатор шуд.
Исроил Файзов,
коршиноси Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон